Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

[Низ] бидон, ки ҳар гоҳ осеб ва моддаи баамаловарандаи фалаҷ андар нимае аз шикамҳои мағз ҷой дошта бошад, [фалаҷ] тамоми як ними тан ва як ними рӯйро фаро бигирад. Агар андар маҷроҳои як нима ҷой дошта бошад, низ чунин хоҳад буд. Ҳамчунин агар [модда] андар ҳар ду нимаи шикамҳои мағз ва ё маҷроҳои он мебуд, сакта ба амал меомад. Агар [осеб ва модда] ба наздики растагоҳи ҳароммағз биафтад, тамоми тан ба ғайр аз андомҳои рӯй гирифтори фалаҷ бигардад ва гоҳо ба изофаи он агар гузаштани ҳис қатъ гардад, мумкин аст андар пӯсти сар карахтӣ ба амал ояд, зеро чунонки баён кардем, асаби ҳассоси пӯсти сар аз сӯи гардан ояд. Агар [осеб ва модда] андар як нимаи растагоҳи ҳароммағз ҷой дошта бошад, [фалаҷ] тамоми ин нимаро, аз ғайри рӯй, фаро бигирад. Агар аз растагоҳ фурӯтару дарунтар ва ё андар як нима ҷой дошта бошад, (92) андомҳое, ки ба асаби аз он ҷой бароянда пайвастаанд, гирифтори истирхо ва фалаҷ бигарданд.
Агар [сабаб] на аз ҳароммағз, балки аз асаб бошад, ҳар чизи бад-он асаб хосбуда ба истирхо гирифтор ояд. Агар [осеб] андар тамоми асаб, ё андар ними он ва ё андар як бахше аз он биафтад, он [андоми] аз асабе ба ҳаракат оянда, ки ба сабаби модда, ё аз ҳам гусехтани фард ва ё варам осеб дидааст, ба истирхо гирифтор шавад.
Гунае аз фалаҷ онест, ки ҳамчун буҳрони қулинҷ ба амал ояд ва бисёр бошад, ки ҳангоми он ҳис боқӣ бимонад, зеро андар ин ҳолат модда андар таркиби асабҳои ҳаракат бувад, на андар [асабҳои] ҳис. Бархе аз пизишкони пешин чунин ёд кардаанд, ки қулинҷ баъзе солҳо ҳамаро гирифта, бисёр касонро куштааст ва ҳар касе, ки зинда мондааст, ба сабаби фалаҷи доманадоре зинда мондааст, ки ӯро ба амал омадааст. Чунин ба назар бирасад, ки [андар ин ҳолат] табиат моддаи ба сӯи рӯдаҳо ояндаро афшонда, ба берун рондааст ва азбаски [он модда] барои аз тариқи арақ берун шудан ситабрӣ кардааст, бинобар он андар асабҳо андаромада фалаҷ ба амал овардааст. Аксар вақт чун ин гуна [фалаҷ] ба амал ояд, баробари он ҳис ба ҳоли хеш боқӣ хоҳад монд. Гунае аз фалаҷ онест, ки ҳамчун буҳрони бемориҳои сахт падид ояд ва ба сӯи асабҳо гузаштани модда боиси он гардида бошад. Ин ҳангоме бошад, ки табиат ба сабаби синну сол ва ба сабаби нотавонӣ истифроғи пурра кардан натавонад ва боқимондаҳои модда андар ноҳияҳои мағз боқӣ бимонад. Бинобар он, баъд аз анҷоми [беморӣ] сардард ва саргаронӣ боқӣ монанд. Сипас табиат он [моддаҳоро] на ба тариқи истифроғи пурра, балки ба тариқи аз ҷое ба ҷое рондан биронад, ки бар асари он фалаҷ ва монанди он ба амал оянд.
Бештари фалаҷе, ки рӯй бидиҳад, ҳангоми шиддат ёфтани сармои зимистон рӯй диҳад ва гоҳе ба сабаби аз пурӣ ҳаракат кардани [хилтҳо] андар баҳор низ падид ояд.
[Фалаҷ] гоҳе андар кишварҳои ҷанубӣ касонеро ориз бигардад, ки аз панҷоҳ гузаштаанд ва ё қариб [панҷоҳсолаанд]. Ин ба тариқи назлаҳое падид ояд, ки аз сарҳои эшон ронда шаванд ва ин ба иллати бисёрии [моддаест], ки мизоҷи ҷанубӣ сарро аз он пур кунад.
Набзи каси ба фалаҷ гирифтор камқуввати оҳиста ва

ноҳамвор бувад ва ҳар гоҳ иллат қувватро бемадор кунад, набз нотавон шуда, думодум ояд ва гоҳгоҳию бенизом гардад. Пешоб ба ҳангоми [фалаҷ] бештар сафед бувад ва гоҳе ба иллати оҷиз мондани ҷигар аз ҷудо кардани хун аз бахши обӣ, ё ба иллати хунро кашида натавонистани рагҳо, ё ба иллати дарде, ки гоҳе ҳангоми ин беморӣ ба амал ояд ва ё ба иллати бемории дигаре, ки ҷуфти фалаҷ бошад, пешоб сахт сурх бигардад.
Гоҳе чунин рӯй диҳад, ки нимаи аз фалаҷ солим монда чунон афрӯхта бигардад, ки гӯӣ андар оташ аст ва нимаи дигари ба фалаҷ гирифтор чунон сард бувад, ки гӯӣ андар яхаш гирифта бошанд. Набзи ҳар ду ним гуногун буда, набзи нимаи сард ба андозае афтода бошад, ки ба муҷиби ҳукмҳои сард бувад. Гоҳе ҳол ба ҷое бирасад, ки чашми аз он нима буда хурд бигардад. Ранги ҳар андоме аз андомҳои ба истирхову фалаҷ гирифтор, ки бар ранги дигар ақсоми тан бошад ва он андом на хурду на пажмурда гардида бошад, умед бар шифо ёфтани он бештар аз он андоме бошад, ки баръакси вай бувад.
Мумкин аст баъзе гунаҳои сакта, саръ, қулинҷ, ихтиноқи раҳм ва табҳои дерина низ ба тариқи буҳрон ба фалаҷ бигузаранд. Фалаҷе, ки аз беҷой шудани муҳраҳо падид ояд, андар бештари ҳолатҳо марговар аст. Он фалаҷе, ки аз бархурдан падид омада ва асаб чандоне кӯфт нахӯрдааст, шояд беҳӣ биёбад, вале агар бархӯрӣ ба ифрот рӯй дода бошад, умеди беҳӣ нест. Ба ҳангоми фалаҷе, ки умеди беҳ шудан дорад, [муолаҷаро] бояд аз раг задан оғоз кард.
Мо ёдовар шудем, ки чӣ гуна моддаи фалаҷ густариш ёфта, ба сакта ва ё баръакс, [сакта ба фалаҷ] табдил меёбад.
Нишонаҳо: Фалаҷе, ки аз сабаби печидагӣ, ё афтидан, ё кӯфт хӯрдан ва ё бурида шудан ба амал омада бошад, худи сабабҳо аз он гувоҳӣ диҳанд. Гоҳе ба ҳангоми бурида шудан, агар асаб амиқ ҷойгир шуда бошад, мумкин аст сабаб маълум нагардад ва далели ин гуна [фалаҷ] он бошад, ки якбора ба амал ояд ва тадбир кардан бефоида бошад.
Фалаҷе, ки пазирои илоҷ аст, он фалаҷест, ки на аз буридагӣ, балки аз омос ва монанди он падид омада бошад.
Агар аз омоси гарм падид омада бошад, кашидашавӣ, дард ва таб бар вай гувоҳӣ диҳанд ва агар аз омоси сахт падид омада бошад, ламс, гиреҳзадагии андар асаб ҳискардашаванда ва дарди пеш аз ин ба амал омада аз он гувоҳӣ диҳанд. Ин гуна [фалаҷ] андар бештари ҳол баъд аз кӯфт хӯрдан, печидагӣ ва ё омоси гарм падид ояд.
Агар [фалаҷ] аз омоси нарм рӯй дода бошад, шинохтани он душвор бувад, вале он бар ҳамаи ҳолатҳо аз дарди андак, карахтӣ, таби сабук ва ба ҳасби ҳаракатҳову ғизоҳо афзудану костани дард холӣ нест ва пайдоишаш на ба якборагӣ бувад. Ба изофаи ҳамаи ин бемор чун ҳаракат кардан бихоҳад, чунин ҳис кунад, ки айнан дар он мавзеъ чизе мумонааташ дорад.
Ба ҳангоми фалаҷе, ки аз рутубати паҳншуда хезад, худованди он чизеро ҳис кунад, ки андар тамоми андоми фалаҷрасида давида истодааст. Бар фалаҷи аз ситабрии асаб падидомада чунин ҳол далолат кунад, ки андом баъд аз фишурдани худи бемор, агар битавонад ва ё баъд аз фишурдани каси дигар ба душворӣ кушодаву суст бигардад (93) ва андомҳо на чуноне нарм бошанд, ки [48] ба ҳангоми фалаҷи мутлақ нарманд.

пешина
аз 1215
навбатӣ