Қонуни тиб

Агар сурхӣ устувортару гармӣ зоҳиртар бошад, [зимодро] бигир. Ваҷҳи шинохтани ин чунин аст, ки бояд зимодро ҳар сари чанд вақт афзуда, ҳолатро мушоҳада кунӣ: агар ҳолат бас кардани зимодро тақозо кунад, даст аз он бардорӣ ва ё агар дубора давом доданро тақозо кунад, зимод карданро давом бидиҳӣ.
Бидон, ки дамидани кундуша бар бинии [беморон] сахт судманд аст ва ҳар чи ки ба равиши он бошад, низ чунин бувад, аз баҳри он ки ин мағзро пок кунад ва моддаҳои боиси беморӣ бударо аз маҳалли беморӣ ба дигар сӯй бигардонад. Шароби ками куҳан аз тамоми бемориҳои асаб ниҳоят судманд аст, вале бештари он барои асаб зиёнкортарин чиз бувад. Истеъмоли ваҷи парварда яке аз чизҳоест, ки барои эшон суд оваранд. Агар ба эшон ёраҳоро омехта, бо гунди бедастар барин чизҳо як дирамӣ дода, ин миқдорро тадриҷан ба ҷое бирасонанд, ки то шаш дирам аз онро бо даҳ дирам оби ангубин биошомонанд, низ судманд бошад. Ҳамчунин додани равғани беданҷир бо оби бехҳо сахт суд дорад. Баъзе касон фалаҷро бад-ин гуна муолаҷа кардаанд, ки чун ҳар рӯзе як мисқол ёраро бо як мисқол мурч ба [бемор] додаанд, ӯ шифо ёфтааст.
Ҳар гоҳ чизе аз ин гуна чизҳоро [ба бемор] бидиҳанд, бояд ба ӯ об надиҳанд, то ки он [дору] андар меъда дер бимонад. Гоҳе мумкин аст он тамоми рӯз андар [меъда] биистад ва баъд амал кунад. Бисёр бошад, ки ба чунин [беморон] шаб як мисқол мурчро бо як мисқол гунди бедастар биошомонанд.
Барои эшон ҳеҷ чиз мисли тарёк, масрудитус, шалисо ва хусусан анақардиё хуб нест. Ангужад низ чи аз тариқи ошомидан ва чи аз тариқи андудан ва хусусан агар рӯзе ду бор истеъмол кунанд, судманд аст. Фундуқи ҳиндӣ низ аҷиб аст.
Ҳар гоҳ андом рӯ ба беҳӣ ниҳад, бояд баъди он ӯро варзиш дод ва фишурду кушод, то ки пурра беҳ бигардад.
Гоҳе [чунин беморон] аз таб, дод задан ва қироати баланд суд бигиранд. Баъд аз адои истифроғҳо ва фоидабардорӣ аз онҳо гармобаи дарозмуддати хушк ба кор баранд ва ё аз оби гармчашмаҳо истифода кунанд. Андар поёни кор, баъд аз истифроғҳо кардан ва ҳангоме ки бояд ба ҳал кардан пардохт, ҳал кардан бояд на бо доруҳои нармсозандаи сода, балки бо доруҳое ба амал оварда шавад, ки андаке гирандагӣ ҳам дошта бошанд. Бинобар он бояд, ки масалан, бо анисун, майъа, гунди бедастар, гӯргиё ва дигар доруҳое ба таҳлил пардохт, ки гарми гирандаанд.
Аммо фалаҷи баъд аз кулинҷ баамаломадаро доруе суд дорад, ки аз сафедори румӣ сохта бошанд ва андар Қарободин навишта шудааст. [Чунин беморонро] равғанҳое судманданд, ки чандон қавӣ ва мураккаб нестанд, балки аз қабили равғанҳои зерин буванд: равғани савсан, равғани нордин, равғни бобуна, равғани беданҷир, равғани наргис ва равғани занбақ. Равғани сафедори румӣ, равғани наргис ва равғанеро, ки аз самғи балозур сохта шудаст, чун санҷидаанд, ҳамаро [49] ба сабаби хосияташон судманд дарёфтаанд. Мардумони зиёде аз ин [равғанҳо] ба сабаби қуввату сардӣ бахшидан ва моддаро гардонидани онҳо баҳраҳо бардоштаанд ва ҳол он ки агар
бо гармӣ муолаҷа мекарданд, иллаташон афзоиш меёфт, аз баҳри он ки моддаи тунук бо ёрии гармӣ бештар густариш ёбад ва агар андом сард гардонида шавад, бо ёрии сардӣ андом қавӣ ва ҳаҷми модда хурд бигардад ва [модда] рӯ ба нестӣ ниҳад.
Андар гармифизоии [чунин беморон] набояд муболаға кард, валекин бояд (95) доруҳо бо бобуна, шоҳафсар, марзангӯш, наъно ва пудина барин чизҳо қавӣ гардонида шаванд ва низ ба ғайр аз ин бо онҳо чизҳое бояд биомехт, ки аз қабили рубби ширинбаён, тухми коснӣ ва ғайра андаке хосияти сардиоварӣ дошта бошанд. Агар ин чизҳоро ба кор бибаранд, ниҳоят судманд буванд.
Фалаҷи аз буридан баамаломадаро ҳеҷ илоҷе нест.
Аммо фалаҷеро, ки аз мизоҷи сард бархоста бошад, бояд бо доруҳои гармиоварандаи маъруф муолаҷа кард. Ҳар киро сабаби [падид омадани] чунин мизоҷ ошомидани оби гарми зиёд бошад, бояд аз гармобаи хушк истифода барад.
Бидон, ки ҳар гоҳ фалаҷу таб ба ҳам ҷамъ омада бошанд, муолаҷаи фалаҷро ба таъхир гузор. Сикангубин бо гулангубин андар ин гуна ҳолат аҷаб доруи хубест.
Фасли чаҳорум андар баёни ташаннуҷ
Ташаннуҷ бемории асабиест, ки ба сабаби он мушакҳо ба саргаҳҳои хеш ҳаракат кунанд ва аз кушода шудан рӯй битобанд. Бинобар ин, баъзеи онҳо бад-ин ҳол боқӣ бимонанд ва боз нагарданд ва баъзеяшон ба осонӣ дубора боз шаванд, чунонки ба ҳангоми ҳукак ва даҳонфожа чунин бошад.
Сабаби ташаннуҷ ё модда аст ва ё ғайри модда, масалан, гармӣ ва ё хушкист. Моддаи ташаннуҷ андар бештари ҳол балғамӣ бувад, вале мумкин аст, гоҳе савдовӣ ва гоҳе хунӣ бошад. Ин [ҳолат] андар омосҳои мушакҳо ҳангоме рӯй диҳад, ки моддаи омосангез андар шикофтагиҳои лифи асаб андаромада, онро паҳноӣ биафзояд ва дарозӣ бикоҳад. Ҳангоми ҳар як ташаннуҷи моддӣ моддае, ки боиси падид омадани он гардидааст, ё тамоми мушакро фаро гирифта бошад ва ин ҳангоме бувад, ки ташаннуҷ бидуни омос ба амал омада бошад ва ё андар як мавзеъ ҳосил шуда, дигар бахшҳои боқимонда бадон мутобаат кунанд, чунонки ҳангоми ташаннуҷи ба сабаби омос падидомада чунин бувад [ва ин омос] натиҷаи рехтани моддае бошад, ки ба сабаби кӯфтагӣ, ё буридагӣ ва ё дигар сабабҳои омосоваранда ба амал ояд.
Шубҳае нест, ки гунае аз ташаннуҷ аз боди дамоварандаи зич падид ояд. Ба фикри ман ин гуна [ташаннуҷ] бисёр вақт ориз гардида, зуд нест шавад.
Ташаннуҷи моддӣ аксар вақт ба тариқи аз ҷое ба ҷое гузаштани модда ориз бигардад, чунонки аз паси хуноқҳо, барсом ва сарсом чунин ҳол ба амал ояд.
Аммо он гунае аз ташаннуҷ, ки ба сабаби набудани модда ва рутубат ва ғалаба кардани хушкӣ ба амал меояд, аз сабаби он чунин ҳолате ориз бигардад, ки мушак аз дарозо ва ҳам паҳно бикоҳад ва чун пӯсти андар оташ дошташуда печида, андар хеш ҷамъ ояд. Ту худ ҳоли ватарҳоро ҳамедонӣ. Онҳо андар зимистон ба иллати намнокӣ кӯтоҳ намегарданд, вале андар тобистон ба иллати хушкӣ кӯтоҳ шаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор