Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Бидон, ки ҳар гоҳ паридан ҳамаи танро фаро бигирад, аз сакта ва ё кузоз огоҳӣ диҳад, агар андар мароқ давом ёбад, аз молихулиё ва саръ ва агар андар рӯй давом ёбад, аз лақва огоҳӣ хоҳад дод. Паридани фурӯсӯи сари паҳлуҳо гоҳе далели омосе бошад, ки андар ҳиҷоб падид ояд, зеро ин [ҷойҳо] аз тобеъоти [ҳиҷоб] аст.
Илоҷи паридани думодум: Ҳангоми он бо доруҳои гармибандии гармифизой гармибандӣ кунанд, ба шарте ки фоида бахшад, вагарна равғанҳои ҳалкунандаро ба кор бурда, нахуст аз камқуввати онҳо оғоз кунанд ва ба қавитари онҳо гузаранд. Агар [бо ҳамин беморӣ биравад] хуб, агар не, ба [бемор] доруи исҳол бидиҳанд ва баъди он ба андом пайваста доруҳои гармиоваранда бимоланд. Гунди бедастарро бо ёсамин (занбақ) андар ин бобат хосияти [аҷибест]. Яхоб, хамри зиёд ва чизҳои бодангезу сардифизой набояд истеъмол кард. Илоҷи ин [беморӣ низ] ба илоҷи ҳамҷинсонаш наздикӣ дорад.
Гуфторро оид ба бемориҳои асаб андар ин ҷой ба поён расонида, бо [баёни бемориҳои] ҳиссӣ, ҳаракатӣ ва вазъии ин [гурӯҳ] басанда кунем. Аммо баёни омосҳо, гусастагиҳои пайвастагӣ ва ғайраро ба хости Худо сипас андар Китоби чаҳорум хоҳем овард.

пешина
аз 1215
навбатӣ