Қонуни тиб

Фасли дуввум
андар баёни бедорӣ ва бехобӣ
Бедорӣ ҳоли ҳайвон ба ҳангоми рехтани рӯҳи нафсонӣ ба сӯи афзорҳои ҳиссу ҳаракат аст, то ки онҳоро ба кор бибарад. Аммо бехобӣ бедории ба ифрот ва берун шудан аз ҳоли табиӣ бувад. Сабаби мизоҷии ин гармӣ ва хушкист, аз баҳри он ки рӯҳ оташӣ буда, ҳамеша ба сӯи берун ҳаракат дорад. Гармӣ аз ҳама бештар ва пештар муҷиби бехобӣ бигардад. Гоҳе бехобӣ аз сабаби бурагӣ будани рутубати андар мағз пинҳоншуда ва ё ба сабаби дард ва андешаи андӯҳгин ба амал ояд. Баъзе бехобӣ ба сабаби рӯшноӣ ва равшании ҷойгоҳе бувад, ки каси омодаи бехобӣ бад-он дучор ояд. Бархе аз бехобӣ ба сабаби бадгуворӣ ва пурии зиёд ва баъзе ба сабаби чизҳое аз қабили боқилӣ ва ғайра бошад, ки бод биангезанд, хилтҳоро парешон карда, хобҳои шӯрида оваранд ва [кас] аз хоб ба тарс бихезад. Баъзе бехобӣ ҳангоми табҳо аз он сабаб ба амал ояд, ки бухорҳои хушки сӯзон ба мағз бизананд ва [низ] аз сабаби дард бувад. Бехобие, ки пиронро рӯй диҳад, ба сабаби бурагӣ будани хилтҳо, шӯрии онҳо ва ба сабаби хушкии гавҳари мағзи эшон ба амал ояд. Гунае аз бехобӣ ба сабаби омоси савдовӣ ва ё саратоне ба амал ояд, ки андар ноҳияи мағз падид омада бошад. Гуфтаанд, ки ҳар киро бехобии сахт ояд ва сипас сурфа ориз шавад, бимирад. Мо андар боби хоб он чиро, ки боистӣ зикр кард, зикр кардаем.
Нишонаҳо: Нишонаи бехобие, ки аз сабаби хушкии содаи бемодда ва бидуни расидани гармист, ин аст, ки ҳоссаҳо ва сар сабук бошанд, чашмон, забон ва бинӣ бихушканд ва андар сар на гармӣ ва на сардӣ ҳис карда шавад. Аммо он бехобие, ки аз гармӣ ва якҷоя бо хушкӣ ба амал ояд, нишонааш ин аст, ки нишонаҳои хушкӣ якҷоя бо афрӯхтагию сӯзиш ва гоҳе бо ташнагию сӯзиши буни чашмон ҷой дошта бошанд. Бехобие, ки аз сабаби бурагӣ будани хилтҳо падид ояд, нишонааш ин аст, ки андар бинӣ тарӣ ва андар чашмон рим вуҷуд дошта, андаке гаронӣ ҳис карда шавад, аз хоб зуд бедор шаванд ва [андар хоб] аз ҷои хеш ҷаста бихезанд. [Инчунин] онро аз тариқи тадбири гузашта ва синну сол бишиносанд. Бехобие, ки аз сабаби равшан будани ҷойгоҳ ва ё аз сабаби ғизо ба амал ояд, нишонааш низ худи сабабаш бувад. Бехобие, ки аз сабаби омоси савдовист, нишонааш ҳамон нишонаҳоест, ки борҳо ёд шуданд. Аммо он бехобие, ки аз сабаби дард, ё андешаҳои андӯҳовар ва ё табҳои сахт аст, нишонааш худи ҳамин сабабҳо бувад.
Илоҷ: Он бехобие, ки сабабаш хушкист, бояд худованди он ғизои тариовар ва хусусан гармобаҳои муътадил ба кор бибарад. Агар гармоба ӯро хоб наоварад, пас, тани ин гуна шахс номуътадил буда, мизоҷаш хуб нест.
