Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Онҳо бояд ҳатман ниҳоят зудоянда ва омехта бо доруҳои уфунатовар бошанд.
Бархе аз сурмаҳое, ки аз барои [нохуна] санҷидашудаанд, инҳо мебошанд: шиёфи трахумотиқун, ҳар ду қалқатор, шиёфи қайсар, шиёфи босалиқуни тез, рӯшноӣ ва динорҷун. Ҳамаи инҳо андар Қарободин навишта шудаанд.
Низ барои ин [беморӣ] чунин дору санҷидашуда аст: ба андозаи баробар миси сӯхта, қалқадис ва талхаи нарбузро гирифта, аз онҳо шиёф бисозанд. Ё аз қалқадис ва намаки андаронӣ як бахшӣ ва аз самғ ним бахш гирифта, бо хамр шиёф созанд. Ё миси сӯхта, қалқанд, пӯстлохи бехи кабар, навшодир ва талхаи нарбуз ва ё говро бо ангубин, ё ангубинро танҳо бо талхаи буз, ё аз ҳар яки оҳанрабо, зангор, гили мағра ва уша ду бахшӣ ва аз заъфарон як бахш гирифта, ба ҳар як уқияи инҳо як қутулӣ ангубин [биомезанд].
Инчунин аз қалқанд ва навшодир [66] мумкин аст сурмае омода сохт, ки бисёр аҷиб аст.
Яке аз чизҳое, ки барои нохуна санҷидашуда аст ва таъсираш қариб ба андозаи таъсири пӯстканӣ бирасад, ин аст, ки сафоли ғазораҳоро гирифта, сири онро бирезонанд ва онро совида, нарм суда кунанд. Сипас онро бо равғани донаи каду192 сиришта, ҳар дуро якҷоя бисованд. Сипас милро андар он дароварда, аз он дору бигиранд ва пайваста ҳар рӯзе чанд бор бар нохуна бимоланд, зеро ин [дору нохунаро] тунук карда, нест кунад. Пеш аз истеъмоли [ин] доруҳо [бемор] бояд худро бар бухори оби гарм бидорад ва ё ба гармоба бидарояд, то ки чашм гарм шуда, рӯяш сурх бигардад.193 Гоҳе (128) агар кундурро суда, андар оби гарм то муддати як соат тар кунанд ва онро полида, бар чашм бикашанд, барои нохунаи сабук судманд бувад.194 Фасли дувоздаҳум андар баёни хунпечидагӣ

Ин нуқтаи хуниест, ки тозааш сурх ва куҳанаш моил ба кабудию сиёҳӣ буда, аз бархе рагҳое андар чашм шорида аст, ки ба сабаби масалан, кӯфтагӣ ва ё ба сабаби дигаре аз қабили пурӣ ва ё омоси сароваранда кафида бошанд. Аз ҷумлаи [ин сабабҳо] мумкин аст дод гуфтан ва ҳаракати сахт бувад. Гоҳе мумкин аст ин [беморӣ] аз ғалабаи хун андар рагҳо ба амал ояд. Гоҳе бар асари хунпечидагии ба сабаби кӯфтагӣ буда, шикофтагии борике андар ҳадақа падид ояд. Он шикофтагие, ки андар табақаи пайвасткунанда ба амал ояд, беосебтар бувад.
Илоҷ: Бар [хунпечидагӣ] хуни кабӯтар, бутемор, фохта ва кабӯтари саҳроӣ, хусусан аз зери бол гирифтаи онро бичаконанд Агар ҳангоми оғози [беморӣ] бошад, бо он баъзе аз доруҳои пасгардонандаи [модда] аз қабили гили бо номи «қимулиё» маъруф ва гили арманӣ биомезанд. Аммо андар поёни [беморӣ] доруҳои ҳалкунанда ва ҳатто зирниху гили набишта [низ] ҳамроҳ кунанд.
Гоҳе [хунпечидагиро] бо шири зану кундур ва [ё бо] оби шӯре, ки хусусан андар он намаки андаронӣ ва ё навшодир гудохтаанд, муолаҷа кунанд ва хусусан ба изофаи он кундур афканда, бар [хунпечидагии] куҳан бичаконанд.
Шиёфи динорҷун аз барои ин ниҳоят судманд аст ва низ доруе [нофеъ бошад, ки ба сифати зерин] бувад: аз санги мурч ва анзарут бахшҳои баробар ва якчанди ҳамаи

он зирних гирифта, гоҳе бо онҳо намаки андаронӣ биомезанд ва сипас аз онҳо шиёф созанд.
Гоҳе [хунпечидагиро] аз берун бо ишхори сӯхта ҳамроҳи хамр ва ё сирко зимод кунанд. Ҳамчунин саргини кабӯтарро бо сирко ва ё хамр, ё мавизи донааш гирифтаро танҳо, ё бо сирко ва ё бо дигар чизҳои ёдшуда хусусан ҳангоме [ба кор баранд], ки омос ҷой дошта бошад. Низ панири тозаи камнамак, нони нав, пӯсти турб, шоҳафсар бо хуни сиёвушон, бехи ширинбаён,195 заъфарон, наск бо равғани гул ва зардии хояро [ба кор баранд]. Худро бар [бухори] обе бидоранд, ки андар он зуфо ва саътар ҷӯшонида бошанд, ё бо ин [об], ё бо сиркое, ки андар он хокистар ҷӯшонидаанд, ё бо шири сабр таркарда, ё бо оби кожираи даштӣ ё бо таркардаи заъфарон, ё бо обе, ки андар он бобунаю шоҳафсар ҷӯшонидаанд, ё бо фишурдаи ҳар дуи инҳо ва ё бо пухтакови барги каранб гармибандӣ кунанд ва ё барги каранбро пухта, бикӯбанд ва зимод кунанд.
Аз барои хунпечидагии қавии дерина бо хардал ду чанди он дилаи анҷир196 омехта, ба шакли зимод ба кор баранд, ё бо зирнихи андар шир гудохта ва ё бо анори андар шароб пухта зимод кунанд, ё нонхоҳ ва ё зуфоро бо шири гов [зимод созанд]. Агар ҳамроҳи хунпечидагӣ андар табақаи пайвасткунанда шикофтагӣ падид омада бошад, зира ва намакро хоида, бо оби даҳон бар вай бичаконанд. Барги бедро агар зимод кунанд, сахт судманд бувад.
Фасли сездаҳум андар баёни ашкравӣ

Ин чунин иллатест, ки ҳангоми он чашм пайваста бо рутубати обие тар бошад ва гоҳе ба шакли ашк ҷорӣ шавад. Гунае аз он модарзодӣ ва гунае аразист. Бахше аз аразӣ ба ҳангоми тандурустӣ лозим ояд ва бархе ба ягон беморӣ вобаста буда, чун он беморӣ биравад, ин ҳам биравад, чунонки ҳангоми табҳо чунин бошад. Сабаби ашкравии аразӣ нотавонии қувваи нигоҳдоранда ва қувваи гуворандаи пазонанда бувад ва ё норасоии гӯшаи дарунии чашм аст, ки ё табиатан, ё ба сабаби истеъмоли ягон доруи тез ва ё баъд аз буридани нохуна [ба амал омада бошад]. Саргаҳи ин рутубатҳо мағз аст ва аз он ба воситаи яке аз ду роҳи борҳо ёдоваришуда ба сӯи чашм ҷорӣ шаванд. Он ашкравие, ки модарзодист ва ё баробари аз бех буридани гӯшаи чашм ба амал омадааст, шифо намеёбад. Ашкравиҳое, ки ҳангоми табҳо ва бемориҳои тез падидомада бидуни ягон иллате вуҷуд доранд, ба сабаби офатҳои мағзӣ ва ё омосҳои мағз ориз шудаанд. Гоҳе аз миёни табҳои якрӯзӣ ҳангоми табҳои бехобиоваранда [ашкравӣ] ба амал ояд ва гоҳе ҳангоми табҳои гандаи хунӣ бисёр рӯй диҳад.
Мумкин аст ашкравӣ ҳангоми ба амал омадани тамаддуд зиёд шавад. Ҳамаи инҳо аз ҷинси ашкравии аразӣ ва зудгузар буда, тобеъ ба беморист. Чун он биравад, ин низ биравад.
Илоҷ: Қонуни муолаҷаи ин (129) ба кор бурдани доруҳои ба таври муътадил қабзкунанда аст. Аммо илоҷи он ашкравие, ки аз паи буридани нохуна ва ё хӯрда шудани он ба сабаби ягон доруе ба амал ояд, [ба кор бурдани] хокаи зард, қурсҳои заъфарон, шиёфи сабр ва шиёфи заъфарон бо банг бувад. Бояд бар худи гӯшаи дарунии чашм кундур, сабр, момисо ва заъфарон бикашанд ва ё хусусан [кундурро] дуд биандозанд.

пешина
аз 1215
навбатӣ