Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Чашмро ҳамаи гунаҳои беморӣ – чи моддӣ, чи сода, чи таркибии афзорӣ ва чи ба анбозӣ ориз бигарданд. Ҳолатҳое аз қабили ҳайъати пӯшидану кушодан, ранг, ғамза кардан ва рехтани ашк, ки чашмро руй бидиҳанд, дорои ҳукмҳоеанд, ки ба бемориҳои тез алоқаманд буванд ва бояд [сабаби онҳо] аз тариқи ин [ҳолатҳо] ҷуста шавад. Бемориҳои чашм мумкин аст хос ва мумкин аст ба анбозӣ бошанд. Наздиктарин [андомҳое], ки бо [чашм] анбозӣ доранд, мағзи сар, пардаҳои берунию андарунии он ва сипас меъда буванд. Ҳар беморие, ки чашмро ба анбозии пардаи берунии [мағз] ориз бигардад, аз он чи ки бархилофи вай аст, бештар имконияти сиҳат шудан дорад.
Фасли севвум андар нишонаҳои ҳолатҳои чашм

Нишонаҳои бемории чашм, ки ба анбозии мағз бошад, ин аст, ки бояд бархе аз далелҳои офати мазкур андар мағз [ҳам] ёфт шавад. Ҳар гоҳ агар ба миёнчии пардаи андарунии [мағз] падид омада бошад, оғози сӯзишу дард (111) аз андаруни чашм ҳис карда шавад. Агар модда гарм бошад, атса ва хоридани бинӣ дарёфта шавад. Агар сард бошад, сайлони сард ҳис карда шавад. Кам тасодуф биафтад, ки анбозӣ ба иллати бадмизоҷии сода бошад. Агар анбозӣ ба пардаҳои беруна вобаста бошад ва модда аз онҳо таровида бошад, тамаддуде ҳис карда шавад, ки андар пешонӣ ва рагҳои беруна оғоз ёбад ва зиён бештар ба маҳалҳое бирасад, ки аз паси пилкҳо оянд. Агар ба анбозии меъда бошад, нишонаҳое ҷой дошта бошанд, ки андар боби анбозии мағз бо меъда ёд шудаанд. Агар андар ин миён хаёлҳое ба сабаби меъда мавҷуд бошанд, ҳангоми тиҳӣ будани меъда кам ва ҳангоми пурии он беш бигарданд.
Аммо нишонаҳои бемории моддӣ аз ҷиҳати он, ки андар худи чашм аст, бад-ин гуна буванд: гаронӣ, сурхӣ, рафтани об, дамидагӣ, пурии рагҳо, дил задани ҳар ду гижгоҳӣ, ба ҳам часпидани мижаҳо, омадани рим, дарёфтани эҳсоси гармӣ ба ҳангоми ламс кардан ва хусусан агар ба инҳо нишонаҳои ҳолати хунии сар низ изофа шаванд, ҳама аз [бемории] хунии чашм гувоҳӣ диҳанд. Аммо бар [бемории] балғамӣ гаронии сахт, сурхии сабук бо андаке арзизигунӣ, часпидагии мижаҳо, омадани рим, бодгирифтагӣ ва камии ашк гувоҳӣ диҳанд. Бар бемории сафровии [чашм] сих задан, афрӯхтагӣ бо сурхии моил ба зардие, ки на чун сурхии бемории хунӣ бошад, тунукии ашки тез, кам ба ҳам часпидани мижаҳо ва дарёфтани эҳсоси гармӣ ба ҳангоми ламс гувоҳӣ диҳанд. Бар [бемории] савдовии [чашм] гаронии якҷоя бо тирагии ранг ва кам ба ҳам часпидани мижаҳо далолат кунанд.
Аммо бар мизоҷҳои сода набудани гаронӣ ва хушкидагӣ ва мавҷуд будани далелҳои андар боби шиносоӣ ёдкардаамон гувоҳӣ диҳанд.
Аммо бемориҳои афзорӣ ва муштарак: барои ҳар кадом як боби [алоҳида] оварда хоҳад шуд.

Фасли чаҳорум
қонунҳои ҳамагонии муолаҷаи чашм

Муолаҷаҳои чашм муқобили бемориҳои ӯст. Азбаски бемориҳо ё мизоҷии моддӣ, ё мизоҷии сода, ё гусастагии пайвастагӣ ва ё таркибист, бинобар он илоҷи чашм ҳам ё истифроғ овардан аст, ки андар он тадбири омосҳо низ бидарояд, ё гардонидани мизоҷ, ё рост кардани ҳайъат, чунонки ҳангоми барҷастагии чашм чунин бошад ва ё фароҳам овардану гӯшт пур кардан бувад.
Моддаҳоро аз чашм ё бар сабили рондан аз он ва ё бар сабили дӯшидан аз он истифроғ кунанд. Агар тан пур бошад, нахуст аз сӯи тан биронанд, сипас бо ёрии он доруҳои поккунандаи мағз, ки худ ҳамедонӣ, аз сӯи мағз биронанд. Сипас [моддаро] аз он ҷой аз тариқи бинӣ ва аз тариқи рагҳои ба чашм наздик, масалан, аз тариқи ду раги гӯшаҳои дарунии чашм интиқол диҳанд. Дӯшиданро бо ёрии доруҳои ашковар ба амал оранд. Дигаргун сохтани мизоҷ низ бо доруҳои хос биафтад. Гусастагии пайвастагии андар [чашм] афтидаро бо доруҳое муолаҷа кунанд, ки дорои хушкиоварии на чандон зиёд ва дур аз газандагиянд. Ту бар ин доруҳо аз гуфтаҳои мо андар баёни омоси чашм ва дигар иллатҳои он огоҳӣ пайдо хоҳӣ кард.
Бояд донист, ки ҳангоми бемориҳои моддии чашм боистӣ ба кам кардани ғизо, хӯрдани чизҳое, ки хилти сутуда бизоянд ва ба парҳез кардан аз ҳар чизи бухоровар ва бадгувор пардохт. Агар модда аз сӯи ягон андоме фиристода шуда бошад, даст ба раг задани он андом бибар ва агар аз пардаи берунаи [сар] ояд, ҳиҷоматро кор фармой ва бар пешонӣ доруҳои пасгардонанда ва аз ҷумла барои [моддаи] гарм пӯсти харбуза ва барои сард қалқадис бинеҳ. Рагҳоеро, ки аз барои чашм бизананд, масалан, қифол ва сипас рагҳоеанд, ки андар ноҳияҳои сар ҷой доранд. Задани он рагҳое, ки аз пеши [саранд], ҳангоми аз ҷое ба ҷое рондани [модда] бештар судманд аст ва [задани] он рагҳое, ки аз паси [саранд], ҳангоми кашидани [модда] нофеътар бувад.
Бидон, ҳар чи ки аз моддаҳо андар чашм падид омада, эҳтиёҷ ба он аст, ки бояд онҳо аз он ҷой ба андоми дигаре бурда шаванд, пас, беҳтарин ҷое, ки [ин моддаҳоро] бадон сӯй бояд ронд, бинист. Ин ҳангоме мумкин аст, ки агар [модда] андар паи рехтан ба сӯи чашм набошад. Ин гардонидани [модда] аз ҷое ба ҷое бо ёрии доруҳои атсаовар ва доруҳои ба бинӣ кашидание ба амал оварда шавад, ки андар ҷойҳои дигар ёд шудаанд, яъне андар он ҷое, ки мо тадбири дардҳои сарро ёд кардем.
Бархе аз доруҳои чашм, ки гардонандаи мизоҷанд, ё мисли фишурдаҳои рӯбоҳразак, садпайванд, оби коснӣ, оби коҳу, обу фишурдаи гул ва луоби тухми аспғул сардиоварандаанд, ё мисли мушк, мурч, ваҷ, момирон ва ғайра гармиоварандаанд ва ё мисли тӯтиё, санги сурма ва иқлимиё хушкифизой буванд. Бархе аз (112) онҳо мисли шиёфи момисо, сабр, заъфарон, филзаҳра ва гул гиранда, баъзе мисли шир, бодоми совида, сафедии хояи мурғ ва луоб нармкунанда, баъзеи онҳо мисли зардчӯба, оби шанбалит, заъфарон ва хусусан майпухтае, ки андар он нон тар карда бошанд, пазонанда, баъзе мисли анзарут ва оби розиёна ҳалкунанда ва бархе дигар мисли фишурдаи луффоҳ, хашхош ва афюн карахткунандаанд.

пешина
аз 1215
навбатӣ