Қонуни тиб

Фанни севвум
АНДАР ТАШРЕҲИ ЧАШМ
ВА ҲОЛАТҲОВУ БЕМОРИҲОИ ОН,
ки аз чаҳор мақола иборат аст
Мақолаи нахустин
АНДАР БАЁНИ ҲОЛАТҲОИ АВВАЛИИ ЧАШМ ВА
АНДАР БАЁНИ ОМОСИ ЧАШМ
Фасли нахустин
андар баёни ташреҳи чашм
Қувваи биноӣ ва моддаи рӯҳи бино ба сӯи чашм аз тариқи ду асаби дарунтиҳие бирасад, ки онҳоро ҳангоми баёни ташреҳ донистӣ141. Ҳар гоҳ бахшҳои асабӣ ва пардагии ҳамроҳи онҳо буда ба хонаи чашм фуруд оянд, охири ҳар кадоми онҳо фароху пур гардида, ба андозае густариш ёбад, ки рутубатҳои андар ҳадақа бударо фаро бигирад. [56] Миёнгини онҳо [рутубати] ҷалидист142. Ин рутубати равшани шабеҳ ба жола ва яхпора буда, гирд аст, вале паҳн шудан аз сӯи пеш аз гирдии он бикоҳад.
Аз баҳри он паҳн гардонида шудааст, ки то чизҳо андар он ба миқдори бештар инъикос ёбанд ва чизҳои дидашавандаи хурд аз бахши расое аз маҳалли инъикосёбӣ бархурдор бошанд. Ҳамчунин бахши охири онҳо каме бориктар бувад, то ки ҷисмҳои онҳоро андар хеш нигоҳдоранда бо онҳо хубтар ошно бошанд. Он [ҷисмҳо] нахуст борику сипас паҳни фарох бигарданд, аз баҳри он ки то [тарии ҷалидиро] хубтар андар хештан бидоранд.
Ин тарӣ аз баҳри он андар миёна ҷой гирифта аст, ки миёнҷой бехатартарини ҷойҳост ва аз паси он рутубати дигаре ниҳода шудааст, ки (109) аз мағз ояд ва аз баҳри ғизо додани ӯ бувад, зеро ин [тарӣ] ба тадриҷ ба хуни холис бирасад. Ин рутубат андар равшанӣ обгинаи гудохтаро монад143 ва каме ба сурхӣ бигарояд. Равшании вай аз он аст, ки аз [чизи] равшан ғизо бигирад ва ба сурхӣ гароиданаш аз он аст, ки аз гавҳари хун буда, ҳанӯз пурра ба гунаи чизи аз он ғизогиранда нагардида бувад. Ин рутубат аз баҳри он аз [рутубати ҷалидӣ] сипастар ояд, ки вай ба миёнчии [пардаи] «тӯрӣ» аз мағз ба сӯи ин [рутубати ҷалидӣ] фиристода шудааст ва бинобар ин боистӣ, ки аз сӯи [мағз] ҷойгир бошад. Ин рутубат рӯи ними бахши пасини рутубати ҷалидиро то [ҳудуди] бузургтарин доира пӯшидааст.
Аз пешгоҳи [рутубати ҷалидӣ] рутубати дигаре омадааст, ки ба сафедии хояи мурғ монандӣ дошта, онро «рутубати сафедимонанд» номанд144. Чунин ба назар бирасад, ки он фазлаи гавҳари [рутубати] ҷалидист ва фазлаи чизи равшан равшан бувад. Ин аз баҳри як сабаби пешоянда ва як сабаби ғоявинамое андар пешгоҳи [рутубати ҷалидӣ] ҷой гирифта аст. Сабаби пешоянда ин аст, ки ҷиҳати фазла бояд муқобили ҷиҳати ғизо бошад. Сабаби ғоявӣ ин аст, ки бояд рӯшноӣ бар [рутубати] ҷалидӣ ба тадриҷ бизанад ва бояд чизе пардамонанд ӯро пӯшида бошад. Сипас охири асаб рутубати обгинамонанд ва ҷалидиро то ба ҳадде фаро гирифтааст, ки миёни рутубати ҷалидӣ ва рутубати сафедимонанд ҷой дорад. Ҳадде, ки то ба наздики рутубати обгинамонанд бирасад, иклилро тавре фаро гирифтааст, ки ҳамчун тӯр сайдро фаро гирифта бошад ва бинобар ин онро «тӯр» хонанд.145 Аз тарафи [пешини] он бофтаи анкабутие растааст,146 ки аз он пардаи латифе падид ояд ва баробари он аз бахши машимавие, ки баъд ёдаш хоҳем кард, риштаҳое нуфуз кардаанд.
Ин парда ҳамчун девор миёни рутубати ҷалидӣ ва рутубати сафедимонанд афтидааст, то андар миёни чизи латиф ва чизи касиф деворе бошад ва то ки ғизо аз сӯи пеш аз бахши тӯрӣ ва машимаӣ гузашта, ба сӯи вай ояд. Ин [парда] аз баҳри он чун ошёни анкабут тунук аст, ки агар ба таври ситабр андар пеши рутубати ҷалидӣ меистод, бешубҳа чунин муҳолот ба миён меомад, ки нури аз тариқи [рутубати] сафедимонанд расидаро аз рутубати ҷалидӣ мепӯшид. Аммо як тарафи пардаи тунук аз барои он пур гардида, ба шакли машимаи аз рагҳо бофта гардидааст, ки ба ростӣ вай гузаргоҳи ғизост ва эҳтиёҷ ба он нест, ки ҳамаи бахшҳои ӯ аз барои манфаати ғизогирӣ сохта шуда бошанд, балки бахши пасини вай, ки «машимавӣ» ном дорад,147 кифоят аст.
Аммо он бахш, ки аз он ҳад гузашта, ба сӯи пеш омадааст ва ба пардаи қариб ситабре табдил ёфтааст, ҳамон чизест, ки ранги осмонгунии миёни сафедию сиёҳӣ дошта, аз баҳри он аст, ки то биноиро ҷамъ намояд ва рӯшноиро муътадил созад, чунонки ҳангоми монда шудани [чашм] мо ба торикӣ ва ё ба шакли аз торикӣ ва рӯшноӣ таркибёфта паноҳ бурда, чашмро бипӯшем. [Низ] барои он аст, ки то миёни рутубатҳо ва [табақаи] шохгуни ниҳоят сахт ҳамчун деворе бошад, то ки чун бахши миёнгини муътадил бошад ва то ки [табақаи] шохгунро бо чизи аз тариқи пардаи машимаӣ барояш расида ғизо бидиҳад. Ӯ [чашм ро] аз сӯи пеш пурра иҳота намекунад, то ки монеи шабаҳҳои [аз берун] расанда набошад, балки аз пешгоҳи худ сӯрохие ва шикофтагие боқӣ мондааст, чунонки ангурро баъд аз дур сохтани думчааш чунин [шикофтагӣ] боқӣ монад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор