Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Лекин агар чизи сард тар бошад, аз он савдо ба амал наояд, моддаи он пахш шавад, низ моддаи ҳосилшуда бухор надиҳад ва умеди он бошад, ки табиат бар вай фармонраво гардида, онро ба ислоҳ оварад.
Бидон, ки ғизои ситабри балғамзоянда чорабинӣ кардан мумкин аст бо савдо бикӯшад ва ғизои латифгардонида чорабинӣ кардан ба сабаби ба осонӣ сӯхта гаштан ба савдо кумак бирасонад. Зинҳор аз манфаат дидани баъзе беморон аз балғам қай кардан ва ё [балғам] бироз овардан саргарм нашав, зеро ин на бад-он сабаб бувад, ки истифроғи балғам эшонро суд бахшидааст, балки аз он сабаб бошад, ки фаровон будан ва якдигарро фишор додани хилтҳо аз онҳо зоил бигардад. Аммо чизе, ки зотан судманд аст, истифроғи савдост.
Қонуни муолаҷаи молихулиё ин аст, ки андар тарӣ овардан муболаға карда шавад ва ба изофаи он андар истифроғи савдо кӯтоҳӣ наварзанд. Ҳар бор, ки таом андар шиками худовандони молихулиё табаҳ бигардад, эшонро ба гардонидани он маҷбур соз. Хусусан, ҳар бор, ки андар даҳон турушӣ ҳис кунанд, бояд ночор эшонро қай бифармоӣ ва аз болои он хӯрдани таоми дигарро барояшон ҳаром гардонӣ. Бояд гуворишоти даҳони меъдаро қавигардонанда ба кор бибаранд ва эҳтиёт бошанд, ки аз болои таоми табаҳшуда таоми дигар нахӯранд. Бояд худованди молихулиёро бо чизе машғул дошт ва андар ҳузураш касе бошад, ки барояш бошукӯҳ бинамояд ва касе бошад, ки аз он хушаш ояд. Бояд ба таври муътадил андак шароби сафеди омехта биошомад ва низ ба шунидани [созу наво] ва чизҳои тарабангез машғул гардад.
Ҳеҷ чиз аз фароғату танҳоӣ барояш зиёнкортар нест. Бисёр вақт аз рӯйдодҳое, ки барояшон рӯй ҳамедиҳанд, андӯҳгин ва ё аз ягон коре бимнок шуда, аз андеша кардан бозистанд ва бо ҳамин офият ёбанд. Худи аз андеша рӯй гардондани эшон илоҷи (71) асосист. Агар сабаб аз рехтан боз мондани хуни ҳайз, хуни мақъад ва ғайра бошад, онҳоро битозон. Агар афтидани иштиҳо падид ояд, иллат иллати бад аст ва хушкӣ бар [чунин беморон] фармонраво гардида бошад. Агар андар баданҳои эшон решҳо ориз гарданд, далели он аст, ки ба наздикӣ бимиранд.
Агар андар тани касе аз эшон савдо ба ҳоли ҳаракат бошад, беш аз касе пазирои муолаҷа бувад, ки савдояш чунин нест. Касе, ки савдо андар танаш ба ҳоли ҳаракат аст, касе бошад, ки савдои ӯ бо қай, бироз, пешоб, ранги пӯст, баҳаку доғи кунҷидак, решҳо, гар, даволӣ, поғура, сайлони мақъад ва ғайра зоҳир бигардад. Ҳамаи инҳо далели он бошад, ки [савдо] қобили ҷудо шудан аз хун аст ва агар чизе аз инҳо [беморонро] падид ояд, нишонаи нек бувад. Агар баъзеи эшонро баъд аз исҳол ва истифроғ ташаннуҷ ориз гардад, (чунки ин гуна беморон ба сабаби хушкияшон зудтар аз дигарон ба чунин ҳолат гирифтор шаванд), бояд эшонро андар оби ширгарм нишонд, нони андар гулоб ва каме шароб таркарда дод, оби омехта [бо шароб] ошомонид. Сипас онҳоро бояд хобонид, баъди хоб ба гармоба бурд ва баъд баробари аз он ҷой берун омадан ғизо дод.

Фасли даҳум
андар баёни қутруб

Ин навъе аз молихулиё буда, аксар вақт ки ориз бигардад, андар моҳи шубот109 ориз бигардад. Ин [беморӣ] одамро чунин бисозад, ки ӯ аз мардуми зинда фирор намуда, дӯстдори ҳамҷаворӣ бо мурдагон ва гӯристонҳо бигардад ва ба изофаи он бо каси ногаҳон дучор омадааш суиқасд кунад. Худованди он шаб зоҳир ва рӯзона пинҳону нопайдо гардад ва ҳамаи ин аз барои он бошад, ки танҳоӣ ва аз мардумон дур буданро дӯст дорад. Бо вуҷуди он [37] ӯ андар як ҷой беш аз як соат наистад, балки пайваста равуой кунад ва баробари аз мардум ҳазар кардан ҳар гуна гардишҳое кунад, ки худ надонад оҳанги куҷо дорад. Гоҳе аз сари бехабарӣ ва кам диққат додан ба чизи дидааш аз [мардум] ҳазар накунад. Бо вуҷуди он ӯ бағоят ором, турушрӯй таассуфхӯрда, ҳазин, рангзард, хушкзабон ва ташна бувад. Бар соқи пояш решҳои фароҳамнаоянда падид оянд. Сабабаш табаҳ шудани моддаи савдовӣ ва бисёр ҳаракат кардани пойҳост, ки бар асари он моддаҳо ба сӯи он фуруд оянд. Хусусан ҳар вақт ки пой устувор дорад ва бар чизе бирасонад ва ё онро саг бигазад, сабаби бештар рехтани моддаҳо ба сӯи соқҳо бигардад ва бинобар он андар онҳо решҳо падид оянд.
Ин решҳо ба иллати ба ҳоли хеш боқӣ мондани худ ва сабабҳояшон фароҳам наоянд. [Бемори қутруб] хушкчашм буда, чашмонаш ашк наоваранд, нотавону фурӯрафта бошанд. Ҳамаи ин ба сабаби хушкии мизоҷи чашм бувад.
Ин бемориро аз баҳри он «қутруб» ном ниҳодаанд, ки худованди он бетартибона гурезад ва [низ] роҳравияш ноҳамвор буда, кадом сӯй рафтанро надонад. Ӯ ҳамчунон ки баробари аз пешаш зоҳир шудани ягон шахс бигурезад ва ба сабаби кам дар хотир доштан ва нодуруст ҳукм кардан як сӯй шавад, ҳамчунин чун бо шахси дигаре дучор ояд, зуд ба сӯи дигар гурезад. «Қутруб» ҷонваракест, ки бар рӯи об ноҳамвору бенизом ҳаракат кунад. Вай ҳар соате фурӯ рафта бигурезад ва боз пайдо шавад. Гуфтаанд, ки [ин] ҷонвараки дигарест, ки ҳеҷ қарор нагирад. [Низ] гуфтаанд, ки «қутруб» нарғӯл ва боз гуфтаанд, ки гурги мӯйрехта бувад. Аз ҳама наздиктар ба маънои корфармудаи мо ду гуфтаи аввалист. Сабаби ин иллат савдо ва сафрои сӯхта бувад.
Илоҷ: Агар аз сафро ва ё савдои сӯхта бошад, илоҷаш айнан илоҷи молихулиёст. Бояд андар раг задани [чунин бемор] муболаға намуд, ки то хуни зиёде аз ӯ бирезад ва қариб беҳуш шуда биафтад. Бояд бо ғизоҳои сутуда, гармобаҳои хуши тар тадбир карда шавад. Се рӯз ба ӯ оби панир бидиҳанд, баъди он бо ёраи Аркоғонис истифроғ оваранд, баъд кӯшиш кунанд, ки ӯро бихобонанд ва сипас баъди истифроғ бо тарёк ва чизҳои ба ҳамин равиш буда дилашро тақвият диҳанд. Баробари он ба бемор ниҳоят тарӣ афзуда, бо доруҳои хобовар [сарашро] бишӯянд, то ки гармиоварии он доруҳое, ки аз истеъмолашон чора нест, бо ҳаракатҳои варзишӣ ба ҳам ҷамъ наоянд. Балки эҳтиёҷ бад он аст, ки дилашро бо чизҳои қувватбахшанда гарм созанд, танашро тарӣ физоянд ва хобашро биоваранд, то ки мизоҷаш муътадил бигардад. Тамомияти муолаҷаи ӯ ба хоб овардани зиёд вобаста аст. Бояд гоҳгоҳе афюн бидиҳанд, то табиаташ ором шавад ва андеша карданаш бурида гардад.

пешина
аз 1215
навбатӣ