Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Яке аз доруҳои ғарб чунин аст, ки (125) аз зангори бо кундуру уша баста фатила омода созанд. [Аҳли] Ҳинд гуфтаанд, ки моши хоида онро шифо бахшад. Бархе аз пизишкон чунин гуфтаанд, ки агар мурр ба танҳоӣ бар [ғарб] ниҳода шавад, онро сиҳат хоҳад кард.
Яке аз хокаҳои барои ин [беморӣ] санҷидашуда [хокаи зерин аст] : як бахш зардчӯба ва сеяки як бахш нонхоҳро гирифта, ҳар дуро бисованд ва андар [чашм] бипошанд.
Низ доруест, ки аз сабӯсаи мис, замч ва навшодир таркиб ёфта, барои [ғарб] судманд аст ва онро шифо бахшад. Яке аз доруҳои расо ба таври зайл аст: ба андозаи баробар зог, сабр, анзарут, пӯстҳои сӯхтаи кундур ва момисоро гирифта, андар гӯшаи чашм афкананд. Як худи сабр бо пӯсти кундур низ [кифоят кунад]. Доруҳои [дигари] андар Қарободин ёдшуда ва хусусан доруи гарми185 сабзро бояд тааммул кард ва [низ] бояд доруҳоеро [ба кор бурд], ки андар лавҳҳои доруҳои сода ёд шудаанд.
Агар [ғарб] ба устухон бирасад ва доруҳо онро суд набахшанд, аз шикофтан ва намудор сохтани даруни он чора нест ва агар гӯшти мурда бошад, онро то ҳадди устухон бигиранд. Сипас онро бар се рӯй тадбир кунанд: Агар устухон дуруст бошад, сиёҳии андар он падидомдадаро битарошанд ва бар вай доруҳои гӯштрӯёнанда ниҳода, бибанданд ва муддате онро бад-ин ҳол бигузоранд. Агар ҳол аз ин бадтар бошад, аз доғ ниҳодан чора нест. Гоҳе чунин зарурат ба миён ояд, ки гӯшти табаҳшударо амиқ сӯрох кунанд, то ки доғ андар зери мағокӣ ҳарчи фурӯтар биафтад ва на ба сӯи бинӣ ва на ба сӯи чашм моил набошад ва боиси шоридани табақаи пайвасткунанда нагардад. Вале андар зери мағокӣ каме ба сӯи бинӣ [майл додан мумкин аст]. Ҳар гоҳ андар ин мавзеъ як сӯрох ва ё се сӯрохи хурд кунанд ва хун ба ноҳияи бинию даҳон гузашта ҷорӣ шавад, бояд ба таври расо доғ ниҳод ва баробари он эҳтиёт шуд, ки ба ноҳияи ғӯзаи чашм нарасад.
Балки ғӯзаи чашмро бояд чунон нигоҳ дошт, ки наҷунбад ва сипас доғ ниҳода, андар он доруҳо бипошанд ва бибанданд. Гоҳе доғ аз сӯрох кардан бениёз гардонад.
Бояд ба қадри имкон танҳо ба доғ ниҳодан кифоят намуд. «Доруи сарӣ» андар ин бобат яке аз доруҳои хуб аст.
Ҳар гоҳ доғ ниҳода, андар [реш] дору бипошанд, бояд бар худи чашм исфанҷеро андар оби сардгардонида тар намуда, биниҳанд ва ё хамири ордии бо ях сардгардонидаро пайдарпай гузоранд ва ҳар боре, ки ба гарм шудан наздик бирасад, онро иваз кунанд.
Фасли ҳаштум андар баёни фузунӣ ва коҳиши гӯшти гӯшаи дарунии чашм

Гоҳе ин гӯшт ба андозае бузург гардад, ки биноиро
боз дорад ва гоҳо чандоне бикоҳад, ки нанамояд ва ҳатто пеши ашкро гирифтан натавонад. Аксар вақт ин бадон сабаб рӯй диҳад, ки пизишкон ҳангоми буридани нохуна хато кунанд. Аммо фузуниро бо доруҳои нохуна муолаҷа кунанд, вале набояд аз бех бурид, ки ин боиси
рехтани ашк хоҳад шуд. Аммо костагии аз сабаби буридан падидомадаро ҳеҷ дармоне нест, вале агар аз сабаби
дигаре бошад, мумкин аст муолаҷаи он бо доруҳои гӯштрӯёнандае муяссар бигардад, ки дорои гирандагию хуш

киовариянд, масалан, доруҳое, ки аз момисо, заъфарон ва сабр бо шароб сохта шудаанд ва доруҳое, ки аз сабру банг бо шароб сохта шудаанд. Агар як худи сабрро бар гӯшаи чашм бипошанд, судманд бошад. Худи шароб, хусусан агар андар он чизе ҷӯшонида бошанд, ки дорои қувваи гирандагист, низ судманд бувад.
Фасли нуҳум андар баёни сафедии чашм

Бидон, ки бархе аз сафедии андар чашм падидоянда тунук буда, андар сатҳи берунӣ биафтад ва онро «ғамом»
(абр) номанд ва бархе ситабр буда, онро ба таври мутлақ «сафедӣ» номанд. [Ҳар як аз ин ду аз сабаби фароҳам омадани реш ва ё табише падид ояд, ки кафида ва фароҳам омада бошанд]186.
Илоҷ: Аммо ҳангоми сафедии тунук ва андар касони баданҳояшон нарм падидомада бояд пайваста бо обҳои гарм бухор дод ва бо оби гарм шустушӯй кард. Баъд бояд онро пайваста бо забон лесид. Гоҳе онро фишурдаи лола ва фишурдаи қантуриюни борик суд бахшанд ва инчунин як бахш зардчӯба ва ду сеяки як бахш аз нонхоҳро гирифта, аз онҳо доруи хока бисозанд. Аз ин ҳам қавитар анзарут, шакари табарзад, кафки дарё, зарованд ва бура аст, ки [ҳамаро суда], андар чашм бикашанд. Дигар доруҳое, ки ин [бемориро] суд бахшанд, сурмаи астаримохун, сурмаи қавии сурб, [сурмаи] истифтиқон ва трахумотиқун буванд.
Ба ҳангоми сафедии деринаи ситабр ва андар баданҳои ситабр падидомада бояд ба нарм сохтани он аз тариқи бухордиҳиҳо ва шустушӯйҳои ёдшуда пардохт. [65] Шиёфҳои ёдшудаеро, ки бар чашм кашида шаванд, бояд андар оби ваҷ ва ё андар оби намаки андаронӣ гудохта, андар гармоба онҳоро бар чашм кашид. Агар анвоъи гармоба суд набахшанд, сурмаҳои аз қатрону (126) миси сӯхта сохташударо ба кор бибар, ки аз ин ҳар ду [сурмаи] шиёфмонанд бисозанд. Низ бояд шиёфи шохи гавазнро [ба кор бурд]. Инчунин саргини сусморро ё танҳо, ё бо масҳақуниё ва миси сӯхта ва ё бо намаки андаронии бирёнкарда бар чашм бикашанд. Аз ин ҳам қавитар саргини кӯршабпара аст, ки онро бо шаҳд ва ё ангубин ва саргини карбосаро пагоҳ ва бегоҳ бар чашм бикашанд. Аз ҷумлаи доруҳои муътадил каҷаки187 бо харчанги дарёӣ сӯхта ва иқлимиёи зар мебошанд.
Агар сафедӣ ба умқраванда бошад, момирон, уша, мурр ва саргини сусмор аз ҳар кадом ба қадри баробар ва ё доруи мағнотисро, ки андар боби нохуна ёд шудааст, ба кор бибар. Гоҳе барои ранг кардани сафедӣ рангҳоро ба кор баранд. Аз ҷумла: аз гулҳои хурди рехтаи анор, ақоқиё, зоги сабз ва самғ як уқиягӣ ва аз санги сурма ва мозу се дирамӣ гирифта, ҳамаро андар об ҳал кунанд. Агар гули хурди анор ёфт нашавад, ё пӯст ва ё кулоҳаки онро ва ё пӯсти нарми миёни донаҳои онро метавон ба кор бурд. Инчунин аз мозу ва ақоқиё ду дирамӣ ва аз зоги сабз як дирам гирифта, аз онҳо ранг бисозанд. Аз миёни рангҳо як навъ сурмаест, ки бад-ин сифат бошад: ду мисқолӣ аз арзизи сӯхтаи шуста, заъфарон ва самғ, ду мисқол хокистари қолибҳои мисгудозиро, ки бо оби борон шуста бошанд ва ним мисқол туполи шустаи мисро гирифта, ба кор баранд.

пешина
аз 1215
навбатӣ