Қонуни тиб

Нишонаи [молихулиёе], ки аз испурч бошад, бисёрии иштиҳо ба сабаби рехтани савдо ба меъда, камии гувориш ба сабаби сардии мизоҷ, бисёр қароқур кардани тарафи чап ва ё дамиш овардани испурч мебошанд. [Дамиш] яке аз ҳолатҳоест, ки чунин беморонро тарк накунад ва шавқи ниҳоят сахти ҷимоъ аз сабаби он бувад.
Гоҳе ҳамроҳи ин [беморӣ] таби чаҳоррӯзӣ падид ояд, гоҳе табиат нарм бошад ва гоҳе ба иллати газандагии савдо ин [беморӣ] муҷиби дард бигардад.
Он [молихулиёе], ки аз меъда хезад, (68) нишонаҳояш инҳоянд: вуҷуд доштани нишонаҳои омоси меъда, ки андар боби бемориҳои меъда ёд шудаанд; зиёд шудани иллат ҳангоми хом мондани ғизо, пурии шикам ва ба ҳангоми гувориш. Бисёр бошад, ки ҳангоми ғизо хӯрдан дард бархезад ва то гузаштани он давом кунад, сипас, баъди гузаштани ғизо ором гардад. Агар [омос] гарм бошад, афрӯхтагии мароқ, зарда қай кардан ва ташнагӣ бар он далолат кунанд. Бештари касоне, ки молихулиё доранд, ба бемории испурч гирифторанд.
Нишонаи молихулиёи мароққӣ инҳост: гаронии мароқ; ба боло кашида шудани он; маниши гаштани доимӣ; палидии нафс; фасодии гувориш; оруғи туруш; оби даҳони тар; қароқур; баромадани бод; сӯзиш; дарёфтани дард андар меъда ва миёни ду китф хусусан баъд аз таом хӯрдан то гузаштани пурраи он. Гоҳе балғами зардагӣ ва гоҳе туршии дандонро кундкунанда партофта шавад. Ҳамаи ин аразҳо [беморро] баробари тановули таом, балки баъди як чанд соати он ориз бигарданд ва бирозаш балғамии зардавӣ бигардад. [Беморӣ] бо хубии гувориш сабук ва бо костани он афзоиш ёбад. Гоҳе пеш аз он ва ё ҳамроҳи он андар мароқ омос падид ояд. Гоҳ-гоҳ андар мароқ паридани зиёде дарёфта шавад. Ин иллат аз будани хомии таом ва душвории гувориш102 афзоиш ёбад.
Мо бигӯем: Агар савдои баамаловарандаи молихулиё хунӣ бошад, [беморӣ] бо шодию ханда зоҳир гардад ва андӯҳи сахт ӯро ҳамроҳ набошад. Агар [савдо] аз балғам падид омада бошад, [беморӣ] бо беҳавсалагӣ, камҳаракатӣ ва оромӣ зоҳир шавад. Агар [савдо] аз сафро падид омада бошад, [беморӣ] бо изтироб ва андаке ҷунун ба амал ояд ва мисли мониё бошад. Агар савдо савдои холис бошад, ҳангоми ин [беморӣ] андеша бештару душманӣ камтар бувад, вале агар [беморро] биҷунбонанд, ба шӯр омада, чунон кина гирад, ки дигар фаромӯш накунад.
Илоҷ: Бояд пеш аз мустаҳкам шудани [беморӣ] ба муолаҷаи он шитофт, зеро андар оғоз осон ва ба ҳангоми мустаҳкам шудан душвор бошад. Бояд ба ҳар ҳоле худованди онро шод гардонид, ба тараб овард, андар ҷойҳои муътадилаш нишонд, ҳавои масканашро намнок дошт ва бо паҳн кардани райҳонҳо андар он ҷой хушбӯӣ овард.
Умуман, бояд пайваста [ба бемор] хушбӯиҳо ва равғанҳои хушбӯй бӯёнид ва ғизоҳои хушкимуси ниҳоят тарифизой бидод. Бояд барои фарбеҳ кардани тани ӯ бо ғизоҳои созгор, бо гармоба кардан пеш аз ғизо ва бар сараш рехтани оби ширгарм, на ниҳоят гарм чораҳо андешид. Ҳар гоҳ аз гармоба барояд ва андаке ташна шуда бошад, ошомидани камтар об боке надорад. Бояд молиши фарбеҳкунандаеро ба кор бурд, ки андар боби нигаҳдории тандурустӣ ёд карда шуд. Ба изофаи ба гармифизоии ӯ парво карданат, ба қадри имкон ба тарифизоии ӯ аҳамият деҳ.
Бояд [бемор] аз ҷимоъ ва сахт арақ овардан парҳез кунад. [Низ бояд] ба қадри имкон аз боқилӣ, гӯшти хушк, наск, каранб, шароби ситабр ва нав, аз ҳар чизи тез ва ҳар чизи ниҳоят туруш бипарҳезад, балки бояд чизҳои равғанӣ ва ширин тановул кунад. Агар хоби эшонро овардан бихоҳӣ, туро бояд бар сарашон оби хашхош, бобуна ва бобунаи говчашм бирезӣ. Ба ростӣ, хоб яке аз созгортарини илоҷҳои эшон аст ва бо он миқдор беҳбудие, ки аз он бирасад, пеши зиёни аз хашхош ба ҷой монда гирифта хоҳад шуд.
Агар молихулиё аз бадмизоҷии содаи бо моддаи сард103 ва ё хушк падид омада бошад, бояд ба гарм сохтани дил бо ёрии доруҳои хуррамифизо, доруҳои мушк, тарёк, масрудитус ва монанди он пардохт ва сарро бо доруҳое муолаҷа кард, ки зикри онҳо гузашт ва андар боби гӯлӣ ва ҳамоқат ёд шуданд. Навъи қавии ин [молихулиё] баъд аз ягон бемории дигари гарм ба амал ҳамеояд. Муолаҷаи он осон аст ва ҳатто бо пухтаковҳо рехтан биравад.
Агар [молихулиё] аз моддаи савдовие ба амал омада бошад, ки андар мағз ҷойгир шудааст, асоси муолаҷаи он аз се чиз иборат аст: Нахустини он истифроғи модда аст. Гоҳе мумкин аст аз тариқи ҳуқна ва қай [истифроғ намуд], вале ҳар киро агар меъдааш нотавон бошад, ҳангоми ин иллат ва ҳатто ҳангоми молихулиёи мароққӣ низ, албатта, набояд қай оварда шавад. Дуввум бояд ҳамроҳи истифроғ пайваста бо пухтаковҳо ва равғанҳои гарм тарӣ оварданро ба кор бурд. Андар онҳо доруҳое аз қабили бобуна, шибит, шоҳафсар ва бехи ширинбаён104 ҳамроҳ кунанд, то ки хилт ба ёрии ҳалшавии содаи бидуни нармшавӣ буда ситабр нагардад ва низ набояд чунон ситабр бигардад, ки бидуни ҳалшавӣ тар шавад. Агар савдо аз гармӣ дур бошад, бояд ҳамроҳи [доруҳои] тариоварӣ дермана, барги даҳмаст ва пудинаро бедареғ биафзой.
Бояд ғизоҳои хуни сутудазояндае аз қабили моҳии сангобӣ ва гӯштҳои сабуки (69) ёдшуда ба кор бурда шаванд. Гоҳ-гоҳе [бояд] шароби сафеди омехта, на шароби куҳани қавӣ, бидиҳанд. Севвум, агар мизоҷи сард ҳис карда шавад, бояд бо хуррамдоруҳои гарм ва агар мизоҷи моил ба гармӣ ҳис карда шавад, бо хуррамдоруҳои муътадил ба қавӣ гардонидани дил пардохт. Агар гармӣ ниҳоят сахт бошад, хуррамдоруҳои сарди на беҳадд сардро ба кор бибар. Ҳамаи инҳо аз тариқи набз шинохта шаванд.
Мо акнун ба тафсили ин тадбир пардохта бигӯем: Аммо истифроғ чунин аст: Агар бибинӣ, ки рагҳо ҳар тавре набошанд, пуранд ва савдо хунист, раги акҳалро бизан. Балки ба ҳар ҳол бояд аз раг задан оғоз кунӣ, ба шарте ки бими камқувватии зиёд набошад ва чунин мушоҳада нашавад, ки моддаҳо кам ва фақат андар мағз буванд ва хушкӣ бар мизоҷ фармонраво бошад. Сипас, чун раг задӣ ва хуни тунук дарёфтӣ, бад-ин сабаб хунро набояд баст, чунки бисёр бошад, ки нахуст хуни тунук ояд.
Бинобар он бояд рагро васеъ бизад, то ки бахши тунук нарезаду бахши ситабр бимонад ва бадӣ биоварад. Бингар, ки кадом сӯи сар гаронтар аст ва аз босалиқе хун бигир, ки аз он сӯй бошад. Гоҳе чун иллатро ҳамагонӣ дарёфтӣ, мумкин аст эҳтиёҷ ба он пайдо кунӣ, ки ҳар ду босалиқ бизанӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор