Қонуни тиб

Бояд ба ҳангоми он сафедии хоя бо шоҳафсар ва андаке заъфарон, шиёфи сафед, ҳар гуна шиёфе, ки аз мисли нашоста, сафеда, самғ ва афюн сохта бошанд, тамоми он доруҳое, ки андар онҳо дигар чизҳои нармкунанда ва карахткунанда бидароянд, шиёфи самардиюн, шиёфи Маъмун ва мумравғанеро ба кор бибаранд, ки аз зардии хояи мурғ ва равғани гул омода сохта бошанд.
Фасли ҳафтум андар баёни ғарб ва омоси гӯшаи дарунии чашм
Гоҳе андар гӯшаи дарунии чашм хуроҷ барояд ва мумкин аст он сахт буда, ҳангоми даст расондан биҷунбад, вале накафад. Он аз ҷинси ғуддаҳост ва аз ҳама зиёнкортараш ҳамонест, ки ба шакли баромадагие андар гӯшаи чашм бинамояд. Онро аз тариқи фишурдан бисанҷанд, вале фишурдани он дардовар аст ва аксар вақт баробари он омоси чашм ба амал ояд. Гоҳе ин хуроҷи табишӣ буда, зардоб карда бикафад. Ҳар гоҳ бикафад, андар бештари ҳол носур ба амал оварад. Ҳар ду [намуд] аз он ҷиҳат бо ҳам муштараканд, ки ҳар кадоми онҳо андар зери даст биҷунбад ва бо зер кардан ғоиб шуда, бо бардоштани даст ба берун барояд. (124) Гоҳе мумкин аст гавҳари ин табиш ва баромадагии он андар умқ ҷойгир бошанд ва баромадагияш аз берун нанамояд, вале хориш бад-он далолат кунад. Гоҳе мумкин аст ҳангоми сахт зер кардан ба даст дарёфта шавад.
Ғарб носурест, ки андар гӯшаи дарунии чашм ва аксар вақт баъд аз хуроҷ ва табише ба амал ояд, ки андар ин ҷой падид омада бикафад ва ба носур табдил ёбад. Ин хуроҷро пеш аз кафидан «анхилуфус»183 номанд. [64] Азбаски гавҳари он андом тунук аст, аз дарун ба мағокие табдил ёбад, ки аз сӯи устухони бинӣ ва аз сӯи ғӯзаи чашм борикрӯя бувад. Ин [хуроҷ] ҳар гоҳ бикафад, шикофтагие аз худ ба ҷой монад, ки ба душворӣ фароҳам ояд, аз баҳри он ки андом тар аст ва баробари тар будан пайваста андар ҳаракат бувад. Бинобар он вай ба носур табдил ёбад. Гоҳе мумкин аст кафиданаш ба сӯи берун ва гоҳе ба сӯи андарун ва ҳам аз рост ва ҳам аз чап бошад. Гоҳе мумкин аст кафиданаш ба ҳар ду ҷониб рӯй диҳад. Аксар вақт шикофтани он то бинӣ омада бирасад ва [рим] ба сӯи он ҷорӣ шавад. Мумкин аст палидии рими он то ба устухон расида онро табаҳ созад, сиёҳ кунад ва сипас бихӯрад. Вай куркураки пилкро низ табаҳ созад ва чашмро бо хунобае пур кунад, ки бо фишурдан берун ояд.
Илоҷ: Ғарб омоси доманадор аст ва аз ҳама сабуки он нав падидомадаи он бувад. Нав падид омадаи онро бо доруҳои нармкунандае муолаҷа кунанд, ки баъд ёд хоҳем кард. Аммо илоҷи ростинии намуди доманадори он доғ ниҳодан ба гунаест, ки тавсиф хоҳем кард ва ё ба кор бурдани доруест, ки аз қабили дегбардег ҷойнишини [доғмонӣ] бувад. Ба муолаҷа пардохта, нахуст бо порчае носурро бихоранд ва сипас бо дегбардег фатилае бисозанд ва андаруни [носур] биниҳанд. Бархе аз [пизишкон] гуфтаанд, ки агар [носур] пок карда шавад, гӯшти мурдаи онро дур андохта шавад ва агар порчае оғушта андар оби харнуби набатӣ бар вай ниҳода шавад, сахт судманд бувад. Ҳар гоҳ бихоҳанд ғайри доғниҳӣ доруе ба кор бибаранд, беҳтар он аст, ки [носурро нахуст] бифишоранд, то ҳар чизи андарунаш буда берун ояд, сипас шароби гиранда андар он чаконида, онро бишӯянд.
Агар [чизи доштаи он] андак буда, берун наояд, онро ду-се рӯз баста бигузоранд, то чизе ба миқдори кофӣ андар он ҷамъ ояд. Сипас онро бифишоранд, бишӯянд ва баъд аз он андар вай он шиёфи аз барои ғарб будаеро бичаконанд, ки ихтирои онро Муҳаммад писари Закариёи Розӣ ба хеш нисбат додааст ва хусусан гудохтаи он андар оби мозу [хубтар бошад]. Беҳтарини намудҳои доручаконӣ он аст, ки як қатраро баъди қатраи дигар ҳангоме бичаконанд, ки аз миён як соат гузашта бошад. Беҳтарин тадбир он аст, ки мағокии онро бо мил бисанҷанд ва сипас бар мил порае пунба печонида, андар доруҳои обакӣ ва хока биолоянд ва андар [носур] кунанд.
Ҳар гоҳ ки дору ба кор бурданд, бояд чашмро бо решбанд бибанданд ва [беморро] ором бидоранд.
Яке аз шиёфҳои санҷидашуда [шиёфи зерин] аст: Ба андозаи баробар зирнихи сурх, зог, оҳак, навшодир, коғна ва замч гирифта, ҳамаро якҷоя бисованд, бо пешоби кӯдак сиришта, хушк кунанд ва ба намуди хушк ба кор баранд. Гоҳе ҳангоми оғоз ёфтани [беморӣ] ва пеш аз сар овардан агар бар вай зог, ё уша ва ё мавизак биниҳанд, нофеъ бошад. Ниҳодани гавзи куҳани гандида ва ҳар гуна доруи сахт ҳалкунанда184 низ ҳамчунин бувад. Агар барги судоби бӯстониро андар оби хокистар бисованд ва бар анхилуфус пеш аз он ки ба устухон расида бошад ва низ баъд аз он биниҳанд, онро нест кунад ва гӯшт бирӯёнад. Лекин ин ҳангоми гузоштан бисӯзонад ва сипас аз сӯзондан боз истад.
Агар [беморӣ] ба ғарб гузарад, бидон, ки қонуни он нахуст пок кардан ва сипас муолаҷа намудан аст. Яке аз доруҳои онро поккунанда ин аст, ки пӯстҳои андарунии най ва хусусан онеро, ки ба буни най наздиктар буда, андаке ситабрӣ дорад, гирифта андар ангубин оғушта созанд ва бар ғарб биниҳанд, онро пок кунад. Сипас ҷои онро бо исфанҷи андар оби ангубин оғушта бишӯянд. Гоҳе баъди он агар пӯсти найро танҳо, ба намуди хушк ва бе доруи дигари хушкифизой биниҳанд, кифоят кунад.
Дигар чизе, ки барои ғарб санҷидашуда аст, ин [ба кор бурдани] шиёфи момисо ва заъфарон бо оби талхчакук аст ва онро пайваста иваз кунанд. Дигар он аст, ки садафи лесакро бо худи он якҷоя бисованд ва бо мурр ва сабр сиришта ба кор бибаранд. Ин яке аз он доруҳоест, ки [ин] иллатро баъди табиш баровардан ва пеш аз он ки бо чирк пур шуда бошад, суд бахшад ва гоҳе ин ба ҳангоми реш будани он низ суд дорад. Доруи дигари [санҷидашуда] ин аст, ки каҷаки сӯхта, заъфарон ва талхчакуки хушкро бо оби тутуми офтобхӯрда [ба кор баранд]. Бар [ғарб] ниҳодани барги судоб бо оби анор [низ] аҷиб аст ва ин чунин хосият дорад, ки [иллатро] нагузорад, то аз худ паи баднамуде ба ҷой монад. Вале ба сӯзандагии он набояд парво кард. Яке аз доруҳое, ки хуроҷи берунаро бикафонад, зимодест, ки аз нону тухми марв, ё аз кундуру шири зан, ё аз заъфарону оби индов, ё аз мурр ва ба қадри сеяки он самғи арабӣ бигиранд ва онро бо заҳраи гов сиришта, бар [чашм] бичаспонанд ва то сиҳат шудан наҷун бонанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор