Қонуни тиб

Бинобар он мизоҷи рӯҳ андар дил табаҳ гардида, ба ваҳшат биафтад ва он бахши вай, ки ба мағз ҳамегузарад, фосид бигардад ва бар фасод шудани мағз ёрӣ диҳад.
Гоҳе андар анҷоми бемориҳои моддӣ хусусан [бемориҳои] гарм, молихулиё ба вуҷуд ояд ва ин нишонаи марг бувад. Он гоҳ ин гуна одамро чунин рӯй диҳад, ки марг ва мурдагонро бисёр ёдоварӣ кунад. Умуман, савдо гоҳе ба сабаби андоми фоили ғизо, яъне ҷигар, ҳангоме афзоишу зоиш ёбад, ки агар ҷигар хунро бисӯзад ва ё аз рондани фазлаҳои савдовӣ оҷиз ояд. Ин [ҳолат] камтар рӯй ҳамедиҳад. Ё савдо гоҳе ба сабаби андоми фароғатгоҳи худ, яъне испурч, ҳангоме афзоиш ва зоиш ёбад, ки агар [испурч] аз иҷрои ду кор оҷиз ояд: якум кашидани дурди хун ва хокистари он аз ҷигар ва дуввум рондани бахши зиёдатии он чи ки аз ҷигар ба сӯи он кашида мешавад, ба сӯи партовгоҳи доштаи хеш.
Гоҳе савдо андар андоми дигар ё ба сабаби ғизои худро сахт сӯзондани он ба вуҷуд ояд, ё ба сабаби аз рондани фазлаи ғизои худ оҷиз омадани он ба вуҷуд ояд ва дар натиҷа бахши латифи он ҳал гардида, бахши ситабраш ҳамчун савдо таҳшин шавад ва ё ба сабаби сахт сард ва хушк гардидани он андом аз чизе бошад, ки бад-он андом расидааст. Гоҳе сабаби таваллуди он низ ғизоҳои савдозоянда бувад. Бархе аз пизишкон чунин ақида доранд, ки молихулиё шояд аз ҷин ба амал ояд, вале мо аз ҷиҳати он ки пизишкӣ меомӯзем, диққат бад он надиҳем, ки он аз ҷин ба амал меояд, ё не. Бо вуҷуди он мо бигӯем, ки агар аз ҷин ба амал ояд ҳам, аз тариқи гардонидани мизоҷ ба сӯи [мизоҷи] савдовӣ ба амал омада, андар ин ҳол сабаби наздики он савдо хоҳад буд. Баъд, бигузор сабаби ин савдо хоҳ ҷин бошад, хоҳ ғайри ҷин, [фарқ надорад]. Яке аз сабабҳои қавӣ андар ба амал омадани молихулиё андӯҳ ва ё бими беандоза аст.
Бояд донист, ки савдои баамаловарандаи молихулиё мумкин аст ё савдои табиӣ бошад, ё балғаме бошад, ки аз тариқи фишурда шудан ва ё андаке сӯхтан ба савдо табдил ёбад, вале ин хеле кам ва ё нодир аст ва ё хунест, ки аз тариқи пазиш ва ё зичшавӣ бидуни сахт сӯхтан [савдо бигардад]. Аммо хилти сафровӣ: чун сӯхтани он ба ғоят бирасад, мониёро ба амал оварад ва бо [ба амал овардани] молихулиё басанда накунад. Ҳар (67) як аз намудҳои савдо чун ба ҷойгоҳи ёдшудаи мағз биафтад, молихулиёро ба амал оварад, лекин бархе баробари он мониё ба вуҷуд орад. Солимтарини молихулиё онест, ки аз дурди хун ба амал ояд ва онест, ки бо хуррамӣ бувад. Бисёр бошад, ки молихулиё бо ёрии бавосир ва даволӣ ба таҳлил биравад, ин иллат андар касони сафедпӯсти фарбеҳ хеле кам падид ояд, вале андар касони гандумгуни сермӯи лоғар бисёр ба амал ояд. Ин бисёр вақт андар касоне пайдо шавад, ки дилашон сахт гарм ва мағзашон тар бувад ва гармии дилашон зояндаи савдо буда, рутубати мағзашон пазирои таъсири он чизе бошад, ки андар дилашон ба амал ояд.
Аз ҷумлаи касони омодаи пазируфтани ин [беморӣ] касони забонашон лакнатдори тези хушк, сахт чашмакзананда, рӯйсурх, гандумгуни хусусан синаашон сермӯй,
дорои муйҳои сиёҳу ситабр, рагкушод ва лабситабр буванд, аз баҳри он ки бархе аз ин чизҳо далелҳои ҳарорати дил ва бархе далелҳои рутубати мағзанд, ки андар зоҳир бисёр вақт ба касони балғамӣ рост оянд. Ин иллат андар мардон бештар ва андар занон ба сурати расвотар ориз бигардад ва андар думӯягону пирон бисёр бувад. Ба зимистон кам ва андар баҳор бештар авҷ гирад, аз баҳри он ки баҳор хилтҳоро бо хун омехта ба шӯр оварад. Гоҳе авҷ гирифтани он ба давраҳое вобаста бошад, ки андар онҳо савдо бедор шуда, ба шӯр ояд. Агар ба каси омодаи молихулиё хавфе, ё бехобие, ё андӯҳе рӯй диҳад, ё сайлони одатии хун, ё қаи савдовӣ ва ё чизи дигаре аз рафтан боз монад, зуд ба молихулиё гирифтор шавад.
Нишонаҳои [молихулиё] ва нишонаҳои намудҳои он. Нишонаҳои оғоз ёфтани молихулиё инҳоянд: гумони бад, бими бесабаб, зуд хашмнок шудан, танҳоӣ гузидан, паридани [андомҳо], гижа ва бонг задани гӯш, хусусан [35] ба ҳангоми молихулиёи мароққӣ. Ҳар гоҳ [беморӣ] мустаҳкам шавад, тарсуӣ, бадгумонӣ, андӯҳ, ваҳшат, тоса, беҳуда сухан гуфтан, ба сабаби бисёрии бод орзуманди ҷимоъ будан ва тарсиданҳои ҳархела аз чизҳое, ки вуҷуд дошта бошанд ва ё набошанд, [зоҳир гарданд]. Бештари бим аз чизе бувад, ки одатан мавриди хавф нест. Ин намудҳои [хавф] бешуморанд. Баъзеҳо битарсанд, ки осмон бар сарашон биафтад, баъзеяшон битарсанд, ки замин эшонро фурӯ бибарад, баъзеяшон аз ҷин, баъзеяшон аз султон ва баъзеяшон аз дуздон битарсанд.
Баъзеҳо эҳтиёт кунанд, ки то даррандаҳо ба наздашон надароянд. Гоҳе андар ин кор ҳолатҳои гузашта таъсир кунад. Бо вуҷуди ин эшон чизҳоеро ба хаёл оваранд, ки андар пеши чашмон нестанд. Гоҳе хештанро шоҳ, ё дарранда, ё шайтон, ё паранда ва ё афзорҳои пешаварӣ хаёл кунанд. Баъд баъзе аз эшон, хусусан агар молихулиёяшон хунӣ бошад, биханданд, зеро чизеро ба хаёл оваранд, ки лаззатбахшу фараҳфазост. Баъзеи эшон, хусусан агар молихулиёяшон савдовии маҳз бошад, бигирянд. Аз миёни эшон касоне ёфт шаванд, ки дӯстдори марг шаванд ва касоне ёфт шаванд, ки аз марг нафрат кунанд.
Нишонаи [молихулиёе], ки холисан ба мағз вобаста аст, андешаи баифрот, васвасаи пайваста ва пайваста ба як чиз ва ба замин чашм дӯхтан мебошад. [Низ] ранги сар, рӯй ва чашм, сиёҳӣ ва анбӯҳии мӯи сар, пеш омадани бехобӣ, андешанокӣ, ба офтоб дучор шудан ва монанди инҳо, бемориҳои пешомадаи мағз, набудани нишонаҳои андомҳои дигари бо мағз анбоз, ки ёд карда шаванд, фоида набахшидани муолаҷа ва поксозии он андом ва ниҳоят бузург будани аразҳо [ҳама ба молихулиёи мазкур] далолат кунанд.
Аммо [нишонаҳои молихулиёе], ки ба анбозии тамоми тан аст, инҳоянд: сиёҳӣ ва лоғарии тан; банд гардидани он чи, ки бояд аз испурч ва ё меъда фориғ шавад ва ё он чизе, ки бояд аз тариқи пешоб, ё аз мақъад ва ё аз [маҳалли] ҳайз истифроғ шавад; бисёрии мӯи тан ва сахт сиёҳ будани он; пеш аз [беморӣ] истеъмол кардани он ғизоҳои бади савдовие, ки андар Китоби дуввум донистӣ; ва будани бемориҳои боиси молихулиё шавандае аз қабили табҳои дерина ва омехта.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор