Қонуни тиб

Пеш аз боз кардани рагҳои пешонӣ [беморро] бештар ҳаракат бидиҳанд.
Сипас, агар хилтро ба ҳақиқат савдовӣ ва моил ба сардӣ дарёбӣ, бо ёрии ҳаббҳое истифроғ биовар, ки аз афитимун, сабр ва харбақ сохта бошанд. Нахуст бо пазондани [хилт] оғоз кун ва сипас андар ибтидои кор бо доруҳои сабуке истифроғ овар, ки андар онҳо афитимун, дилаи ҳанзал ва андаке маҳмуда ҷой дошта бошанд. Баъд бо ҷӯшонидаи афитимун ва ғориқун [истифроғ соз]. Сипас агар [инҳо] кора накунанд, ёраҳои бузургро ба кор бибар. Баъд аз ин ҳам агар ба истифроғ эҳтиёҷ пайдо кунӣ, харбақро бо биму эҳтиёт ва санги лоҷувард, [36] санги арманӣ ва ҳабби аз ҳар ду сохтаро пайваста бе биму эҳтиёт ба кор бибар. Бисёр вақт пайваста ба кор бурдани ин доруҳои ёдшуда бо оби панир ва костани миқдори дору чунин [беморонро] суд дорад. Агар ин [тадбир] ёрӣ надиҳад, онро аз нав такрор кун. Ҳар ҳафта бояд як бор бо ҳабби латифи миёна истифроғ оваранд ва андар миён итрифали афитимунӣ истеъмол кард. Ба [беморон] додани итрифали афитимуние санҷида шудааст, ки ба сифати зерин бувад: се дирам аз итрифал, як дирамсанг аз афитимун ва ним дирамсанг ёра бигиранд. То вақте, ки иллатро бартарафшуда дарнаёбанд, ҳар моҳ як бор бо ёраҳои бузурги қавӣ ва ҳаббҳои бузург истифроғ кунанд. Инчунин хусусан агар андар меъда чизеро дидӣ, ки боиси афзоиши иллат аст ва агар меъда сахт нотавон нест, қайро ба кор бибар. Низ, бояд қай бо обҳое ба амал оварда шавад, ки андар онҳо пудина, кангаржад105 ва тухми турб ҷӯшонида бошанд. [Ба бемор] ҳамроҳи сикангубин фишурдаи турбе бидиҳанд, ки андар он харбақ хаста чанд рӯзе гузошта бошанд, то ки қувваи харбақ андар турб бигузарад ва ё худи ин турбро андар сикангубин тар карда бидиҳанд. Миқдори сикангубин бояд се истор бошад ва инро ба андозаи қувват зиёду кам кунанд. Вале агар аз сустии қувват бим дошта бошӣ, харбақро ба кор набар.
Ҳар гоҳ ба пок кардани [сар] бипардозӣ, бо доруҳое оҳанги [муолаҷаи дил] кун, ки борҳо ёд кардем. Судманд будани итрифали афитимунии мазкур андар ин бобат санҷидашуда аст. Агар беморӣ доманадор бигардад, ба қай овардан бо харбақ бипардоз, доруҳои хоиданӣ ва доруҳои ғарғарашавандаи маъруфро ба кор бар ва доруҳои бӯидании хушбӯй, мушк, анбар, дегафзорҳо ва удро [низ] кор фармой. Агар модда моил ба талхаи зард бошад, бо ҷӯшонидаи афитимун, ҳабби устумаҳиқуни муътадил, бо доруҳои истифроғоварандаи сафрои сӯхта ва бо чизҳое, ки андар боби он гуфта шаванд, истифроғ овар. Тариовариро бештару нармиовариро камтар соз, вале ҳангоми ба кор бурдани пухтаковҳо туро аз [кор фармудани] бобуна ва он чи, ки қувваи онро дорад, чора нест. Ба ҳеҷ ваҷҳ доруҳои сардиоварандаи холисро бар сар ба кор набар.
Бархе аз пизишкони пешин андар ин гуна ҳолатҳо ҳар рӯз андаке сабр истеъмол кардан ё ҳар рӯз ошомидани оберо, ки андар он се уқия афсинтин ҷӯшонда бошанд ва ё [ошомидани] даҳ қирот фишурдаи афсинтини андар об таркардаро сутудаанд. [Инчунин] ҳар шаб ошомидани сиркои қавӣ ва хусусан сиркои пиёзи унсулро сутудаанд
(70). Вале ман бими он дорам, ки сирко барои ин иллат зиён дорад, магар чунин бовар бошад, ки модда аз сафрои сӯхташуда падид омадааст ва он гарм бувад. Андар ин гуна ҳолат сирко ва хусусан сиркои унсулӣ, сикангубини аз сиркои унсулӣ сохташуда ва инчунин сиркое, ки андар он гесугуна ва ё зарованд афканда бошанд, барои ин [беморӣ] судмандтарин чизҳоянд. Гоҳе низ агар беморӣ ба анбозии испурч ва моддаи он ба амал омада бошад, сирко суд бахшад. Бояд машоми беморро бо таркибҳои муътадиле, ки андар онҳо кофур, мушк ва равғани бунафшаи зиёди бо бӯи худ бар хушкии кофуру мушк ғолиббуда бидароянд ва бо дигар бӯиданиҳои сарди хушбӯи тар, хусусан бо нилуфар, хушбӯй кунанд.
Агар сабаби молихулиё омоси меъда ва ё [омоси] андомҳои андарунӣ ва ё мизоҷи гарми сӯзони [меъда] бошад, инро бо сард, тар ва қавӣ гардонидани сар чорабинӣ хоҳӣ кард, то ки сар чизе напазирад, ки аз дигар [андомҳо] ба сӯи он ҳамеояд. Агар сабаб андар мароқ ҷой дошта бошад, бодҳову қароқур дарёбӣ ва агар андар мароқ омоси гарме ҷой дошта бошад, онро бо чизҳои лозимае муолаҷа ва ҳал кунӣ, ки андар боби омосҳо гуфта оянд. [Низ] бояд сарро қавӣ гардонӣ, онро андар равғанҳои қавигардонанда ва доруҳои тариоваранда оғушта созӣ ва миҳҷамаҳои бо буриш ба кор бибарӣ, то ки хун истифроғ шавад. Лекин андар мисли ин гуна ҳолат ҷигарро гарм насоз, балки агар дарёбӣ, ки он гарм аст ва бо гармии худ хунро ҳамесӯзонад, туро воҷиб аст, ки онро сард бигардонӣ. Испурчро қавӣ соз ва бар мароқ миҳҷама, доруи хардал ва монанди он бинеҳ, то ки испурч моддаро ба сӯи мағз нафиристад. Агар мароқ сардмизоҷи дамида бошад ва андар он ҷой ягон омосе ва афрӯхтагие (лаҳиб) набошад, ба [бемор] бояд ба тавре ки ёд шуд, оби ҷӯшонидаи афсинтин, на фишурдаи онро бидиҳӣ, меъдаашро бо пухтаковҳои гарми ёдшуда пухтаковрезӣ кунӣ ва бо зимодҳое зимодаш бисозӣ, ки андар онҳо тухми панҷангушт, тухми судоб, бехи ширинбаён106 ва дарахти Марям ба кор бурда бошанд. Зимодҳоро бар [фарози меъда] муддати дароз нигоҳ дор ва ҳар гоҳ ки онҳоро бардоштӣ, бар маҳалли онҳо пунбаи андар оби гарм оғушта, ё пашми аз ҳам бозкарда ва ё исфанҷеро бинеҳ. Бар ин [мавзеъ] ниҳодани зимоди хардал ва бар миёни ду шона ниҳодани зимодҳои Дурусис,107 ки андар Қаробидин ёд шудаанд, низ судманд буванд. Бар меъда бидуни буриш ниҳодани миҳҷама нофеъ аст, вале агар андар он ҷой ягон омос ва дарде бошад, чунин кор раво нест. Бисёр бошад,108 ки ба ҳангоми молихулиёи дамишовар ба ошомидани тухми карафс, зира, анисун, шаробҳое, ки андар онҳо тухмиҳои мазкурро ҷӯшонда бошанд, судоб ва шибит эҳтиёҷ пайдо кунӣ. Балки гоҳе мумкин аст туро чунин зарурат афтад, ки тухми судоб ва панҷангушт ба кор бибарӣ.
Ҳангоми молихулиёи мароққии дерина бисёр бошад, ки ба қай овардан бо харбақи сафед эҳтиёҷ афтад. Низ бисёр бошад, ки ҳангоми ин молихулиё ислоҳ кардани кори ҷигар воҷиб ояд, то ки андар он савдо ба вуҷуд наояд. Ҳарчанд суд бурдан аз чизи сард суд бурдани ростинӣ ва бурандаи беморӣ нест, вале бисёр вақт худовандони молихулиёи мароққӣ аз чизҳои сардиоваранда суд бинанд, чун ки ин чизҳо тариоварандаи зидди хушкии савдоянд ва [низ] боду бухореро, ки бо бархоста ба сар задани худ боиси сӯзиш ҳамегарданд, падид омадан нагузоранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор