Қонуни тиб

Агар модда бо хун якҷоя бошад, [ҳолати] видоҷҳо, рагҳо, чашм, пурии набз ва далелҳои дигаре, ки борҳо такрор ёфтанд, аз он гувоҳӣ диҳанд. Агар [фалаҷ] аз рутубати холис падид омада бошад, бад-он сафедӣ ва ҷунбон шудани [гӯшти тан] далолат кунанд. Агар [фалаҷ] баъд аз қулинҷ ва ё табҳои тез ба амал омада бошад, далели он қулинҷ ва табҳои тез буванд. Агар сабабаш бадмизоҷии танҳои сард ва ё тар бошад, чунин [фалаҷ] якбора ба амал наояд ва андар ин миён нишонаҳои дигаре мавҷуд набошанд. [Низ] аз тариқи ламс ва сабабҳое, ки андар ин андом таъсир доранд, бар ин [фалаҷ] тавон ҳукм кард. Гуфтаанд, ки чун пешоби бачаро сабз дарёбӣ, ин огоҳӣ аз он диҳад, ки ӯ ба фалаҷ ва ё ташаннуҷ гирифтор хоҳад шуд.
Муолаҷаҳо: Ҳангоми панҷ бемории асаб, яъне карахтӣ, ташаннуҷ, раъша, фалаҷ ва истирхо бояд оҳанги [муолаҷаи] бахши пасини мағз бикунӣ. Андар ибтидои кор зуд ба истеъмоли доруҳои қавӣ нашитоб, балки ин корро то рӯзи чаҳорум ва ё ҳафтум мавқуф бигузор ва агар иллат қавӣ бошад, то ба рӯзи чаҳордаҳум ба таъхир андоз. Андар ин ҳангом бояд ба чизҳои латифе кифоят кард, ки нармӣ оваранд, бипазонанд ва исҳол оваранд. [Низ] андар ин ҳангом аз ба кор бурдани ҳуқнаҳо боке нест.
Сипас баъди он бо доруҳои истифроғоварандаи қавӣ ба истифроғ бипардоз.
Аммо тадбири ғизои эшон бад-ин гуна бошад: Бояд ҳангоми нав зоҳир шудани [беморӣ] каси гирифтори фалаҷ ду-се рӯз танҳо бо оби ҷав ва оби ангубин барин чизҳо кифоят кунад. Агар қувваташ тоб овардан битавонад, то рӯзи ҷаҳордаҳум [чунин бояд кард] ва агар тоб овардан натавонад, ба ӯ гӯштҳои парандагони сабук бидеҳ.
Бикӯш, ки ӯро гурусна бидорӣ ва баъди [гуруснагӣ] ғизоҳои хушкаш бидеҳ, сипас муддати дароз ӯро ташна нигоҳ дор. Эшонро аз мағзи чилғӯзаи санавбари бузург нуқл кардан ба иллати хосияти доштааш судманд аст. Бидон, ки об барои эшон беҳтар аз шароб аст, аз баҳри он ки шароб моддаҳоро андар асабҳо бигзаронад ва бисёри он мумкин аст андар баданҳояшон туруш шуда, сирко бигардад.
Сирко барои асаб зиёнкортарини чизҳост.
Баъд [фалаҷе], ки аз печидагӣ ва ё аз фишурдагӣ хезад, онро бо доруҳое муолаҷа кунанд, ки андар боби печидагию фишурдагӣ ёд шуданд ва минбаъд [ёд хоҳанд шуд].
Агар [фалаҷ] аз афтидагӣ ва ё кӯфтагӣ ба амал омада бошад, илоҷи он душвор аст, вале ба ҳар ҳол бад-ин гуна муолаҷа кунанд: агар бибинанд, ки он [кӯфтагӣ] боиси печидагӣ, ё омос ва ё кашида шудани модда гардидааст, ҳар якро бо [доруи] лозимаи худ муолаҷа кунанд. Бояд доруро ҳангоми муолаҷаи он, ба кадом ғаразе набошад, бар ҷойгоҳи кӯфтагӣ ва бар саргаҳе ниҳод, ки асаби ба сӯи андоми фалаҷ расида мутаваҷҷеҳ аз он ҷой берун шудааст. Аммо ниҳодани доруҳо бар худи андоми фалаҷрасида чандон суде надорад, ки қобили эътибор бошад. Мақсуд аз дору, хоҳ манъи омос бошад, хоҳ суст кардан ва хоҳ гармӣ афзудан ва гардонидани мизоҷ бошад, вале зинҳор онро бар растагоҳҳои асабҳо наниҳӣ.
Гоҳе эҳтиёҷ бад-он афтад, ки ба наздики андоми кӯфт
хӯрда ва омосидаи рӯ ба ҳал шудан оварда миҳҷамаҳо биниҳанд ва хунро аз он сӯй ба дигар сӯй ва ё ба зоҳири тан бикашанд.
Агар беморӣ фалаҷи ростиние бошад, ки ба сабаби истирхои асаб ба амал омада бошад, баъд аз тадбири муштарак он коре, ки бояд бикунанд, ин аст, ки моддаро айнан бекаму кост ба ҳамон тарзе истифроғ кунанд, ки мо андар баёни истифроғи моддаҳои тунук расму ҳадди ин [тарзро] овардем.
Беҳтарин чизҳое, ки бо онҳо истифроғ оваранд, ҳабби фурбиюн, ҳабби «бемористонӣ», ҳабби шитараҷ, «ҳабби бадбӯй» ва ёраи Ҳурмус мебошанд. Бо харбақи сафед, чунонки ҳаст ва ё бо фишурди турбе, ки андар он қуввати [харбақ] бошад ва инчунин бо дигар доруҳои қайовар қай овардан судманд аст. Гоҳе андар ин кор ба тадриҷ рафта, нахуст ба бемор як донг тарёк бидиҳанд, сипас онро андак-андак афзоиш бидиҳанд, вале то ба як дирам нахоҳанд расонд. Гоҳе [тарёкро] бо кунҷиди муқашшар ва шакар биомезанд. Гоҳе [ба бемор] сакбина, чунонки ҳаст, говшир чунонки ҳаст ва гунди бедастар бо шароби ангубин биошомонанд. Як ошомидании он ба қадри як боқилло бувад. Инҳо барои [чунин беморон] сахт судманд аст. Бояд эшонро бо ҳуқнаҳои қавӣ ҳуқнарезӣ кард, шиёфҳои қавӣ ба зерашон барзад, моддаҳоро ба сӯи поин майл дод ва сутунмуҳраашонро бо равғанҳои қавӣ чарб кард. Эшонро хусусан ҳангоми бекор шудани ҳис чарбҳои гарме аз миёни равғанҳо ва зимодҳои сурхиоварандае судманданд, ки борҳо ёд карда шуданд. Бехи савсан барои сурхӣ овардан яке аз доруҳои хубест, ки бо он ба тариқи чарб кардан совиш бидиҳанд.
[Чунин беморонро] бар сари мушакҳояшон аз ғайри буриш гузоштани миҳҷама судманд аст, лекин бояд баъд аз истифроғ (94) ба мақсади гарм гардонидани мушакҳо [гузошта шавад]. Гоҳе ба як миқдор буридан эҳтиёҷ афтад. Бояд миҳҷамаҳо даҳонтанг бошанд ва бо оташи зиёд часпонида шаванд, то ки ҳар чи бештар ба худ бикашанд, фурӯтар нишинанд ва зудтар канда шаванд. Ҳар гоҳ миҳҷамаҳо ба кор бибарӣ ва агар истирхо бисёр ва парешон бошад, бояд онҳоро ба таври парешон бар ҷойҳои зиёде биниҳӣ ва агар истирхо зиёд набошад, миҳҷамаҳоро андар як ҷой бо ҳам ҷамъ бигузор. Баъд аз паси [миҳҷама] зифт ва самғи санавбарро ба кор бибар ва аз болои он ягон зимоди гарми сурхиоваранда, масалан, зимоди орди шайлам ва савсанро бо ангубин зимод кун. Зимоди хардал низ яке аз чизҳои барои эшон судманд аст. Ҳар бор ки қувваташ кам шуд, зимодро иваз кун [ва ин корро] то сурх шудани андом ва то обила кардани он давом бидеҳ. Зимоди шитараҷ аз барои фалаҷ суди бузург дорад ва он аксар вақт аз истеъмоли софсиё ва хардал бениёз гардонад. Зимоди зифт хусусан бо натрун ва гӯгирд ва молиш додан бо равғани зайтун, натрун, обҳои гӯгирдӣ, оби дарё ва пухтаковҳои мутлақ низ [ҳама] судманданд.
Агар ҳис заиф бошад, мумкин аст, зимоди қавӣ [пӯстро] реш кунад, вале ҳис карда нашавад ва ин боиси падид омадани осеб ва реши қавие бигардад. Бинобар ин, бояд аз он эҳтиёт шуд ва ҳолати таъсири зимодро тааммул намуд: Агар [зимод] ба андозае сурхию дамидагӣ оварад, ки аз пӯст нагузарад ва бо оҳиста зер кардани ангушт биравад ва ҷои он сафед бигардад, пас, таъсир аз пӯст нагузашта бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор