Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Аммо мушакҳое, ки сутунмуҳраро ба сӯи пас хам диҳанд, [35] бо номи «мушакҳои сутунмуҳра» махсус гаштаанд. Онҳо ду мушакеанд, ки ҳар яке аз онҳо аз бисту се мушак фарози ҳам омадаанд, зеро аз ҳар як муҳра, ба ҷуз аз муҳраи нахустин, як мушак бармеояд, чунки аз ҳар муҳрае як лифи вуреб ояд. Ҳар гоҳ ин мушакҳо ба эътидол кашида шаванд, сутунмуҳра рост биистад ва ҳар гоҳ ба ифрот кашида шаванд, сутунмуҳра ба сӯи пас бигарояд. Ҳар гоҳ мушакҳое, ки андар як сӯянд, ҳаракат кунанд, сутунмуҳраро ба он сӯ майл диҳанд.
Мушакҳое, ки [сутунмуҳраро] ба сӯи пеш хам диҳанд, ду ҷуфтанд. Як ҷуфтест, ки андар забар ниҳода шудааст ва он аз ҷумлаи мушакҳои сару гарданро ҳаракатдиҳанда буда, аз ду бари сурхной бигузаранд. Сари забарини онҳо ба сӯи сар ва гардан ояд ва сари зерини онҳо андар бархе ба панҷ муҳра аз муҳраҳои барсӯвини сина ва андар бештари мардумон ба чаҳор муҳра бипайвандад. Ҷуфти дигар андар зери ин ниҳода буда, «мушакҳои ҳар ду бари миён»
ном доранд. Ҳар ду аз муҳраи даҳум ва ёздаҳуми сина баромада, ба поин фуроянд ва сутунмуҳраро фурӯ оварда, хам созанд. Барои ҳаракатҳои миён вуҷуди ин мушакҳо кифоят аст, зеро [миён] ҳангоми ба пеш, ба пас ва ба бар хам шудан ба ҳаракати ду сари [мушакҳо] мутобиат кунад.
(50) Фасли бисту якум андар ташреҳи мушакҳои шикам

Мушакҳои шикам ҳаштоанд ва онҳо андар [чанд] манфиат ба ҳам муштараканд: яке аз онҳо ин ки ба вақти фишурда баровардани бирозу пешоб аз андарун ва ҷанинҳо аз заҳдон ёрӣ диҳанд; дигар ин ки ҳиҷобро ба вақти аз барои бод дамидан фишурда шудан ёрӣ диҳанд; [севвум] ин ки меъда ва рӯдаҳоро гарм нигоҳ доранд.
Аз ин ҳашт мушак як ҷуфт мушаки рост аз наздики куркураки ханҷарӣ рост фурояд. Лифи онҳо ба дарозо то зиҳор бирасад ва каронаи онҳо андар мавзеи наздики [зиҳор] густариш ёбад. Гавҳари ин ҷуфт аз сар то бун гӯштист. Ду мушаки [дигареанд], ки он дуро ба паҳноӣ бибуранд ва ҷои онҳо бар рӯи пардаи бар тамоми шикам густарида ва андар зери ду мушаки ба дарозо хобида бувад. Буриши андар миёни лифи ин ду ва лифи аввалиҳо ҷойдошта буришест бар кунҷи рост. Ду ҷуфт мушак ба вуреб буда, як ҷуфт аз сӯи рост ва як ҷуфт аз сӯи чап бошад. Ҳар як ҷуфт аз ду мушаке иборат аст, ки аз сари паҳлуҳои [дурӯғин] ба зиҳор ва аз тиҳигоҳ ба куркураки ханҷарӣ ба таври чалепо якдигарро буридаанд. Тарафи ҳар ду фард яке аз рост ва дигаре аз чап андар наздикии зиҳор ва тарафи ду фарди дигар ба наздикии куркураки ханҷарӣ ба ҳам бипайванданд. Ин ду ҷуфт андар ду сӯ бар қисматҳои гӯштии ду мушаки тарвоза вазъ шудаанд.
Ин ду ҷуфт то ҷое, ки ба мушакҳои рост бо ватарҳои паҳни пардамонанди [худ] мепайванданд, гӯштӣ буванд. Ин ду ҷуфт бар забари ду мушаки тӯлонии бар забари ду мушаки паҳн хобида ниҳода шудаанд.
Фасли бисту дуввум андар ташреҳи мушакҳои ҳар ду хоя

Мушакҳои хояи мардон чаҳорто ва аз баҳри онанд, ки
хояҳоро муҳофизат карда, онҳоро бардошта бидоранд, то сусту овезон набошанд. [Бинобар он], ҳар як хояро як ҷуфт му

шак лозим омад. Аммо занонро бошад, як ҷуфт мушак, яъне барои ҳар як хоя як мушак кифоят аст, зеро хояҳои эшон мисли хояҳои мардон овезон ва барҷаста нестанд.
Фасли бисту севвум андар ташреҳи мушакҳои обгаҳ

Бар даҳонаи обгаҳ як мушак аст, ки гирдогирди онро фаро гирифта, лифҳояш паҳн буванд. Манфиати вай нигоҳ доштани пешоб то ҳангомест, ки хоста шавад. Ҳар гоҳ рехтани он хоста шавад, ин [мушак] аз фишурдагии хеш ба сустӣ гароида, мушакҳои шикам обгаҳро фишор бидиҳанд ва пешоб ба ёрии [қувваи] ронанда берун ояд.
Фасли бисту чаҳорум андар ташреҳи мушакҳои нара

Мушакҳое, ки нараро ба ҳаракат оваранд, ду ҷуфтанд. Мушакҳои як ҷуфт бар ду сӯи нара ниҳодаанд ва ҳар гоҳ ки кашида шаванд, маҷрои нараро фароху таранг ва гузаргоҳро рост кунанд ва манӣ ба осонӣ аз он бигузарад. Як ҷуфти [дигар] аз устухони зиҳор растааст ва ба буни нара ба вуреб пайвастааст. Ҳар гоҳ ин ҷуфт ба эътидол кашида шавад, афзор рост биистад ва агар сахттар кашида шавад, нараро ба сӯи пушт майл диҳад. Ҳар гоҳ кашидашавӣ якеро ориз бигардад, [нара] бад-он сӯ бигарояд.
Фасли бисту панҷум андар ташреҳи мушакҳои мақъад

Мақъад чаҳор мушак дорад. Яке аз онҳо мушакест, ки андар даҳони он ҷой дошта, бо гӯшти он сахт ва ба тавре омехтааст, ки ба омезиши мушакҳои лаб [бо гӯшти он] монандӣ дорад. Ин даҳони мақъадро дарҳам бикашад ва бо фишурдан боқимондаҳои бирозро аз он берун андозад. Мушаки дигаре аз ин дарунтар ва андар қиёс ба сари инсон бар забари он ҷойгир аст. Чунин гумон биравад, ки он дорои ду сар аст ва ҳар ду сари он ба ҳақиқат ба буни нара пайваст буванд. Як ҷуфти [дигар] ба вуреб бар забари ҳама ниҳодааст. Манфиати онҳо ин аст, ки мақъадро ба фароз кашида доранд ва берун омадани мақъад ба иллати суст шудани ин ду [мушак] бувад.
Фасли бисту шашум андар ташреҳи мушакҳое, ки ронро биҷунбонанд

(51) Бузургтарини мушакҳои рон нахуст онҳоест, ки ронро боз кунанд ва сипас онҳоест, ки вайро таҳ кунанд, аз баҳри он ки шарифтарин корҳои онҳо ин ду ҳаракат аст ва боз кардан бартар аз таҳ кардан бувад, чунки бархостан ба боз кардан вобастааст. Баъд мушакҳои дурсозанда, сипас мушакҳои наздиковаранда ва баъди он мушакҳои даврдиҳанда оянд.
Аз ҷумлаи мушакҳои бозкунандаи пайвандгоҳи рон як мушакест, ки аз ҳамаи мушакҳои тан бузургтар буда, бар устухони зиҳор ва сурин густаридааст ва тамоми ронро аз дарун ва аз пас печида, то ба зону расидааст. Лифи он дорои саргаҳҳои гуногун аст ва бинобар ин корҳои он низ ба навъҳои гуногун ҷудо шаванд. Чунки саргаҳи бархе аз лифҳои он аз поёни устухони зиҳор буда, [ронро] ба сӯи дарун майл дода, боз кунад, саргаҳи баъзеи [дигар] лифҳои он аз ин каме фарозтар буда, ронро танҳо ба фароз бармедорад; саргаҳи баъзеи дигар аз он ҳам хеле фарозтар аст ва он ронро ба сӯи дарун майл дода, ба фароз бармедорад; саргаҳи баъзеи дигари лифҳои онҳо аз устухони сурин буда, ронро рост ва дуруст боз кунад.

пешина
аз 1215
навбатӣ