Қонуни тиб

Андар ин шикофтагӣ [шабаҳҳо] биафтанд ва агар он баста гардад, биниш низ баста бигардад. Андаруни ин табақаи ангурмонанд,148 андар он ҷое, ки бо рутубати ҷалидӣ вомехӯрад, пурзҳое воқеъ шудаанд, то ки ҳар чи бештар ба чизи ковоку нарм монанд бошад ва то ки ранҷи совиш камтар бигардад. Сахттарин бахши он ҳамон ҷоест, ки бо табақаи шохгуни сахт дучор ояд ва [низ] он ҷоест, ки шикофта бувад ва ин аз баҳри он аст, ки то чизи шикофиро иҳотакарда сахттар бошад. Ин шикофӣ аз барои манфаати мазкур бо тарӣ пур аст ва [низ] бо рӯҳе пур бошад, ки ба ҳангоми наздик расидани марг пажмурда шудани чизи баробари шикофтагӣ буда аз он гувоҳӣ диҳад.
Аммо пардаи дуввум ниҳоят ситабр аст, то ки нек истодан битавонад. Бахши пасини онро «табақаи сахт ва ситабр» хонанд149 ва бахши пешини он ҳамаи ҳадақаро иҳотанамуда шаффоф аст, то ки монеи биниш набошад. Бинобар он ин [бахш] ба ранги шохест, ки бо тарошидану харошидан рақиқаш карда бошанд ва бад-ин сабаб онро «шохгун» хонанд150. Тунуктарин бахшҳои вай он бахшест, ки аз сӯи пеш ояд ва он ба ҳақиқат гӯӣ аз чаҳор табақаи тунук чунон таълиф ёфтааст, ки мисли пӯстлохҳои рӯиҳамрафта буда, агар яке аз онҳо пӯст карда шавад, дигаронро газанд нахоҳад расид. Гурӯҳе гуфтаанд, ки он аз се табақа иборат аст. Яке аз онҳо табақаест, ки баробари шикофтагӣ ҷойгир бувад, аз баҳри он ки ин ҷой ба пӯшидагию паноҳандагии бештаре ниёзманд аст.
Аммо [пардаи] севвум бо мушакҳои ҳаракатдиҳандаи ғӯзаи чашм омехта аст ва ҳамаи ӯ бо гӯшти сафеди равғание пур гардидааст, то ки чашму пилкҳоро нармӣ бахшад ва онҳоро аз хушкидан боз дорад. Ҷумлаи ин [пардаҳоро] «пардаи пайвасткунанда» хонанд.151 Мушакҳои ғӯзаи чашм гардонандаро андар зимни ташреҳ ёд кардем.152 Мижгон аз баҳри он офарида шудаанд, ки то ҳар чизи ба сӯи чашм парвоз кунанда ва аз сӯи сар ба сӯи ӯ фурудояндаро бигардонанд ва бо сиёҳии хеш рӯшноиро муътадил созанд, [зеро сиёҳӣ нури чашмро ҷамъ ҳамедорад].153 Растагоҳи онҳо пардаест, ки куркуракро монад. (110). Ин аз барои он чунин аст, ки то [мижгонҳо] бар вай хуб истода бошанд ва ба иллати сустии растагоҳ паҳлу назананд ва то барои мушаки бозкунандаи чашм такягоҳе чун устухон бошад ва хуб ҳаракат додан битавонад.
Пилкҳо аз бахшҳои зерин иборатанд: пӯст, сипас яке аз ду тоқи парда, баъд пиҳ, сипас мушак ва баъд аз он тоқи дигаре. Ин бахши барини он буд. Аммо бахши зерин ҷузвҳои мушакӣ надорад. Маҳалле, ки шикофтани он хатарнок аст, аз сӯи гӯшаи чашм154 ба наздики саргаҳи мушкҳо ҷой дорад.
Фасли дуввум андар шинохтани ҳолатҳо ва мизоҷҳои чашм ва гуфтори ҳамагонӣ андар баёни бемориҳои он
[Ҳолатҳои чашмро] аз тариқи чӣ гуна ба ламс дарёфтани он, аз тариқи ҳаракат, рагҳо, ранг, шакл, андоза, феъ
ли хосси он, аз тариқи чизҳои аз он ҷоришаванда ва аз тариқи чигунагии таассуроти он бишиносанд.
Шинохтан аз тариқи чигунагии ба ламс андароии он чунин бошад, ки ламс ӯро ё гарм, ё сард, ё сахти хушк ва ё нарми тар андарёбад.