Ин гуна одамон андар зери ҳукми хушкӣ ва ҳукми хилтҳои баде буванд, ки гармоба онҳоро ба шӯр оварад (59) ва бояд эшонро аз андеша кардан, ҷимоъ кардан ва аз ранҷ кашидан дур дошт. [Низ тадбирҳоеро аз қабили] оромию роҳат, пайваста сарро андар равғанҳои тариоварандаи ёдшуда гирифтан, бар сар дӯшидани шир, [рехтани] пухтаковҳои тариоварандаи ёдшуда, бар бинӣ кашидан ва афкандани равғанҳо, андар гӯш чаконидани равған, хусусан андар бинӣ афкандани равғани нилуфар ва молидани зери кафи пой ба кор бибаранд. Бехобиеро, ки сабаби он ба изофаи [хушкӣ низ] гармист, бо афзоиш додани сардиоварии ин доруҳо чора кунанд ва [низ] тарошаи каду, хурфа, луоби тухми аспғул, садпайванд, ҳамешабаҳор ва монанди инҳоро ба кор бибаранд.
Яке аз воситаҳои хобоваранда суруди форами маҳинест, ки безоркунанда ва дорои иқоъҳои гарон набошад ва ё ҳазаҷи якнавохт бувад. Бинобар ҳамин ғар-ғари обу шир-шири дарахтон хобоварандаанд. Тадбири бехобие, ки аз дард ба амал ояд, ором кардани дард буда, илоҷаш истеъмоли чизҳоест, ки андар боби ҳар як дард ба таври махсус оварда шудаанд. Бехобие, ки ҳангоми табҳо ба амал ояд, аксар вақт чун ба худованди он диёқузои сода бидиҳанд, хобаш ояд. Соҳиби он бояд рӯшӯӣ, рехтани пухтаковҳо, оғуштани гижгоҳиву пешонӣ бо равғани хашхош ва коҳуро ба кор бибарад. Бояд андар ошомҳои ӯ тухми хашхоши сафед афкананд. Гоҳе доруҳои карахткунандаеро бахур кунанд, ки нусхаи онҳо андар Қарободин мавҷуд аст. Агар қурсҳои заъфаронро, ки андар боби сардарди гарм ёд шудаанд, андар фишурдаи хашхош, ё гулоби бо хашхош ҷӯшонида ва ё оби коҳу гудохта, бар пешонӣ тило кунанд, [низ] судманд бувад. Яке аз он чизҳое, ки андар ин боб санҷида шудааст, чунин аст: салиха, афюн ва заъфаронро якҷоя гирифта, бо равғани гул бисованд ва бо он биниро равған кунанд. Бар гижгоҳиҳо молидани тилое, ки аз пӯсти хашхош ва бехи ябруҳ сохтаанд ва низ бӯидани он [хуб бувад]. Ҳар кӣ аз инҳо ба қадри як говдона (кирсана) ба кор бибарад, муътадил хоб хоҳад рафт.
Агар хилти ба сӯи мағз бархоста ситабр бошад, пешониро бо шоҳафсар ва бобунаву майпухта якҷоя зимод кунанд. Яке аз василаҳое, ки боиси омадани хоби худовандони табҳо ва дигарон бигардад, ин аст, ки ба таври дардовар дасту пои каси бехобро бибанданд, андар наздаш [31] чароғ биниҳанд ва ба ҳозирон баланд сухан гуфтан ва суҳбат кардан бифармоянд. Баъд, чун бандҳоро якбора кушода, чароғро бибаранд ва мардумро бифармоянд, то якбора хомӯш шаванд, [бемор] бихобад.
Ҳангоми бехобие, ки аз рутубати бурагии шӯр аст, худованди онро аз тановули чизҳои шӯру тез дур бидоранд, аз моҳии сангобӣ ва гӯшти латиф шӯрбои камнамак пухта, бидиҳанд, бо ҳабби шабёр истифроғ оранд ва сарашро пайваста андар равғанҳои хуши нимгарм бигиранд. Ҳар гоҳ ин гуна бехобӣ андар пиронсолагӣ ориз гардад, муолаҷаи он душвор хоҳад буд. Лекин худованди он бояд ҳар шаб бо обе сарашро бишӯяд, ки андар он танҳо саътар, бобуна ва бобунаи говчашм ҷӯшонида бошанд. Баъди он хоби хуб хоҳад рафт. Инчунин бояд бо равғани бобунаи говчашм, равғани бехи савсани осмонгун ва равғани заъфарон бинияшро обгардон кунад. Гоҳе мумкин аст моро эҳтиёҷ бад-он биафтад, ки худованди бехобии аз андоза берунро, ки бими ҳал гардидани қувват дорад, қариб як қирот афюн бидиҳем, то хоб оварад.
Касе, ки бехобияш на ба ин андоза ба ифрот аст, мумкин аст ранҷ кашидан, варзиш намудан, гармоба кардан, баъди он пеш аз таом ошомидани баъзе доруҳои суддаоваранда ва сипас хӯрдани таом кифоят бошад ва сари вақт хоби муътадил биравад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор