Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Фасли севвум
андар баёни осебҳои зеҳн

Намудҳои гуногуни зиёне, ки андар феълҳои мағз биафтад, ба ду сабабанд гармӣ ва сардӣ ва аз се рӯй дониста шаванд. Агар ҳисси инсон солим бошад, шабаҳҳои чизҳоро андар бедорию хоб ба шакли дуруст ба хаёл биоварад, ё андар хоб бинад, вале аз хотираш бираванд ва [ё] чун онҳоро шунавад ва ё мушоҳада кунад, андар хаёлаш боқӣ намонанд, пас, хотира ва бахши пасини мағзи ӯ осебрасида бувад. Агар чунин осеб набошад, вале шахс чизҳои ношоям гӯяд, аз чизҳои ҳазар нокарданӣ ҳазар кунад, чизҳои дӯстнодоштаниро орзу кунад, чизҳои нохоҳамро бихоҳад, чизҳои носохтанӣ бисозад ва андар чизҳои меандешидагӣ андешидан натавонад, пас, осеб андар андеша ва андар (60) бахши миёнгини мағз ҷой дорад. Агар хотира ва гуфтораш мисли ҳамешагӣ бошад ва андар кирдору гуфтораш чизе хилофи ақл падид наомада бошад, ӯро чизҳои ҳисшаванда ба хаёл оянд, пурз бичинад, шахсҳои дурӯғин, оташ, ё обҳо ва ё чизҳои дурӯғини дигареро пеши назар бинад ва ё шабаҳҳои чизҳоро андар хобу бедорӣ бисёр заиф ба хаёл оварад, пас, осеб андар хаёл ва андар шиками пешини мағз ҷой дорад.
Агар ду ва ё се [осеб] ба ҳам ҷамъ оянд, осеб андар ду ва ё се шиками [мағз] ҷой хоҳад дошт. Агар пеш аз бемор шудани андеша ва ба мушоракати осеби хотира ба кӯтоҳие гирифтор шудани он нахуст осеби хотира ба амал ояд, сабуктар аз бемории андешаест, ки баъди он бемории хотира ба амал ояд. Ҳар [хотирае], ки ба коҳиш ёфтан бигарояд, аз сабаби сардист ва оне, ки майл ба парешонию изтироб дорад, аз сабаби гармӣ бувад. Бархе аз пизишкон гуфтаанд, ки мумкин аст гоҳе хотира ба сабаби коҳиш ёфтани гавҳари мағз майл ба нуқсон дошта бошад. Ин аз ҳақиқат дур нест. Сабаби ҳамаи онҳо мумкин аст ё андар худи мағз бошад ва ё аз андоми дигаре.
Гоҳе [низ] аз сабаби берунае ба монанди кӯфт хӯрдан ва ё афтидан ба амал ояд.
Аммо андар баёни муолаҷаҳо бояд бар пояи аслҳое сухан ронд, ки андар «Қонун» ёд шудаанд ва онҳоро бояд аз лавҳҳои бемориҳои андомҳои сар якояк бидонист.
Андар Китоби дуввум доруҳои барои ҳамаи [синфҳои ин беморӣ] фоиданок оварда шудаанд, ки бояд ба кор бурда шаванд. Вале аз миёни онҳо ва ғизоҳо бояд чизҳоеро тааммул кард, ки зиён доранд, то ҳангоми муолаҷа аз истеъмоли онҳо парҳез карда шавад.
Фасли чаҳорум андар баёни парешонии зеҳн ва ҳазён гуфтан

Он парешонии зеҳн ва ҳазёне, ки ба сабаби худи мағз
аст, ё аз заҳраи сиёҳ, ё аз хуни гарми афрӯхта, ё аз заҳраи зард, ё аз заҳраи сурх, ё аз гармии холис ва ё аз бухори гарм падид ояд ва чорабинии ин навъҳо сабуктар
аст. Ё аз хушкие падид ояд, ки натиҷаи бехобӣ, ё андеша ва ё чизи дигари пешомада буда, аз он хушкӣ ориз шавад ва аз мағз моддаи рӯҳи модарзодие нест шавад, ки ба
мисли он роҳи ақлро нигоҳ доштан мумкин аст. Он парешонии зеҳн ва ҳазёне, ки ба сабаби андоми дигар ва ё
бадан аст, андоми [сабабгор], масалан, меъда, ё даҳони меъ

да, ё мароқ, ё раҳм ва ё ба ҳангоми табҳо тамоми тан бувад. Ҳамаи инҳо ё ба сабаби кайфияти содаи ба сӯи [мағз] гузаранда ба вуҷуд меояд, чунонки аз ангушти пой ва даст, ҳар гоҳ омос кунанд ва аз андомҳои табаҳмизоҷи варамкарда бархезад ва ё ба сабаби бухори гарме аз талха, ё аз балғами гандидаи тез шуда ба вуҷуд меояд. Беосебтарин парешонақлӣ онест, ки бо ханда бошад ва онест, ки бо оромӣ. Бадтарини он навъест, ки бо изтироб, дод задан ва хуруҷ кардан бувад.
Нишонаҳо: Бидон, ки ҳар киро дарди сахте бошад, вале на ҳис кунад ва на шикоят, ин парешонақлӣ бувад. Пешоби равғанӣ гоҳе ҳангоми табҳо ба парешонақлӣ гувоҳӣ диҳад. Парешонақлие, ки аз савдост, бо андӯҳ, гумони бад ва ҳамроҳи нишонаҳои молихулиё бошад, ки андар боби худаш онҳоро ёд хоҳем кард. Агар савдо сафровӣ бошад, парешонақлӣ ҳамроҳ бо даррандагӣ ва хуруҷ кардан бошад. Агар савдо хунӣ бошад, андар ин ҳол тарабу ханда бо дамидагии рагҳо ба амал ояд. Парешонақлие, ки аз сафро хезад, бо гармӣ, афрӯхтагӣ, дод задан, бадрафторӣ ва изтироби сахт бувад, оташу шарора пеши назар ояд, гӯшаҳои дохилии чашм бисӯзанд, ранг зард гардад, сар битафсад, пӯсти пешонӣ кашида гардад, чашмон фурӯ раванд ва ба кушокушӣ талош карда шавад. Парешонақлие, ки аз заҳраи сурх хезад, ҳангоми он ин аразҳо сахттару душвортар бигардад. Аз ҳамин қабил парешонақлиест, ки ҳангоми табҳо ва бештар ҳангоми табҳои вабоӣ ба амал ояд.
Парешонақлие, ки аз гармӣ ва хушкии сода бархезад, ҳамроҳи он на гаронӣ ба амал ояд ва на нишонаҳои моддаҳое, ки андар зимни қонунҳо ва бобҳои пешомада ёд шуданд. Аммо парешонақлие, ки аз балғами гандида ва тезгардида хезад, худовандони онро ба изофаи парешонӣ тамкинӣ рӯй диҳад, ҳар вақт абрӯвонашонро бо дастон ба боло бардоранд, саргарон бошанд ва ба сабаби гавҳари сардӣ ба субот гирифтор оянд, чунончи ақли эшон ба иллати ориз шудани гармӣ ошуфта бигардад. Ин гуна [беморон] чизи андар даст доштаашонро фарқ кардан натавонанд. Гоҳе эшонро чунин ориз гардад, ки хешро чаҳорпо ва паранда пиндоранд. Умуман, агар парешонии ақл аз гармии хушк ориз шавад, ин далели бехобӣ бувад ва ё агар аз гармии намноки хун ва ё балғами гандида бархезад, далолат бар субот кунад. Аммо парешонақлие, ки сабабаш бухори аз андом бархоста бошад, аз ҳолати (61) он андоми дарднок дониста шавад ва ё агар беморӣ тамоми танро фаро гирифта бошад, чунонки ҳангоми табҳои ҳамаро фарогиранда чунин аст, аз ҳолати тамоми тан дониста шавад. [Низ] бо ёрии нишонаҳое, ки ҳамаи онҳо андар боби сардард ёд шудаанд, бояд донист, ки ин [беморӣ] оё сода аст, ё бо модда ва ё бо бухор.
Илоҷ: Илоҷи молихулиёро андар боби молихулиё зикр хоҳем кард. Илоҷи парешонақлие, ки аз хун ба амал омадааст, чунин аст: Бояд ба ҳангоми он ба задани раг ва ба истифодаи он василаҳое шитофт, ки хунро муътадил ва сард гардонанд ва қивоми онро дуруст созанд. Аммо [парешонақлие], ки аз сафро ва аз заҳраи сурх бархезад, илоҷаш ин аст, ки ё аз тамоми тан ва ё ба таври махсус аз сар зуд истифроғ оварда, мизоҷро бигардонанд, доруҳои сардиоварандаю рутубатфизояндаеро ба кор бибаранд, ки андар «Қонун» ёд шудаанд ва баъд аз тарошидани сар зимодҳоро кор фармоянд.

пешина
аз 1215
навбатӣ