Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Фанни дуввум
АНДАР БАЁНИ
БЕМОРИҲОИ АСАБ,
ки аз як мақола иборат аст
МАҚОЛАИ ЯГОНА

[Фасли нахустин
андар баёни бемориҳои асаб]125

Оид ба худи асаб бошад, чигунагии пайдоиш, паҳншавӣ, намуд, табъ ва ташреҳи онро донистӣ. Аммо оид ба бемориҳои он бошад, бидон, ки ӯро мумкин аст ҳар се синфи бемориҳо, яъне бемориҳои мизоҷӣ, бемориҳои афзорӣ ва бемориҳои аз ҳам гусехтани фарди муштарак ориз бигарданд. Андар феълҳои табиӣ, ҳиссӣ ва ҳаракатии он осеб биафтад ва ҳаракатҳои сахтро низ андар падид овардани иллатҳои асаб беш аз дигар чизҳо далолати бузург аст, зеро [асабҳо] афзорҳои ҳаракатҳоянд. Ҳаракатҳои сахт, масалан, худро ба банд кашидан, чизи гароне бардоштан ва ҳар коре бошанд, ки ҳангоми он бозшудани қавӣ ва ё фишурда шудану ҷамъ гардидан ба амал ояд.
Оид ба ҳолатҳои асаб аз тариқи феълҳои ҳиссу ҳаракат, аз тариқи ҳосил кардани эҳсоси нармию сахтӣ ба ҳангоми совиш, аз тариқи анбозии мағз ва сутунмуҳра бо асаб, аз тариқи дардҳо ва моддаҳое, ки ба асаб хосанд ва [аз тариқи] бештари он нишонаҳое огоҳӣ пайдо кунанд, ки бо ёрии онҳо ҳолатҳои мағз дониста шуда ва бештарашон аз зиёнҳои феълҳо ва аз ҳисси совиш гирифта шуда бошанд.
Агар ҳангоми ягон бемории асаб андар шинохтани тар ё хушк будани он мушкиле пеш ояд, бибин, ки ориз шуданаш чӣ гуна аст: агар ба якборагӣ ориз шуда бошад, пас, ҷои шубҳа нест, ки тармизоҷ бувад. Инчунин ба чӣ гуна ба худ равған кашидани андом эътибор бидиҳанд:
агар равғанро зуд бикашад ва пеш аз ин андом бо гармии бегона гарм нашуда бошад, шубҳае нест, ки [беморӣ] хушкмизоҷ аст.
Варзиш баъди поксозӣ беҳтарин дигаргунсозандаи мизоҷи [асаб] аст. Ҳар андомеро ба ҳасби хеш [варзиш диҳанд]. Бояд аз варзиши нармтар оғоз карда, тадриҷан ба варзиши ба таври муътадил қавӣ гузашт.
Аммо ваҷҳи муолаҷа андар пок сохтани асабҳо ва табдил додани мизоҷи онҳо чунин аст, ки бештари он моддаҳое, ки истифроғи ҳамагонии онҳо мавриди эҳтиёҷ аст, (90) моддаҳои сарданд ва чизҳои онҳоро ба истифроғ оваранда

доруҳои қавие аз қабили дилаи ҳанзал, харбақ, хусусан харбақи сафед, ки ҳангоми қай ба кор баранд, фурбиюн, уша, сакбина ва дигар самғҳои қавӣ ва ёраҳои бузурги қавӣ буванд. Яке аз роҳҳои истифроғи латифи [моддаҳо] гармобаи хушк ва варзиши муътадил кардан аст. Аммо доруҳои тағйирдиҳандаи мизоҷ, хусусан онҳое, ки кайфияти равғанӣ доранд ва ё равғананд, андар боби мағз ёд шуданд. Агар пиҳҳоро ба кор бурданӣ бошӣ, пиҳҳои даррандагонро ба кор бибар. Дурди равғанҳои гарм, масалан, дурди равғани зайтун ва дурди равғани катон барои бемориҳои сарди асаб созгоранд ва сахтии онро нарм кунанд. Равғани девсипист ва равғани қуст беш аз ҳама махсуси асабҳоянд. Сипас ба ҳасби мизоҷҳо пухтаковҳо ва фишурдаҳо биистанд, лекин бояд онҳо ниҳоят қавӣ бошанд ва бояд андар тадбири ба андарун гузаштани онҳо аз тариқи ковок кардани тан ва кушодани масомҳо сахт муболаға кард.
Фасли дуввум андар дуруст кардани мизоҷи асаб

Аксари он чи аз доруҳои табдилдиҳандаи мизоҷ, ки бадон эҳтиёҷ бошад, онҳоест, ки мисли зимоди хардалу софсиё ва зимоди равғани зайтун гармӣ оваранд. [Низ] равғани зайтунеро истеъмол кунанд, ки андар он рӯбоҳ пухта бошанд ва мо инро андар боби дардҳои пайвандгоҳҳо тавсиф хоҳем кард. [Равғани зайтуне], ки андар он кафтор пухта бошанд, низ ҳамчунин бувад. Самғи санавбар сахт суд дорад.
Бидон, ки ҳангоми муолаҷаи бештари бемориҳои асаб оҳанги [муолаҷаи] бахши пасини мағз кунанд, вале ҳангоми он бемории асаб, ки андар рӯй бошад, [чунин накунанд]. Сипас, баъди он ба саргаҳи асабе диққат бидиҳанд, ки асаби он ин андоми беморро ба ҳаракат оварад.
Асабро як гурӯҳ чизҳо зиён дорад ва як гурӯҳ суд, ки мо бисёре аз онҳоро андар лавҳҳои доруҳои сода ёд кардем. Инро аз он ҳолатҳо ва бемориҳое ба эътибор гиранд, ки хосси асабанд. Аз миёни ошомиданиҳо он чизҳое, ки қавигардонандаи асабҳост, инҳо ваҷи парварда, гунди бедастар, мағзи чилғӯза, мағзи бирёнкардаи харгӯши даштӣ ва хусусан устухудус мебошанд.

пешина
аз 1215
навбатӣ