Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Навъи дигари сурмае, ки сахт хуб аст: чаҳор мисқолӣ аз қалқатор ва мозуи сабз гирифта, андар об ҳал кунанд ва як чанд бор онро ба кор баранд.
[Доруҳои] дигар: Як бахшӣ мозу ва ақоқиё ва ним бахш қалқандро гирифта, бо оби лола бисованд [ва андар чашм кунанд]. [Кашидани саргини кабӯтар ва гунҷишк низ ҳамчунин бувад]188.
Фасли даҳум андар баёни сабал

Сабал пардаест, ки чашмро аз дамидани рагҳои андар сатҳи табақаҳои пайвасткунанда ва шохгун намудор ориз гардад ва андар миёни ин ду [табақа] чизе ба гунаи дуд бофта гардад. Сабаби ин [беморӣ] пурии он рагҳо буда, ин пурӣ аз моддаҳое ба амал омадааст, ки ё аз тариқи пардаи берунӣ ба сӯи ин рагҳо ҷорӣ шудаанд ва ё аз тариқи пардаи андарунӣ ба сабаби пурии сар ва сустии чашм бадин сӯй омадааст. Мумкин аст аз сабаби сабал хориш, ашк ва парда ориз бигарданд, чашм аз нури офтоб ва чароғ ранҷ бинад ва аз ҳар ду заиф бигардад, зеро ӯ ранҷур ва ошуфта буда, аз ҳар чизи ба сӯяш расида озурда бигардад. Гоҳе чунин рӯй диҳад, ки чашми ба сабал гирифтор хурдтар гардад ва ҷирми сиёҳияш бикоҳад. Сабал яке аз бемориҳои ирсӣ ва гузаранда бувад.
Нишонаҳо: Нишонаи он сабале, ки саргаҳаш пардаи беруна аст, сахт пур шудани рагҳои берунӣ, чунонки мо инро борҳо ёд кардем, сурх шудани рӯй ва андар гижгоҳиҳову қарния падид омадани тапиши сахт бувад. Нишонаҳои гунаи дигари [сабал] он чизест, ки ҳамедонӣ ва хилофи [нишонаҳои аввалӣ] буда, бароят андар Қонун баён карда шуд.
Илоҷ: Ҳангоми ин [беморӣ] худованди он бояд аз миёни чизҳои мо ёдкарда аз он чизҳое парҳез кунад, ки худованди назлаҳои чашм аз онҳо парҳез кунад ва он чизҳоро ҳоло ба такрор намеорем. Бояд он чи ки аз доруҳои истифроғ ва доруҳои поккунанда ёд кардаем, ба кор бибаранд ва аз молидани равғанҳо ва зимодҳо бар сар парҳез кунанд. Ба бинӣ дору афкандан ҳам нохуш дониста шудааст, вале ба фикри ман агар сар пок бошад, аз пардохтан ба ин [муолаҷа] ҳеҷ боке нест. Ҷолинус рухсат додааст, ки ба чунин бемор шароб дода ва баъди он ӯро бихобонанд, ба шарте ки танаш пок буда, андар бадану сари ӯ ягон моддае набошад. Эҳтимол ин мувофиқи сабали сабук бошад, вале сабали қавиро аз чидан бениёзӣ нест. Беҳтарин тариқаи чидан он бошад, ки риштаҳои зиёдеро аз зери рагҳо бигузаронанд. Чун ба дараҷаи кофӣ расид, онҳоро ба боло бикашанд, то сабал бардошта шавад. Сипас онро бо дукорди сараш тез тавре бичинанд, ки чизе аз он боқӣ намонад. Баъд тадбиреро ба кор баранд, ки оид ба пешгирӣ кардан аз сабзиш андар боби нохуна ёд карда шуд. Агар бар асари чидан чашм дард кунад, зардии хояро аз он канда накунанд, зеро он шифобахшандаи ӯст. Баъд аз он шиёфи сурх ва сабзро ба кор баранд, то ки боқимондаи сабал ҳал бигардад ва чашм пок шавад. Беҳтарин ҳангом барои чидан фасли баҳор ва хазон аст, валекин бояд баъд аз пок кардану истифроғ овардан [чунин кунанд], зеро андар акси ҳол дард фазлаҳоро ба сӯи чашм бигардонад.

Аммо доруҳои аз барои сабал судманд бад-ин гунаанд, ки (127) аксар вақт нави онҳо судманд аст. Он чи ки андар ин бобат санҷидашуда аст, пӯсти хояи тозаест, ки нав аз мурғ афтида бошад. Онро даҳ рӯз андар сирко биҷӯшонанд, сипас онро равшан кунанд, андар соя бихушконанд ва совида андар чашм бикашанд. [Низ] яке аз чизҳои санҷидашуда сурмаи хокистарии чашм аст, ки бо он як чанди худаш морқашишо ҳамроҳ кунанд. Дигар доруи санҷидашуда ба кор бурдани сурмаи чашм бо пешобест, ки андар он ба муддати як рӯз хокаи миси қубрусӣ ниҳода бошанд. Аз доруҳои мураккаб шиёфи истифтиқон,189 шиёфи сурхи тез, шиёфи сабз, трахумотиқун, шиёфи рӯсӯхта ва доруи мағнотисро [ба кор баранд], ки ҳамаи инҳо андар Қарободин ёд шудаанд. Инчунин шиёфи замч ва гулнорро190 [ҳам ба кор баранд]. Агар сабал ба гар бипечад, барои он шиёфи тутум санҷидашуда аст. Ин шиёфест, ки танҳо аз тутум бисозанд ва гоҳе андар он каме самғ ва ё анзарут изофа намуда, ба чашм бикашанд. Ин [шиёф] сабалро қатъ кунад ва гарро бирезонад.
Фасли ёздаҳум андар баёни нохуна

Ин фузунии табақаи пайвасткунанда ва ё фузунии пардаи гирди чашмро гирифта буда, андар бештари ҳолатҳо аз гӯшаи дарунии чашм оғоз ёфта, ҳамеша бар табақаи пайвасткунанда густариш ёбад. Гоҳе мумкин аст қарнияро бипӯшонад ва рӯи онро ба ҳадде бигирад, ки ҳатто шикофтагиро ҳам паноҳ кунад. Гунае аз он сахттар ва гунае нармтар аст. Гоҳе мумкин аст зардранг, гоҳе сурхранг ва гоҳе тираранг бошад. Навъе аз нохуна ба табақаи пайвасткунанда мисли часпидагӣ ҳамҷаворӣ кунад. Ин намуд [нохунаро] зуд ва бо андак кашидан метавон дур сохт.
Навъи дигаре аз он чун муттаҳидгашта [бо он табақа] ҳамҷаворӣ кунад ва ин [нохуна] ба пӯст кардан ниёзманд аст.191 Илоҷ: Беҳтарин илоҷи он ва хусусан намуди нарми он ин аст, ки бо оҳан онро бикананд. Аммо ҳангоми намуди сахти он агар каси кананда эҳтиёт накунад, зиён хоҳад овард. [Ҳангоми кандани нохуна] бояд онро бо сардукҳо боло бардошт, зеро агар бардошта бошад, буриданаш осон аст. Агар ин [кор] номумкин бошад, онро бо мӯй ва ё абрешиме пӯст кунанд, ки бо сӯзан ва ё буни латифи пар аз зери он гузаронида бошанд. Ин корро ҳангоме кунанд, ки андар як ва ё ду ҷой ба он эҳтиёҷ афтад. Агар ин фоида набахшад, эҳтиёҷ ба он бошад, ки бо оҳани ғайри тез онро оҳиста пӯст кунанд. Бояд ҳар қадар, ки мумкин аст, онро аз бунаш пӯст кунанд, вале ба гӯшти гӯшаи чашм набояд расид, зеро ин боиси рехтани ашк хоҳад шуд. Миёни ин ду бо ранг фарқ кунанд. Ҳар гоҳ нохунаро буриданд, андар чашм зираи бо намак хоидаро бичаконанд ва сипас сӯзишашро бо зардии хояи мурғ, равғани гул ва бунафша бартараф кунанд. Агар зираи бо намак хоида начаконанд, табақаи пайвасткунанда бо пилк бичаспад. Бинобар он бояд бемор ҳар сари чанд вақт чашмашро бигардонад. Сипас баъд аз се рӯз шиёфҳои тезро ба кор баранд,то бақияи [нохуна] решакан шавад. Аммо ба кор бурдани доруҳо ба ҳангоми нохунае, ки ситабр гардидааст, кори чандон фоиданок нест ва ба изофаи ин онҳо ба иллати тезии худ аз ранҷ додани ҳадақа холӣ нес танд.

пешина
аз 1215
навбатӣ