Қонуни тиб

Як навъи симҳоқ90 «саморуғ» аст, ки ба ҳангоми он пардаи мағз берун ояд, варам кунад ва фарбеҳ шуда, чун саморуғ бигардад.
Аз ҷумлаи инҳо омма91 ва ҷоифа92 аст ва ин хатарнок бувад. Ҳангоми ҷароҳатҳое, ки ба пардаи мағз расидаанд, аз сӯи ҷароҳат сустӣ ва аз муқобили он азҳамкашидагӣ ба амал ояд. Агар буридагӣ на то ба шикамҳои мағз, балки то ҳудуди пардаи тунук расида бошад, ин беосебтар аст, вале агар буридагӣ то ба мағз расида бошад, таб ва қаи заҳравӣ зоҳир гардад ва ба ҷуз каме аз одамон касе раҳоӣ наёбад. Ба саломат аз ҳама наздиктар он буридагиест, ки андар шикамҳои пешин биафтад ва зуд чорабинӣ карда, фароҳам орандаш. Вале ду буридагие, ки андар ду шиками пасин ба амал ояд, душвортаранд ва буридагие, ки андар миёни мағз биафтад, аз он ҳам душвортар бувад ва аз ҳама камтар эҳтимоли ба ҳолати табиӣ баргаштанро дорад, магар ин ки каму андак бошад ва ё зуд ба часпонидану дуруст кардани он шитобанд.
Аммо илоҷ он аст, ки бо ёрии чизҳои муносиби тавоноӣ омос зуд пешгирӣ карда шавад. Тафсили ин чунин аст: Мо илоҷи ҷароҳати саршикастагиеро, ки андар пӯсту гӯшт воқеъ шуда бошад, андар ҷое аз Китоби чаҳорум ёд кардаем, ки андар он ҷой решҳоро ёд кардаем ва аз ҷумла илоҷи шикастагиро андар боби шикастабандӣ зикр намудем. Пизишконро оид ба шикастагии бархостаи косаи сар, ки он беҷой шуда бошад, ду мазҳаб аст:
як мазҳаб ба [истеъмоли] доруҳои оромкунандаи дардро сахт фурӯнишонанда майл дорад; дигар мазҳаби касест, ки истеъмоли доруҳои ниҳоят хушккунандаро дуруст ҳамешуморад. Баъди буридани бахши шикаста, кандани бахши беҷойшуда ва кашида гирифтани шикастапора аз миёни марҳамҳо ва дигар доруҳо доруҳои кашандаро бар маҳалли [шикастагӣ] аз боло ва аз сӯи берун бо ангубину сирко бимоланд. Аз дасти гурӯҳи ахир шифо ёфтан бештар аз он будааст, ки аз дасти гурӯҳи якум шифо ёфта бошанд ва ин шигифтовар нест. Ҷолинус гуфтааст: «Ба ростӣ, мизоҷи асабҳову устухонҳо хушк бувад».
Мақолаи чаҳорум
АНДАР БАЁНИ ОН БЕМОРИҲОИ САР, КИ БЕШТАРИ ЗИЁНИ
ОНҲО АНДАР КОРҲОИ ҲИССУ ИДОРАКУНӢ БИАФТАД
Фасли нахустин
андар баёни субот ва хоб
«Субот» гуфта, хоби ба ифрот ва гаронро гӯянд, вале ин на ҳар гуна хоби ба ифроту гарон, балки он хобе бошад, ки ҳам ба муддат ва ҳам ба кайфият гарон бувад. Ба ҳадде муддаташ дарозу ҳайъаташ қавист, ки агар [беморро] бедор кардан бихоҳанд, ба душворӣ бедор шавад.
Навъе аз хоб аз ҷиҳати миқдор ва кайфият табиист, навъе гарон аст ва навъи дигар аз он суботи сахт бувад.
Хоб (55), умуман, баргаштани рӯҳи нафсонӣ аз сӯи афзорҳои ҳиссу ҳаракат ба сӯи саргаҳи [хеш] буда, баробари ин афзорҳои онҳо билфеъл бе рӯҳ бимонанд, ба ҷуз он афзорҳое, ки барои нигоҳ доштани зиндагӣ аз онҳо чора нест, масалан, афзорҳои нафасгирӣ аз ин қабиланд.
Хоби табиӣ ба таври мутлақ хобест, ки баробари барои пазонидани ғизо андар ботин ҷамъ шудани рӯҳи ҳайвонӣ падид ояд. Рӯҳи нафсонӣ [низ] аз паси [рӯҳи ҳайвонӣ] биравад, чунонки ