Қонуни тиб

Низ [ин хоб] гоҳе ба сабабе ориз гардад, ки афзорҳоро тар сохта, гавҳари асаб ва мушакҳоро ба гунае нарм созад, ки боиси падид омадани суддаҳову часпидагӣ бигардад ва саранҷом рӯҳро гузаштан нагузорад, зеро худи гавҳари рӯҳ ситабру тира шуда, афзорҳо ба воситаи рутубат табаҳ гардида ва ҳама якҷоя нарм шуда бошанд. Ин хоби мастист. Ба ҳамин наздик хобест, ки ба сабаби андар даҳони меъда хом мондани ғизо ва муддати дароз истодани он ориз гардад. Суботи ин гуна [беморон] аз тариқи қай биравад. Ин ду сабаб ҳар гоҳ устувор гарданд, ба айнӣ сабаби аксари суботҳои оризшаванда бошанд.
Гоҳе сардӣ ва рутубат ҳар ду якҷоя яке аз сабабҳои хоб бигарданд, вале сабаби пешоянда аз ин ду сардӣ буда, тарӣ онро ёрӣ диҳад, чунонки ҳар гоҳ ба ҳангоми бедорхобӣ (саҳар) гармӣ ва хушкӣ якҷоя ба амал оянд, сабаби ростинӣ гармӣ буда, хушкӣ онро ёрӣ диҳад. Суботро сабабҳои дигаре аз қабили шиддат ёфтани навбаҳои таб, бо тамомияти худ ба муқобили иллат равона шудани табиат ва зери фишори модда мондани он низ ҳастанд. Андар ин ҳол хусусан агар моддаи таб балғамии сард ва аз тариқи гандидан тафсида бошад, чунонки гуфта шуд, рӯҳи нафсонӣ табиатро мутобаат кунад. Гоҳе ба сабаби бекорагии хилтҳо ва бухорҳое ба амал ояд, ки аз меъда ва ё шуш ҳангоми бемориҳои онҳо ва ё аз дигар андомҳо бархоста ба сӯи бахши пешини мағз задаанд. Гоҳе аз сабаби зиёд будани кирми шикам ва «кадудона» ва гоҳе дигар аз сабаби зери фишори устухони косаи сар, ё пораи устухон ва ё қишр қарор гирифтани мағз, ки ин натиҷаи ягон зарба расидан ба мағз бошад, субот ба амал ояд. Ҳангоми бурида шудан сахттарин субот он шикамҳоеро ориз бигардад, ки ҳангоми таҳти фишор қарор гирифтан ба суботи аз ҳама сахттар гирифтор оянд. [Субот] мумкин аст ба сабаби дарди сахте падид ояд, ки аз кӯфти бар мушакҳои гижгоҳӣ расида бархоста бошад. Ё мумкин аст ба сабаби анбозии газанде падид ояд, ки андар даҳони меъда ва ё заҳдон ҷой дошта, бар асари он мағз фишурда гардад ва (56) роҳҳои рӯҳи ҳассос ба гунае баста шаванд, ки рӯҳ ба душворӣ берун ояд. Гоҳе [субот] ба иллати шиддат ёфтани нотавонии рӯҳ ва ҳал гардидани он, ки боиси душвории паҳн гардидани рӯҳ ҳамешавад, ба амал ояд.
Азбаски аввалин ҳоссае, ки ҳангоми хоб ва субот аз кор ҳамемонад, биноӣ ва шунавоист, бинобар он бояд осеб ҳангоми субот андар бахши пешини мағз ва ба анбозии фасоди тахайюл ориз шуда бошад. Зеро агар бахши пешини мағз солим мебуд ва фасод бахши пасинро ориз мешуд, биноию шунавоиро набояд бекор шудан рӯй медод ва хоб ба амал намеомад, балки мебоист ҳаракат ва ё як худи ламс бекор мешуду дигар ҳоссаҳо ба ҳоли хеш боқӣ мемонданд, чунонки ба ҳангоми бемориҳои сахт шуда мондан (ҷумуд) ва чашм боз мондан (шухус) ҳамин гуна бувад. [Андар ин гуна ҳол] зиёни субот ба ҳис беш аз зиёни он ба ҳаракат нахоҳад буд, балки он ҳисро тамоман бекор сохта, ҳаракатро тамоман бекор насозад, зеро нафасгирӣ ба ҳоли худ боқӣ бимонад. Бояд суддае, ки ба ҳангоми субот ба амал меояд, на пурра ва на ниҳоят зич бошад, вагарна ба нафасгирӣ бояд зиён меовард.
Ҳар суботе, ки ба мизоҷ вобастагӣ дорад, нахуст ба сабаби сармо ва сипас ба сабаби рутубат бувад. Гоҳе варами шуш, барсом ва дигар бемориҳо ба субот бигузаранд.
Баъзе касон то даме, ки нишастаанд, хилтҳояшон паҳн ва ғайри озордиҳанда аст. Ҳар гоҳ хобашон ояд ва дароз кашанд, гармии модарзодӣ ба андарун фурӯ равад, бухорҳо ба шӯр омада, ба мағз бизананд ва бад-ин сабаб чунин шахсонро, хусусан агар хушкмизоҷ бошанд, хоб бипарад. Агар хоб тез-тез ояд, огоҳӣ аз беморӣ дорад. Гӯянд, ки оби анор яке аз чизҳоест, ки андар меъда дер бимонад, бухорҳоро бибандад ва аз бехобӣ раҳоӣ диҳад. Мо ёд кардем, ки ҳайъати паҳлу задан баъд аз ғизо чи гуна бояд бошад ва ҳоло бигӯем, ки бар пушт задан [баъд аз ғизо] аксар вақт миёнро суст ва нарм кунад. Илоҷи ин бисёр рост нишастан аст. Андар зери офтоб хобидан барои сар бимнок аст ва андар зери моҳ боиси хунпартоӣ бигардад, зеро моҳ хилтҳоро аз ҷой биҷунбонад. Хуррок кашиданро сабаб пӯшида гардидани даҳони нои шуш бувад, ки бар асари он нафас ҷуз бо захм задани рутубат берун наояд.
Нишонаҳои синфҳои гуногуни субот: Агар субот аз сабаби сардии содаи берунӣ ба амал омада бошад, нишонааш ин аст, ки баъд аз хунукии сахти аз берун ба сар дучор омада ва ё ба сабаби сардии андаруни тан ва мағз падид ояд. На андар рӯй ва на андар пилкҳо ягон дамидагие дарёфта нашавад. Ранг ба сабзӣ бигарояд ва набз таранги моил ба сахтӣ ва бо тафовути сахт бувад. Агар субот аз сабаби сардии яке аз доруҳои карахткунанда аз қабили афюн, банг, бехи ябруҳ, тухми луффоҳ, гавзи мосил, саморуғи заҳрдор, шири андар меъда паниргашта, кашнизи тар ва миқдори зиёди тухми аспғул бошад, ки ошомида бошанд, пас, бар он бо ёрии нишонаҳое огоҳӣ пайдо кунанд, ки мо онҳоро барои ҳар яке аз ин [доруҳо] алоҳида андар боби заҳрҳо ёд хоҳем кард. [Инчунин бо дигар нишонаҳои ҳамроҳи субот буда, аз қабили] ихтиноқ, кабуд ва сард шудани дасту пой, омосидани забон ва гардидани бӯи [даҳон метавон донист. Ба ғайр аз ин] набз афтидаи мӯрчагӣ ва нотавон, вале на кандаканда, балки думодум ояндаи кирмӣ ва мӯрчагӣ бишавад. Агар канда-канда бошад, бенизому бесубот бигардад. Балки агар аз канда-кандагӣ ба думодумӣ ва аз думодумӣ ба канда-кандагӣ бигузарад, гувоҳӣ аз он диҳад, ки [ба бемор] яке аз ин [доруҳоро] додаанд ва ё худ ошомидааст. Ҳамаи инҳоро бо он чизе муолаҷа кунанд, ки андар боби заҳрҳо ёд кардаем93.
Бархе одамон гӯянд, ки суботи аз сардии сода падидомада сабуктар аз суботест, ки аз моддаи тар ба амал ояд.
Ин гуфта чандон дуруст нест, балки ин [субот] мумкин аст гоҳе сахт қавӣ бошад. Баъд аз ҳамаи синфҳои суботе, ки ё ба сабаби сардии андар гавҳари мағз буда ва ё ба сабаби доруи ошомида падид оянд, хотира ва андеша табаҳ бигарданд. Аммо суботе, ки аз рутубати сода ба амал ояд, нишонааш он бошад, ки на нишонаҳои хун дида шавад ва на гаронии балғамӣ. Суботе, ки аз балғам падид ояд, бад-ин гуна маълум шавад, ки пеш аз он пурӣ, хом мондани таом, бисёр ошомидан, нармии набз ва мавҷию паҳн будани он рӯй диҳанд. Онро инчунин аз тариқи хоби сахту гарон, сафедии ранги рӯй, чашм ва забон, саргаронӣ, дамидагии пилкҳо, эҳсоси сардӣ додани тан, тад бири пеш дидашуда, синну сол, кишвар ва ғайра бишиносанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор