Қонуни тиб

Саргаҳи асабҳо, ба ваҷҳе, ки маълум аст, мағз ва саранҷоми бахшшавии онҳо пӯст аст. Ба ростӣ, аз асабҳои андомҳои ҳамҷавори пӯст як лифи борике бо пӯст омехтааст, ки андар рӯи он густурда бошад.
Мағз бар ду рӯй сарчашмаи асаб аст. Вай бархе аз асабро ба зот сарчашма аст ва бархе дигарро ба миёнҷии ҳароммағзе, ки аз он берун ояд.
Аз асабҳое, ки аз худи мағз растаанд, ҷуз андомҳои сар, рӯй ва дарунӣ бархурдори ҳиссу ҳаракат нестанд. Аммо дигар андомҳо ин дуро аз асабҳои ҳароммағз бипазиранд.
(54) Ҷолинус ба ғамхории бузурге ишорат кардааст, ки ба бахше аз асабҳои ба сӯи андомҳои дарунӣ фурудояндаи мағз хос аст. Ба ростӣ, Офаридгор барои ҳифзи онҳо ба андозае эҳтиёткориро раво доштааст, ки андар дигар асабҳо раво надорад, зеро онҳо чун аз сарчашма дур мешаванд, воҷиб омад, ки ба онҳо устувории бештар дода шавад. Бинобар ин [Офаридгор] онҳоро бо ҷирме пӯшонид, ки андар қивом миёни асаб ва куркурак биистад [ва] ҳар намудеро, ки андар ҷирми асаб ҳангоми печидан рӯй бидиҳад, ба худ хоҳад гирифт. Ин андар се ҷой вуҷуд дорад:
яке андар наздикии ҳанҷара; дуввум ҳангоме, ки [асаб] ба буни устухонҳои паҳлу бирасад; ва севвум ҳангоме, ки аз ҷойгоҳи сина гузар кунад.
Як қисм аз асабҳои дигари аз мағз фурӯдоянда, ки манфиати онҳо аз бахшидани ҳис иборат аст, аз саргаҳи худ рост ба андоми қасдшуда гузаранд, чунки рост гузаштан онҳоро зудтар ба мақсад бирасонад ва андар ин ҳол таъсире, ки аз сарчашма фоиз бигардад, қавитар хоҳад буд.
Агар андар асабҳои ҳиссӣ ворид шудани сахтие, ки аз барои фурудомада дур шудан аз гавҳари мағз мавриди эҳтиёҷ аст, ҷой намедошт, мушобиҳати он андар нармӣ ба он чи ки андар асабҳои ҳаракатдиҳанда ворид аст, тадриҷан аз байн мерафт.
Балки асабҳои ҳиссӣ ҳар андоза нармтар бошанд, ҳамон андоза ба қувваи ҳис ҳозирҷавобтар хоҳанд буд.
Асабҳои ҳаракатдиҳанда баъди масофаҳое рӯ ба мақсад ниҳодаанд, ки барои дур шудан аз сарчашма онҳоро тай кунанд ва тадриҷан сахт шаванд. Ҳар як аз ду синфро андар кори ба миқдори зарурӣ сахт ва нарм шудани он гавҳари сарчашмааш ёрӣ бирасонад, чунки бештари он асабҳое, ки бахшандаи ҳиссанд, аз пешгоҳи мағз растаанд ва он бахше, ки пешгоҳи мағз аст, андар қивом нармтар аст ва бештари асабҳое, ки ҳаракатдиҳандаанд, аз бахши пасини мағз растаанд ва бахше, ки он паси мағз аст, андар қивом сахттар бувад.
Фасли дуввум андар ташреҳи асабҳои аз мағз раста ва роҳҳои онҳо
Аз мағз ҳафт ҷуфт асаб растааст. Саргаҳи ҷуфти якум аз
даруни ҳар ду шиками пешини мағз – аз ҷавори ду фузуние
рӯидааст, ки ба ду сари пистон монанд буда, бӯидан бадонҳо бувад. Ин [ҷуфти асабҳо] бузург ва миёнтиҳиянд. Он
[асабе] аз ин ду, ки аз сӯи чап растааст, ба сӯи рост ва он
[асабе], ки аз сӯи рост растааст, ба сӯи чап омада, ҳамдигарро ба чалепо бибуранд. Сипас оне, ки аз сӯи рост растааст, ба чашми рост ва оне ки аз сӯи чап растааст, ба чашми
чап андароянд. [38] Даҳонаҳои ҳар ду фарохтар шуда, гирди тариеро фаро бигиранд, ки «обгинаӣ» ном дорад. Касоне аз ғайри Ҷолинус гуфтаанд, ки ин ду ба буриши чалепо аз ғайри хам гаштан нуфуз кунанд. Се манфиате ёд шудааст, ки ба вуқӯъи ин буриш вобаста аст:
- якум рӯҳе, ки ба сӯи яке аз ду ҳадақа ояд, ҳангоми дучор шудан ба ягон офате аз омадан ба сӯи дигарӣ боз дошта набошад. Бинобар ин, яке аз ду ҳадақа вақти пӯшида будани дигарӣ қавитар бигардад ва агар ҳангоме бинад, ки дигарӣ набинад, равшантар хоҳад дид. Бинобар он, ҳар гоҳ дигариро бипӯшанд, сӯрохии табақаи ангурмонанд фарохтар гардад ва ин ба иллати сахт равон шудани рӯҳ ба сӯи он бувад;
- дуввум барои он ки то ҳар ду чашмро як ҷойгоҳе бошад, ки шабаҳи он чиро, ки дида бошанд, бад-он ҷой бирасонанд. Андар он ҷой биниши ҳар ду чашм ба ҳам муттаҳид ва як бигардад, то шабаҳ андар ҳадди муштарак зоҳир шавад. Бинобар он, касони аҳвал як чизро ду бинанд, зеро яке аз ду ҳадақаи [онҳо] ба барсӯ ва ё ба фурӯсӯ гашта, ба иллати он ростии гузаргоҳ ба сӯи буриш аз байн биравад ва шикасти асабро пеш аз ҳадди муштарак ҳадде падид ояд;
- севвум барои он ки як асаб бар дигараш эътимод намуда, ба он такя кунад ва чунон шавад, ки гӯӣ аз наздикии ҳадақа рӯидааст.
Ҷуфти дуввуми асабҳои мағз аз паси саргаҳи ҷуфти нахустин бо гароидан ба сӯи берун растааст ва аз сӯрохии косахонае, ки ғӯзаи чашмро шомил аст, берун омада, андар мушакҳои ғӯзаи чашм тақсим шавад. Ин ҷуфт бисёр ситабр аст, то ки ситабрии он нармиеро, ки ба сабаби наздик буданаш ба саргаҳ онро воҷиб аст, муқовимат кунад ва бар ҳаракат додан тавоно бошад, хоссатан, ки ӯ бе ёридиҳанда аст. Чунки [ҷуфти] севвум ба ҳаракат додани андоми бузург, яъне зерманаҳ, машғул аст ва аз он [қувваи] зиёдатие боқӣ нест, баръакс, [худи он], ҳамон тавре ки ёд хоҳем кард, ба ёридиҳанда ниёзманд аст.
(55) Саргаҳи ҷуфти севвум ҳадди муштараки миёни бахши пешини мағз ва бахши пасини он, [яъне] аз назди пойгоҳи мағз бошад. Он нахуст бо ҷуфти чаҳорум каме омехта шудааст ва боз аз вай ҷудо шуда, бар чаҳор шоха гардидааст:
- Як шоха аз даромадгоҳи раги хоб, ки баъд ёд хоҳем кард, берун омада, аз сӯи гардан фуруд ояд ва аз ҳиҷоб гузашта, андар андомҳои дарунӣ, ки андар фурӯсӯви ҳиҷобанд, пароканда шавад.
- Баромадгоҳи бахши дуввум аз сӯрохии устухони гиҷгоҳист. Ин [шоха] чун ҷудо гардад, ба асаби аз ҷуфти панҷум ҷудошуда, ки ҳоли онро мо ёд хоҳем кард, бипайвандад.
- Як шохаи [дигар] аз сӯрохии ҷуфти дуввум берун ояд, чунки мақсади он андомҳои андар пешгоҳи рӯй ҷойдошта буда, агар аз гузаргоҳи ҷуфти якуми миёнтиҳӣ мегузашт, хуб намешуд ва шарифтарин асабро заҳмату фишор оварда, тиҳигии онро барҳам медод. Ин шоха чун ҷудо шавад, бар се бахш гардад. Як бахш ба сӯи гӯшаи чашм гарояд ва ба мушакҳои ҳар ду гиҷгоҳӣ, хоидан, абрӯ, пешонӣ ва пилки чашм бипайвандад. Бахши дуввум андар сӯрохие, ки андар гӯшаи чашм офарида шудааст, фурӯ рафта, аз он ҷо ба андаруни бинӣ фуруд ояд ва бо табақаи остарии бинӣ биомезад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё