Қонуни тиб

Чаҳорум қариб аз ҷинси [баромадагии] ҳубобӣ аст, вале доманадор буда, бо чизи аз худаш раста ба қарния пайваст гардидааст. Инро «чархмонанд» гӯянд ва шабеҳ ба чархи ресандагии пайваста ба ресмон бошад.
Илоҷ: То вақте ки дар роҳи таквинёбист, илоҷаш чун илоҷи решҳо ва табишҳо бувад. Чунонки мо гуфтем, иллат чӣ гунае набошад, эҳтиёҷ ба он аст, ки аз тариқи раг задану шикам овардан истифроғ намуда, тан пок карда шавад. Баъд аз истифроғ, хусусан агар мизоҷ тез бошад, бо оби хуш гармоба кунанд, вале андар ҳавои гармоба ҷуз андаке наистанд. Инчунин [бемор] набояд сарашро андар оби обзан, хоҳ гарм бошад, хоҳ сард, бисёр бидарорад. Бар сар равғанҳо ба кор набаранд, зеро бархеи онҳо аз тариқи ҳал кардани моддаи андар мағз буда ва бархе дигар аз тариқи фишурдани масомҳои таҳлилӣ онро ба сӯи чашм фиристанд ва чизеро бад он сӯй бикашад, ки пеш набуд. Бинобар он [ин модда] чун ҳал нагардад, ба гӯшаҳои мағз ҷорӣ шуда биравад. Бояд ғизоҳо хубкимус, муътадил ва сарди тар бошанд ва дигар тадбирҳои [бемор] низ чунин бошад. [Иллат] то даме ки ба шакли табиш аст, онро бипазонанд ва чун решҳо муолаҷа кунанд.
Ҳар гоҳ реш шавад, нахуст бар вай зимодҳои қабзкунандаю зудоянда биниҳанд, масалан, биҳӣ ва наске, ки ҳар дуро бо ангубин ҷӯшонида бошанд, тухми анор, зайтун, зардии хоя ва заъфарон, ё анори нордоне, ки бо каме аз сирко ва ё оби ғӯра ҷӯшонида ҳал карда бошанд. Сипас инҳоро ҳамчун зимод ба кор баранд ва агар [бемор] бардошт кардан битавонад, инҳоро бо нашоста ва монанди он андар чашм бичаконанд.
Ҳар гоҳ [табақа] шикофта шавад, онро бо илоҷҳои шикофтагӣ муолаҷа кунанд. Баромадагии мӯрчамонандро бо моеъҳои қабзкунанда муолаҷа кунанд, бо сирко, об, хамр ва мозу ва ё бо обе, ки андар он гулро ҷӯшонида бошанд, гармибандӣ кунанд ва шиёфҳои қабзкунанда бар чашм бикашанд. Бархе аз чизҳои андар ин бобат судманд, фишурдаи барги зайтун ва фишурдаи садпайванд, аз доруҳои содаи гиранда сунбул, гул, арзизи сӯхта, [гили] қимулиё, гили набишта ва сафеда, аз сурмаҳо ду бахш мозу ва даҳ бахш сурма, аз шиёфҳо шиёфҳои «ҳанун», ағардинун, борутиюн,177 дамомилиёс178 ва шиёфи ғарбӣ мебошанд. Қавитарини шиёфҳо [шиёфи] «бардитусис»179 аст.
Ҳар гоҳ андар [чашм] ягон шиёферо бичаконанд, чашмро баста, [беморро] бар пушт бихобонанд.
Шиёфи аз барои ин кор қавӣ [шиёфи зерин аст]: Хокистари қолибе, ки андар он мис бигудозанд, заъфарон, нашоста ва касироро гирифта, бо сафедии хояи мурғе бисириштанд, ки худи ҳамон рӯз ниҳода бошад (123) ва гоҳе андар он санги яманӣ биафзоянд. Як шиёфи хуб:
ин шиёфи нординун аст, ки он аз тамоми намудҳои табишҳои чашм суд дорад: чаҳор мисқол сурмаи сӯхтаи шуста, шаш мисқол сафедаи сӯхтаи шуста, шонздаҳ мисқол ҳузази ҳиндӣ, ҳашт мисқол сунбул, ду мисқол гесугуна, ҳашт мисқол иқлимиёи сӯхтаи шуста, бист мисқол ақоқиёи зард, шаш мисқол гунди бедастар, шаш [мисқол] сабр ва бист мисқол самғи арабиро бо оби борон бисованд ва шиёф созанд. Бидон, ки ҳар гоҳ реш ба баромадан сар кунад, туро лозим аст, ки чашмро бо рифода бибандӣ ва [беморро] бар пушт бихобонӣ.
Аммо баромадагии мехмонанд бошад,180 ҳеҷ илоҷе надорад. Гурӯҳе аз [пизишкон] аз барои зебоӣ баромадагиҳои мӯрсаракҳоро бибуранд, вале беҳтар он аст, ки онҳоро аз ҷой наҷунбонанд, зеро мумкин аст, ки модда ҷорӣ шуда, ба чашми дигар бигузарад.
Фасли чаҳорум андар баёни табишҳои чашм
Он [табишҳое], ки бар қарния бароянд, сафедчатобанд ва онҳое, ки бар табақаи пайвасткунанда бароянд, майл ба сурхӣ доранд.
Илоҷ: [Бояд тадбирҳои зерин ба кор бурда шаванд]:
раг задан; чаконидани хун андар чашм, ба тавре ки инро андар боби хунпечидагӣ ёд хоҳем кард; бо пашминае бар чашм зимод ниҳодан, ки андар сафедии хояи бо хамр ва равғани гул омехта оғушта бошанд; чаконидани шире, ки андар он тухми марв тар карда бошанд; шиёфи сурб ва шиёфи хофун181.
Фасли панҷум андар баёни хунобае, ки андар зери пардаи [чашм] падид ояд
Ин хуноба андар зери қарния ё андар умқ ва ё наздиктар ҷойгир бошад ва маҳалли қарния ба нохун монанд бигардад182. Агар ба изофаи ин бахше аз он [табақа] хӯрда шавад, он гоҳ инро «қалқатоно» номанд.
Илоҷ: Фулус гуфтааст, ки инро бо шароби ангубин, фишурдаи шанбалит ва шиёфи кундур барин доруҳо муолаҷа кунанд. Ё агар омоси чашм монеъ набошад, онро бо ёрии шоҳафсар, луоби тухми катон ва турби тозаи пухтагӣ бикушоянд ва ба мисли шиёфи мурр ва шоҳтара покаш кунанд. Агар реш набошад, шиёферо ба кор бибар, ки ба сифати зерин аст: як уқиягӣ аз қалқадис ва заъфарон, якуним дирам мурр ва як ратл ангубинро гирифта, шиёф созанд. Инчунин доруи мағнотисро, ки аз барои нохуна сохта бошанд, [мумкин аст ба кор бурд]. Низ доруе аз гили Шомус аст, ки андар боби обилаҳои обӣ ёд карда шуд.
Фасли шашум андар баёни саратони чашм
Бисёр вақт ин андар пардаи шохгун ориз бигардад. Нишонаҳои он чунин аст: дарди сахт; азҳамкашидагии рагҳои чашм; хала кардани қавие, ки боиси сардард бигардад, хусусан ҳар гоҳ ки худованди он биҷунбад; сурхӣ андар пардаҳои чашм; сардард; афтидани иштиҳои таом; ва ранҷ дидан аз ҳар чизе, ки дорои гармист. Ин яке аз бемориҳоест, ки агарчи ба ором шуданаш умед аст, вале аз он умеди шифо ёфтан нест. Саратон андар ҳеҷ як аз андомҳо ба андозае дардовар нест, ки ҳангоми андар чашм ориз шудан дард биоварад. Ба кор бурдани доруҳои тез худованди онро ранҷ бидиҳад ва дарде ба амал оварад, ки ба он тоқат кардан нашавад.
Илоҷ: Агар аз илоҷ чора набошад, бояд ғараз аз он ором кардани дард бошад. Боистӣ тан ва ноҳияи сар аз хилти тира пок карда шавад ва ба [бемор] ғизоҳои хубкимуси гандумӣ дод, ки он гармиоваранда нест. Ошомидани шир аз саратони чашм судманд аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор