Қонуни тиб

Агар ҳамроҳи сактаи аз балғам падидомада нишонаҳои хун дарёфта шаванд, инро ҳам раг бизананд, сипас бо ҳуқнаҳои қавӣ ҳуқнарезӣ кунанд ва шиёфҳои қавие ба зер баргиранд, ки андар таркиби онҳо самғҳо ва заҳраи гов бидароянд. Баъд ба бемор чизе биошомонанд, ки ба осонӣ ба андарун биравад.124 Аз ҳаббҳои бо эътимод барои эшон ҳабби фурбиюн биошомонанд. Баъд аз он бар сару андомҳои [бемор] бо доруҳои гармкунанда гармибандӣ кунанд ва пухтаковҳои аз обҳое сохташударо бирезанд, ки андар онҳо гиёҳҳои гармиоварандае аз қабили шибит, дермана, марзангӯш, барги турунҷ, пудина, ҳошо, зуфо, шоҳафсар, саътар ва қайсум ҷӯшонида бошанд ва ё бо равғанҳое, ки қувваи ин гиёҳҳоро доранд ва низ бо равғани судобе, ки андар он оқирқарҳо, гунди бедастар, говшир ва борзад тар карда бошанд, [дорурезӣ кунанд]. Ё ин ки тамоми тани ӯро бо равғани зайтуне равған кунанд, ки андар он гӯгирд афканда бошанд. Агар гармибандиҳо аз мехак, ҳил, басбоса, гавзи бӯё ва ваҷ иборат бошанд, хуб хоҳад буд. Пои [беморро] бо равғани гарми тафсонанда, бо оби гарм ва намак молиш диҳанд, муҳраҳоро майъа ва ёсамин бимоланд ва бар буни ҳароммағз хардал, сакбина, гунди бедастар ва фурбиюн биниҳанд.
Аз ҷумлаи равғанҳои барои эшон хуб равғани хиёри даштӣ, равғани судоб ва равғани исқил ба шумор бираванд. [Равғани исқилро] аз равғани зайтуни куҳан бадин гуна бисозанд, ки ё андар он [исқили] тозаро чиҳил рӯз тар кунанд ва ё андар он [исқилро] биҷӯшонанд: яъне ду уқия исқилро гирифта, андар як қист равғани зайтуни куҳан афканда, то нарм шудан биҷӯшонанд. Инчунин равғани оқирқарҳо, ки ба ҳар ду роҳи ёдшуда сохта бошанд, [низ хуб аст]. Кадом равғанеро, ки барои эшон ба кор баранд, бояд аз тариқи ситабр гардонидан бо мум ба ислоҳ оварда бошанд, то андар як ҷой биистад ва лағжида наравад. Бояд аз камқувваттари чарбҳо оғоз кард ва агар суд набахшад, ба миқдори зиёдтар ба кор баранд ва ё ба қавитари онҳо бигузаранд. Баъд аз истифроғ намудан бо ёрии ҳуқнаҳо ва ғайри онҳо агар ба зери бинии [бемор] хусусан кундуша, доруҳои андар бинӣ афкандании қавӣ ва равғанҳои қавӣ бидоранд, оҳанро тофта, бар сараш бидоранд ва сарашро бо зимодҳои ҳалкунандае, ки онҳоро медонӣ, зимод кунанд, боке надорад.
Хусусан агар андар сари меъда пурӣ ба амал омада ва пеш аз он хом мондани ғизо рӯй дода бошад ва агар имконият шавад, ки ба ҳалқаш пари бо равғани савсан ва ё равғани зайтун равғанкардаро дароварда, қай биоварӣ, ӯро ниҳоят суд хоҳад дошт. Қайро низ фоидаҳои дигарест, зеро маниши гаштан овардан ва ба қай маҷбур сохтан, мизоҷи сари касеро, ки гирифтори сактаи сард ва ё тар аст, гарм хоҳад кард. Бояд баромадани бодҳои эшонро бо доруҳои бодбарор осон кард, чунки аз ин сабукӣ хоҳанд ёфт. Бояд зуд андар даҳони эшон чизе андаровард, ки зикраш пеш гузашт, то ки дандонҳояшон ба ҳам зада, табаҳ нашаванд. Ҳар гоҳ андаке пок шуданд, бояд
ба эшон ҳар рӯз ду дирам равғани беданҷири бо оби судоб ҷӯшонидаро ба оби бехҳои маъруф ҳамроҳ карда дод ва [миқдори] инро ба тадриҷ [зиёд намуда], андар як рӯз то ба панҷ дирам бояд расонид. Баъд аз истифроғ, агар имконият бошад, ки андар гулӯи [бемор] ба андозаи як бундуқа тарёк, масрудитус, шалисо, анақардиё, саҷазаниё ва монанди инҳо ва аз доруҳои сода як мисқол гунди бедастар бо оби ангубин ва сикангубини ангубинӣ бирезанд, бояд чунин кунанд. Агар аз сикангубин ба миқдори як боқилло биошоманд, [низ хуб аст].
Шароби эшон бояд оби ангубин ба ҳасби зарурат ё сода ва ё омехта бо дегафзорҳо бошад.
Ҳар гоҳ бибинӣ, ки [бемор] сабукӣ ёфтааст, ӯро ғарғара кунон, атса овар, бар паси сар ва мағокии он ба ҳасби модда бо буриш ва ё бебуриш миҳҷама гузор, андар ғанова хобонда, биҷунбон ва сипас баъд аз се ҳафта ӯро ба гармоба бибар. Рӯзи гармоба тани ӯро бо равғанҳои гармиоваранда равған кун. Аз доруҳои ғар-ғарашавандаи судманде, ки баъд аз поксозӣ [ба кор бибаранд], ин ҷӯшонидаи ҳошо, пудина, саътар, зуфо ва монанди инҳост, ки андар сирко [ҷӯшонида], бо ангубин биомезанд.
Низ [аз ин ҷумла] оби чугундарест, ки андар он оқирқарҳо, мавизак, ҳошо ва тутум ҷӯшонида бошанд. Аз ин ҳам қавитар он аст, ки мурч, (89) дорфилфил, занҷабил, мавизак, бура, гул ва тутумро гирифта, хурд кунанд ва бо майпухта сиришта, аз он шиёфҳо бисозанд. Сипас онҳоро ҳамчун хоиданӣ ба кор баранд ва ё андар ҷӯшонидаи зуфо бо мастако афканда, ғарғара кунанд Чизи дигаре, ки бад-ин наздик бошад, ин аст, ки мурч, дорфилфил, хардал ва пудинаро гирифта, ба ҳамин дастур омода созанд.
Аз ҷумлаи доруҳои хоиданӣ пудина, мавизак, мурч, марзангӯш ва хардал ба шумор бираванд, ки онҳоро ҳам танҳо-танҳо [46] ва ҳам якҷоя [ба кор баранд]. Бо онҳо [низ] гул ва тутум барин чизҳоеро биомезанд, ки аз онҳо чора нест. Ваҷ яке аз чизҳоест, ки андар ин бобат судманд ва таъсираш қавӣ бувад.
Эшонро молидани равғанҳои гарме судманд аст, ки рӯҳи андар асабҳо буда ва гавҳари асабҳоро қавӣ созанд ва фазлаҳоро ҳал кунанд ва чандон таъсири сахт надошта бошанд. Мисоли ин равғани савсан ва баъдаш равғани марзангӯш, равғани бобунаю шибит ва равғани гӯргиёст. Махсусан бар сар [молидани онҳо судманд аст], зеро андар амри сар танҳо ба ин кор бояд эътимод баст. Хусусан агар [равған] қувваи зуфо, саътар, пудина, ҳошо ва монанди инҳоро ба худ гирифта бошад, [боз ҳам хуб аст].
Ғизоҳои худованди сакта бояд латифтар аз ғизоҳои худованди саръ бошад ва беҳтар он аст, ки эшон пагоҳӣ ба нони танҳо кифоят кунанд. Нон бо анҷири хушк барояшон хеле хуб аст. Аз болои таом ошомидан яке аз зарарноктарин чизҳо барои эшон аст. Ҳар гоҳ бихоҳанд, ки ғизои шомгоҳӣ бихӯранд, пеш аз он варзиши сабуке карда, андомҳои сустшударо андаке ҳаракат додан боке надорад. Ҳар гоҳе хӯроки шомгоҳиро хӯранд, бояд зуд аз паси он нахобанд, балки бояд сабр кунанд, то [таом] фурӯ рафта, пурра гуворида гардад.
Низ набояд бисёр бедорхобӣ кашанд, зеро ин кор мағзро мондагӣ оварад ва ба сабаби пеши гуворишро гирифтани он аз ғизоҳо бухорҳои ногуворида ҳал шуда бароянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор