Қонуни тиб

Бидон, ки агар баробари бемориҳои чашм сардард низ ҷой дошта бошад, муолаҷаро аз сардард оғоз кун ва пеш аз бартараф кардани он ба муолаҷаи чашм напардоз. Агар истифроғ, поксозӣ ва тадбирҳои муносиб суд набахшанд, бидон, ки чашмро мизоҷи бад аст ва ё андар табақаҳо моддаҳои ситабри часпаке аст, ки ғизои ба сӯи онҳо гузарандаро табаҳ кунанд ва ё андар мағз ва мавзеи дигаре заъф ҷой дошта, аз он ҷой назлаҳо ба сӯи чашм ронда шаванд. [Ҳамаи ин чизҳоро бидон].156 Фасли панҷум андар баёни нигоҳдории тандурустии чашм ва баёни он чи ки чашмро зиён дорад
Ҳар кӣ тандурустии чашмро нигоҳ доштан бихоҳад, бояд онро аз ғубор, дуд, ҳавоҳои андар гармию сардӣ берун аз ҳадди иътидол ва бодҳои сахт, сард ва гармсерӣ эҳтиёт кунад ва ба як чиз беист нигоҳ карда наистад. Яке аз чизҳое, ки бояд андар эҳтиёт шудан аз он доди эҳтиётро дод, бисёр гиря кардан аст. Бояд ба чизи бисёр хурд кам, вале гоҳ-гоҳе ба тариқи варзиш нигарист. Бар пушт дер набояд хобид. Бояд донист, ки бисёр ҷимоъ кардан зиёнкортарини чиз барои чашм аст. Инчунин бисёр маст шудан, шикам аз таом пур кардан ва хобидан ба ҳоли пурии шикам [зиён дорад]. Ҳамаи ғизоҳо ва ошомиданиҳои ситабр, ҳамаи чизҳое, ки мисли гандано ва девсипист сӯзишоварандаанд, ҳамаи он чизҳое, ки ба ифрот хушкӣ оваранд, аз ҷумла намаки зиёд, ҳамаи он чи аз қабили каранб ва наск, ки бухори бисёр бизоянд ва тамоми он чи ки андар лавҳҳои доруҳои сода ёд шудаанд ва барои чашм зиёнкор шуморида шудаанд, [ҳама зиён доранд]. Бояд донист, ки ҳам бисёр хобидан ва ҳам бехобии зиёд барои чашм зиёновар ва ҳадди муътадили инҳо созгор буванд.
Аммо чизҳое, ки ба кор бурдани онҳо барои чашм суд дошта, қуввати онро нигоҳ дорад, он чизҳоест, ки мисли навъҳои гуногуни тӯтиёи бо оби марзангӯш ва оби бодиён парварда аз санги сурмаю тӯтиё сохта шудаанд. Ҳар вақт оби бодиён бар чашм кашидан бисёр аҷиб аст ва суди азим бахшад. Сардибандӣ бо [оби] анори ширин [низ] аҷиб аст.
Инчунин [доруи] сардибандие, ки аз оби ҳар ду навъи анор ва дилаи он аз тариқи андар танӯр бо ангубин пухтан бисозанд ва ҳамаи он чизҳое, ки андар ҷои худ хоҳӣ донист, [сахт судманданд]. Яке аз [58] василаҳое, ки чашмро зудуда тез кунанд, андар оби равшан сар фурӯ карда, чашм кушодан аст.
Аммо чизҳои барои биноӣ зиёнкор: бархе аз онҳо феълҳову ҳаракатҳо, бархе ғизоҳо ва бархе тасарруф кардан андар ғизост. Феълҳову ҳаракатҳо ин мисли ҳамаи он чизҳоест, ки аз қабили ҷимоъи бисёр, муддати дароз нигаристан ба чизҳои равшаниафкан ва ба ҳадди ифрот хондани хатти реза боиси хушкидани [чашм] бигарданд, вале ҳадди миёнаи ин корҳо судманд бувад. Корҳои дақиқ кардан ва бегоҳӣ бо шиками пур хобидан низ [бад аст]. Баръакс, ҳар киро, ки сустии биниш аст, бояд то гуворидани [ғизо андар шикам] сабр кунад ва сипас бихобад. Ҳар гуна пурӣ ва ҳар гуна чизе, ки табиат хушк кунад, чашмро зиён дорад. Ҳар чизе аз қабили чизҳои шӯр, тез ва
ғайра, ки хунро тира бигардонанд, [каси заъфи чашм доштаро] зиён дорад. Инчунин мастӣ низ ӯро зарарнок аст, вале қай ӯро аз он ҷиҳат суд дорад, ки меъдаашро пок кунад ва аз он ҷиҳат зиён дорад, ки моддаҳои андар мағз бударо ба ҷунбиш оварда, ба сӯи [чашм] биронад.
Агар аз қай овардан чора набошад, бояд баъд аз таом ва ба нармӣ қай овард. Бисёр гармоба кардан, хоби беандоза рафтан, гиряи бисёр, раг задани зиёд ва хусусан ҳиҷомати пайдарпай ҳама зиён доранд.
Аз ғизоҳо ғизои шӯр, тез, бухороваранда ва чизҳое аз қабили гандано, пиёз, сир, бодруҷ, зайтуни расида, шибит, каранб ва наск, ки даҳони меъдаро бизананд, [чашмро зиёноваранд]. Аммо зиёни чигунагии тасарруф андар ғизоҳо бад-ин гуна аст: агар онҳоро ба наҳве тановул кунанд, ки гуворишашон табаҳ бигардад ва бухори зиёд диҳанд, чунонки инро ба ҷои худ ёд кардем ва ту аз он бохабар гаштӣ ва низ аз мақолаҳои худи ин Китоби севвум хоҳӣ донист. (113) Фасли шашум андар баёни омоси чашм ва тирагӣ
Навъе аз омоси чашм ростинӣ ва навъе омосмонанд буда, онро «тирагӣ» ва «ситабрӣ» хонанд. [Тирагӣ] гарм шудану тар гардиданест, ки аз сабабҳои беруна ба чашм ориз гардад ва ин [сабабҳо] ба мисли офтоб, сардарди сӯзон, таби якрӯзаи сӯзон, ғубор, дуд, сардӣ гоҳе ба иллати қабзият овардан, кӯфтан ба сабаби бодгирифтагӣ оварданаш ва бодҳои сахт ба сабаби ба чашм заданашон чашмро шӯридаҳол намуда, сурх созанд. Ҳамаи инҳо таъсири сабукеанд, ки сабабро ҳамроҳӣ кунанд ва баъди он чандоне напоянд, ки қобили мулоҳаза бошад. Агар муолаҷа карда нашаванд ҳам, аксар вақт баробари аз миён рафтани сабаб онҳо низ бираванд. Ин [осебро] ба юнонӣ «тораксис» хонанд. Агар инро сабаби бадание ёрӣ кунад ва ё сабаби беруние сабаби берунаи якумиро ҳамдастӣ кунад, мумкин аст ин [иллат] ғолиб омада, мисли гузаштани таби якрӯза ба табҳои дигар ба омоси ошкорои ростинӣ табдил ёбад. Ҳар гоҳ интиқол ёбад, ин чизи ба интиқол падидёфтаро андар оғоз ба юнонӣ «лақвикамо» хонанд.157 Баъзе гунаҳои омоси чашм аз паси гари чашм падид ояд ва сабабаш харошида шудани чашм бувад. Ин [беморӣ] андар оғози кор ба равиши тирагист ва онро баъд аз тарошидани гар муолаҷа кунанд.
Аммо омоси чашм ба таври умумӣ омосест, ки андар табақаи пайвасткунанда биафтад. Навъе аз он омоси сода буда, аз ҳад таҷовуз накунад ва аксар вақт ҳангоми он рагҳо бидаманд ва сайлону дард ба амал ояд. Гунае аз он бузург буда, андар бузургӣ аз ҳадд бигзарад. Ба ҳангоми он сафедӣ баландтар аз ҳадақа буда, [онро] бипӯшонад ва пилкҳо барҳам натавон ниҳод. Инро «кимусис»158 номанд ва ба наздики мо «вардина» гӯянд. Ин аксар вақт кӯдаконро ба сабаби бисёрии моддаҳо ва нотавонии чашмон рӯй диҳад. Ин [омос] нафақат аз моддаи гарм, балки аз моддаи балғамӣ ва савдовӣ низ падид ояд. Азбаски омоси ростинӣ омоси ҳадақа, балки табақаи пайвасткунандаи он аст ва азбаски ҳар омосе ё аз хун, ё аз сафро, ё аз балғам, ё аз савдо ва ё аз бод ҳамехезад, бинобар он шубҳае нест, ки сабаби омоси чашм яке аз ин сабабҳост.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор