Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Аммо суботе, ки аз сабаби хун бошад, аз тариқи дамидагии рагҳои гардан, сурхии рӯю чашм, (57) сурхии забон, андар сар гармӣ ҳис кардан ва аз тариқи ба ҳаминҳо монанд чизҳое бишиносанд, ки дониста будӣ.
Агар хуну балғам бо вуҷуди инҳо мисли ҷамъ омадан андар омосҳо ҷамъ омада бошанд, нишонаҳои фаронитус, ё лисарғус ва ё суботи саҳариро хоҳӣ дид. Агар сабаби он бухорҳое бошад, ки ҳангоми табҳо ва хусусан ҳангоми дарди шуш ва омоси он, ки «зотурриа» ном дорад, аз бадан бархезанд ва [ё] бухорҳои меъда бошад, ҳар кадомро бо ёрии нишонаҳояш хоҳӣ шинохт. Агар аз [бухори] меъда бошад, пеш аз он чашм сиёҳ задан, гижа, садову бонг задани [гӯшҳо] ва хаёлҳо ориз гарданд ва [беморӣ] бо гуруснагӣ сабук ва бо пурӣ афзоиш ёбад. Аммо агар аз [бухори] ноҳияи шушу сина падид омада бошад, пеш аз он дарди гарон ва ё дарде андар сина, тангии нафас, сурфа, аразҳои барсом ва омоси шуш зоҳир гарданд.
Ҳамчунин агар аз [бухори] ҷигар бархоста бошад, пеш аз он далелҳои бемории ҷигар падид оянд. Агар аз [бухори] заҳдон бошад пеш аз он иллатҳои заҳдон ва пурии он ба амал оянд. [Суботе], ки аз расидани кӯфт бар фарқи сар ва гижгоҳиҳо ба амал омада бошад, бо далели мувофиқи худ дониста шавад.
Фарқ миёни субот ва сакта ин аст, ки каси ба субот гирифтор мумкин аст фаҳм дошта бошад ва бедор шавад ва ҳаракатҳояш равонтар аз эҳсосаш бошад. Шахси ба сакта гирифтор беҳиссу ҳаракат бувад. Хулоса, фарқ миёни каси ба субот гирифтор ва каси аз заъфи дил беҳушшуда ин аст, ки набзи каси ба субот гирифтор қавитар ва шабеҳ ба набзи тандурустон аст. Набзи каси беҳушшуда заифтар ва ситабртар буда, беҳушӣ оҳиста-оҳиста баробари ба зардӣ ва ба шакли ранги мурда гардидани ранг ва сард шудани дасту пой фаро бирасад. Аммо ба ҳангоми субот ранги рӯй дигар нашавад, баръакс ҳар чи бештар хуб шавад, барҷастагии рӯю бинӣ борик нагарданд ва намуди зоҳирӣ аз намуди зоҳирии ҳангоми хоб буда ҷуз ба андаке дамидагию бодгирифтагӣ фарқ накунад.
Фарқ миёни каси ба субот гирифтор ва зане, ки ихтиноқи заҳдон дорад, ин аст, ки шахси ба субот гирифтор фаҳмидан ва бо такаллуф сухан гуфтан битавонад, аммо каси ба ихтиноқи заҳдон гирифтор ба душворӣ бифаҳмад, вале, албатта, сухан гуфтан натавонад. Ҳаракат ва хусусан ҳаракати гардану сар ва пой бар каси ба субот гирифтор осонтар аст, вале ҳиссу кушодани пилкҳо [30] бар каси ба ихтиноқи заҳдон гирифтор осонтар бувад. Ихтиноқи заҳдон сабабест, ки якбора ба амал ояд ва ҳукми худро ронда бигузарад ва ё бикушад. Аммо субот гоҳе ба дарозо бикашад, андар он пурра фурӯ рафтан ба тадриҷ бошад ва бо хоби гарон оғоз ёбад, ба шарте ки сабаби он сардии якбора расида ва ё ошомидани дору набошад. Ин [зуд] дониста хоҳад шуд.
Андар баёни илоҷи субот ва хоби гароне, ки ба ҳангоми табҳо ба амал ояд. Суботе, ки арази бемории ягон андом аст, роҳи муолаҷааш тадбири андом кардан аст, то ки пок шавад, ҳар чизи андар он буда биравад ва мағз ба ҳадде тақвият ёбад, ки моддаро напазирад. Ин [тадбирро] масалан бо ёрии равғани гул ва сиркои зиёд ба амал оранд

[ва сиркои зиёд] барои он бошад, ки то равған ба ҳоли танҳоӣ хоб наоварад. [Инчунин] бо фишурдаҳои қавикунандаи меваҳо ва баъд аз он бо пухтаковҳои сардиоваранда тадбир кунанд ва сипас агар андар мағз чизе банд шуда бошад, ба истеъмоли доруҳои ҳалкунанда бипардозанд.
Ту ҳамаи инро андар «Қонун» донистӣ.
Ҳангоми [суботе], ки ба вақти табҳо ва ба оғози давраҳои [онҳо] падид ояд, бояд ба бастани дасту пой, пайваста атса овардан, бӯёнидани сирко ва бухори он, оғуштани сар бо94 равғани гулу сиркои зиёд ва ё оби ғӯра, анор ва чизҳои гиранда шитофт. [Суботе] ки ба иллати ошомидани чизҳои карахткунанда падид омадааст, ба ҳасби он чизи карахткунанда муолаҷа карда шавад ва подзаҳри он чизро, ба тавре ки андар Китоби чаҳорум95 бигӯем, ба [бемор] биошомонанд. Илоҷи суботе, ки ба сабаби сармои аз берун расида ба амал омадааст, ин аст, ки ба [бемор] тарёк, масрудитус ва доруи мушк диҳанд, сарро бо обҳое бишӯянд ки андар онҳо судоб, гунди бедастар ва оқирқарҳо пухта бошанд ва бар сар равғани бон, равғани нордин бо гунди бедастар равғани мушк ва равғани қуст бо гунди бедастар бимоланд. Инчунин зимодҳое ба кор баранд, ки аз гунди бедастар, пиёзи унсул ва мушк [ба нисбати зерин] омода сохтаанд: гунди бедастар ду бахш, пиёзи унсул як бахш ва мушк андаке. [Ба бемор] пайваста мушк бибӯёнанд ва доруҳоеро ба кор бибаранд, ки андар [боби] гарм сохтани мизоҷи мағз гуфта шудаанд, (58) лекин сахт [ба кор бибаранд], на ба оҳистагӣ.
Ҳангоми [суботе] ки ба иллати ғалабаи хун падид омадааст, бояд ба задани раги қифол, ҳиҷомат кардани соқ ва ё задани раги софин шитофт, ҳуқнаҳои муътадил ба кор бурд, ғизоро латиф сохт ва оби нахӯд истеъмол кард. Аммо [суботеро], ки аз ғалабаи рутубатҳои содаи бе модда ба амал омадааст, бояд бо зимодҳое муолаҷа кард, ки аз гунди бедастар, шукуфаи гӯргиё, қуст, гавзи сарв ва ё абҳал, уфурбиюн ва оқирқарҳо сохта бошанд. Бояд ғизоро сабук сохт ва аз истеъмоли равғанҳову пухтаковҳо дурӣ ҷуст, вале [агар ба кор бурда шаванд], бояд ба эҳтиёт ба кор бурд, зеро рутубатоварие, ки андар равғанҳост, мумкин аст бар қувваи дору, агар сахт қавӣ набошад, ғолиб ояд. Бояд сарро чарб карда, печонид ва мушк бӯид. Агар рутубат бо моддаи балғамӣ бошад, бояд нахуст бо ҳуқнаҳои қавӣ истифроғ намуд ва сипас бо ҳила қай овард.
Аксари [суботе], ки ба амал меояд, низ аз балғами андар меъда буда ба амал меояд. Бинобар он боистӣ онро бо доруҳое пок сохт, ки бурандаи балғам буда, мо онҳоро андар ҷои лозимӣ ёд хоҳем кард. [Низ] пухтаковҳои қавии пазонанда, доруҳои андар бинӣ афкандашаванда, доруҳои атсаовар, доруҳои ғарғарашаванда ва дигар чизҳоеро ба кор бибаранд, ки аз «Қонун», ба тавре ки бароят ёд карда шуд, донистаӣ. Аз ҷумлаи муолаҷаҳои ин [беморӣ] ин аст, ки худованди онро чизе шунавонанд ва чизе бинамоянд, ки ӯро андӯҳгин созад, зеро андӯҳ ҳангоми ин гуна бемориҳое, ки андар онҳо ҳуш заиф шуда, хомӯш бигардад, яке аз чизҳоест, ки нафсро ба ҳаракат оварда, ба сӯи дурустӣ боз орад. Аз доруҳои бедоркунанда қалқанд андар бинӣ тило кунанд, бар рӯй сирко бимоланд, андомҳои бахши фурӯсӯро сахт бибанданд ва доруҳои атсаоваранда ба кор бибаранд.

пешина
аз 1215
навбатӣ