Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Бархе пизишкон аз нуқлҳои барои эшон судманд
истеъмоли ҷав, наск, мавиз, бодом ва анҷиро маъқул донистаанд. Шароби нав барои эшон созгор нест, аз баҳри
он ки андар он фазлаҳост ва шароби куҳан барои он
созгор нест, ки он зуд ба сӯи мағз шитофта, онро пурӣ
оварад. Балки созгортарин шароб барои эшон миёни ин
дуст. Ҳар гоҳ каси ба сакта гирифторро таб падид ояд,
андар амри ӯ сабр кунанд, то маълум гардад. Гоҳе ин

мумкин аст буҳрон бошад ва муҳлати [интизорӣ] то 72 соат давом кунад. Агар чунин набошад, балки таб ба сабаби омосе ва уфунате падид омада бошад, ин ҳалокатовар хоҳад буд. Бидон, ки сактаву фалаҷ маҷроҳоро танг кунанд ва доруҳои истифроғоваранда моддаи фоили хосси онҳоро ба истифроғ берун кардан натавонанд.
Пизишк бояд андар кори муолаҷа дилгир нашавад ва бедареғ таҳқиқ намояд.

пешина
аз 1215
навбатӣ