Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Агар [гӯшти гӯшаи дарунии чашм] нест шуда, решакан шуда бошад, албатта, дубора нахоҳад рӯид. Ҳангоми ашкравие, ки на аз сабаби буридани нохуна аст, тӯтиё, сурмаҳои тӯтиёӣ, хусусан он сурмаи тӯтиёие, ки андар боби сафедии [чашм] ёд шуд, ҳамаи шиёфҳои часпак, шиёфи сафеди анзарутӣ, шиёфи истифтиқон ва дигар доруҳоеро [ба кор баранд], ки андар Қарободин ёд шудаанд.
Яке аз доруҳои барои ин гунаи [ашкравӣ] санҷидашуда доруест, ки аз оби анори туруш ва бо [дигар] доруҳо бисозанд. Сифати он чунин аст: Як ратл [оби анори турушро] то ним шудан биҷӯшонанд, сипас аз ҳар яки сабри сақутарӣ, ҳузаз, филзаҳра, заъфарон ва шиёфи момисо як мисқолӣ ва аз мушк ду донг андар он афкананд ва онро андар шишаи сарбаста чиҳил рӯз офтоб диҳанд. Дигар чизи андар ин бобат санҷидашуда ношито гармоба рафта, андар он нишастан ва андар чашм бисёр чаконидани сирко ва об бувад. Аммо гунаи модарзодии он бошад, ба сахтӣ илоҷпазир аст.
Фасли чаҳордаҳум андар баёни коҷӣ

Коҷӣ гоҳе ба сабаби нотавон шудани бархе аз мушакҳои ҳаракатдиҳандаи ғӯзаи чашм ба амал омада, [чашм] аз он сӯй ба ҷиҳати мухолиф майл кунад. Гоҳе аз сабаби кашида шудани баъзеи он [мушакҳо] рӯй дода, чашм ба сӯи он [мушаки кашидашуда] майл кунад. Ҳар гунае набошад, [коҷӣ] аз сабаби рутубат ба амал ояд. Вале он гоҳе аз хушкӣ низ бархезад, чунонки ҳангоми бемориҳои тез ҳамин гуна [коҷӣ] ориз гардад. Он коҷие, ки сабабаш ташаннуҷи мушакҳост, аз ташаннуҷи мушакҳои ҳаракатдиҳанда бувад, зеро маҳз ташаннуҷи ҳаминҳост, ки андар чашм офат ва коҷӣ падид орад. Аммо аз ташаннуҷи мушаки нигоҳдоранда аслан офате падид намеояд, балки [коҷиро] ниҳоят суд бахшад. Бисёр бошад, ки коҷӣ аз паси иллатҳои мағз аз қабили саръ, фаронитус, садар ва монанди инҳо ба сабаби сӯзишу хушкӣ ва ё гоҳе ба сабаби пурӣ ба амал ояд. Бидон, ки маҳз ба сӯи боло ва ё ба зер рафтани чашм аст, ки боиси як чизро ду чиз дидан бигардад, вале ба ду паҳлу майл намудан биноиро зиёни қобили мулоҳазае нахоҳад овард.
Илоҷ: Аммо [коҷии] модарзодиро дармон нест, вале ҳангоми кӯдакии ниҳоят рутубатнок хусусан агар падидомада бошад, умеди шифо ёфтан ҳаст. Андар мисли ин гуна ҳолат бояд гаҳвораро баробар дошт ва чароғро андар ҷиҳате, ки муқобили ҷиҳати коҷист, ниҳод, то [кӯдак] пайваста ба такаллуф ба сӯи он нигарад. Ҳамчунин бояд ба ягон ҷои муқобили ноҳияи коҷӣ риштаи сурхеро биовезанд ва ё чизи сурхеро ба наздики гижгоҳии муқобил ва ё гӯш бичаспонанд. Ҳамаи инро ба тавре кунанд, ки [кӯдакро] ҳангоми тааммул ва нигаристан ҳеҷ набошад андак кулфате бирасад ва бошад, ки ин такаллуф андар рост шудани чашм суд бахшад. Рехтани хун яке аз воситаҳои рост кардани биниш аст.
Аммо он коҷие, ки [мардумонро] баъд аз калонсолӣ ва пиронро ориз бигардад, ба сабаби истирхо ва ё ташаннуҷи тар бувад. Бинобар ин бояд аз тариқи ба кор бурдани истифроғҳои ёдшуда, ёраҳои бузург ва монанди онҳо ба пок сохтани мағз пардохт, тадбири [ғизоро] латиф намуд ва гармобаи ҳалкунанда ба кор бурд. Яке аз доруҳои барои коҷӣ судманд ин аст, ки фишурдаи барги зайтунро андар бинӣ барафкананд.
Агар [коҷӣ] ҳангоми ташаннуҷи ба сабаби хушкӣ буда ориз гардида бошад, бояд пухтаковҳои тарифизой ба кор бурд. Агар таб вуҷуд надошта бошад, [ба бемор] шири харро ҳамроҳи равғанҳои сахт тарифизой бидиҳанд. Умуман, барои эшон тадбири тар бояд андешид. Бояд андар чашм хуни бутемор бичаконанд, бо сафедии хоя, равғани [67] гул ва каме шароб зимод намуда, онро баста доранд ва ин корҳоро рӯзгоре чанд давом диҳанд.
Фасли понздаҳум андар баЁни барҷастагии чашм

Барҷастагии чашм ё ба сабаби он биафтад, ки ғӯзаи чашм ба иллати гаронӣ ва пурии хеш ниҳоят бидамад, ё ба сабаби он бошад, ки ба сӯи берун сахт фишурда шавад ва ё бад-он сабаб биафтад, ки пайвастагии ғӯзаи чашм ва мушакҳои ёдшудаи нигоҳдорандаи ин пайвастагӣ ниҳоят суст бигарданд. Барҷастагие, ки ба сабаби дамидагии ғӯзаи чашм, гаронӣ ва пурии он афтида бошад, аз он аст, ки моддаи андар худи чашм буда ё бодист (130) ва ё хилтии тар. Пурӣ гоҳе хосси [ғӯзаи чашм] бошад ва гоҳе ба анбозии мағз ва ё тан падид ояд, чунончи ба ҳангоми банд гардидани хуни ҳайз занонро чунин [пурӣ] ориз бигардад. Он [барҷастагие], ки ба сабаби ба сӯи берун сахт фишурда гардидани [ғӯзаи чашм] ба амал ояд, бад-ин гуна аст, ки масалан, ҳангоми дамгир шудан (хуноқ), ҳангоми сардарди сахт ва ё баъд аз қай ва сахт дод задан [барҷастагӣ] ориз гардад. Занонро [ин гуна барҷастагӣ] баъди дарунравии сахт ба амал ояд. Гоҳе агар нифос пок набошад, мумкин аст ба изофаи ҳамаи ин аз сабаби моддае ба амал ояд, ки низ ба сӯи чашм майл кунад ва ё шояд аз сабаби фасоди мизоҷи ҷанин, мурдан ва гандидани он низ ба амал ояд. Аммо [барҷастагии] ба истирхои мушак вобаста аз баҳри он ба амал ояд, ки мушаки гирди асаби дарунтиҳиро гирифта ҳар гоҳ суст шавад, ғӯзаи чашмро нигоҳ доштан натавонад ва он ба сӯи берун майл кунад. Барҷастагӣ гоҳе танҳо аз истирхои мушак падид ояд ва [ба ҳангоми он] биниш бекор нагардад ва гоҳе мумкин аст баробари канда шудани [мушак] падид ояд, ки андар ин ҳол биниш бекор шавад.
Гоҳе ҳар ду чашм аз сабаби, масалан, хуноқҳо, омосҳои пардаи мағз ва омоси шуш барҷаста бигарданд ва сабаби ин фишурда шудани [ғӯзаи чашм] бошад. Гоҳе мумкин аст сабаб ба ҳангоми ин гуна [барҷастагӣ] низ пурӣ бошад. Аксар вақт [барҷастагӣ] баробари серравғании намоёне ва ё ба амал омадани омосе андар қарния ориз бигардад.
Нишонаҳо: Агар барҷастагӣ аз моддаи зиёди андар ҳадақа фароҳамомада ориз шуда бошад, ҳангоми ин гуна ҳолат баробари барҷастагӣ бузургӣ ҷой хоҳад дошт.
Ҳангоми оне, ки аз фишурдагист ва агар модда онро ёрӣ расонда бошад, гоҳе бузургӣ ба амал ояд ва гоҳе не, вале андар ҳар ду ҳолат азҳамкашидагие ҳис карда шавад, ки аз сӯи пас биронад ва аз сабаби он дарак диҳад.

пешина
аз 1215
навбатӣ