Шинохтани [ҳолатҳои чашм] аз тариқи ҳаракатҳои он бад-ин гуна аст, ки бояд тааммул кард: агар ҳаракати ӯ сабук аст, ин ё бар гармӣ ва ё бар хушкӣ далолат кунад, ки ин дуро ба ҳис фарқ тавон кард; ва ё агар гарон бошад, гувоҳӣ аз сардӣ ва ё тарӣ диҳад.
Аммо шинохтани онҳо аз тариқи рагҳои чашм бад-ин гуна бувад, ки агар онҳо ситабри фарох бинамоянд, далолат бар гармии [чашм] кунанд ва агар борики ноаён дарёфта шаванд, далолат бар сардии [чашм] кунанд. Низ агар бидонанд, ки онҳо тиҳиянд, ин далели хушкӣ бошад ва ё агар [бидонанд, ки онҳо] пуранд, ин гувоҳӣ аз он диҳад, ки андар [рагҳо] модда зиёд аст.
Шинохтани [ҳолатҳои чашм] аз тариқи ранг бад-ин гуна бувад, ки ҳар ранге бар ғолиб будани хилти муносиби худ далолат кунад, яъне муроди ман рангҳои сурх, зард, арзизӣ ва хокиранг аст.
[Аммо шинохтани он аз тариқи шакли он бад-ин гуна бувад, ки хубии шакли чашм бар нерӯмандии сириштии он ва бадшаклии он бар зидди он далолат кунад. [Далолати] бузургию хурдии чашм бошад ба ҳасби он чизест, ки андар боби сар гуфта омад].155 Шинохтани онҳо аз тариқи феълҳои хосси чашм бадин гуна бувад, ки ҳар гоҳ [чашм] чизи ноаёнро ҳам аз дур ва ҳам аз наздик бибинад ва аз расидани [нури] чизҳои дидашавандаи қавӣ ранҷе наёбад, пас, ӯро мизоҷ қавӣ ва муътадил бошад. Агар биноии ӯ суст ва бар хилофи [аввалӣ] бувад, пас, андар мизоҷ ва ё сиришти ӯ табоҳӣ ҷой дорад.
Агар аз дарёфтани чизи наздик, агарчи дақиқ бошад ҳам, кӯтоҳӣ накунад, вале аз дарёфтани чизи дур кӯтоҳӣ дошта бошад, пас, рӯҳи он поку дуруст, вале андак бувад. Пизишкон чунин даъво доранд, ки он ба иллати тунукии хеш барои густариш ёфтан андар берун кифоят накунад. Муроди эшон аз ин нуре бошад, ки ба пиндошти эшон аз ҷумлаи рӯҳ аст ва [аз чашм] берун омада, ба чизҳои диданӣ биафтад. Агар аз дидани чизи дур кӯтоҳӣ надошта бошад ва агар чизи хурдеро ба вай наздиктар оваранд, набинад ва чун қадре аз вай дуртар бибаранд, бибинад, пас рӯҳаш ниҳоят тира ва ғайри равшану латиф, балки тар бувад ва мизоҷаш [низ] тар бошад. Пизишкон чунин даъво доранд, ки [рӯҳи он] ҷуз ба ҳаракати дуршавандаи [чизи диданӣ] тунуку пок нагардад, зеро ҳар гоҳ нури [чашм] ҳар қадар беш ҳаракат кунад, тунуктару латифтар хоҳад шуд. Агар [чашм] андар ҳар ду ҳолат нотавон бошад, пас, рӯҳи вай ками тира бувад.
Аммо шинохтани [ҳолатҳои чашм] аз тариқи ҳолати чизи аз он ҷоришаванда бад-ин гуна аст, ки агар [чашм] хушк буда, албатта, рим нагирад, пас он хушкмизоҷ аст.
Агар беандоза рим бигирад, пас, он сахт тар бувад.
Шинохтан аз тариқи ҳолатҳои [57] инфиолии чашм ба таври зерин аст: Агар чашм аз гармӣ ранҷ бинад ва аз сардӣ осуда гардад, пас, он ба бадмизоҷии гарм гирифтор аст ва агар баръакс бошад, [ҳолати чашм низ] баръакс бувад. Бидон, ки ҳадди миёнаи ҳар як аз ин гуна ҳолатҳо ҳолати муътадил аст, вале бинишро ҳолати муътадил беандоза хуб будани ӯст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор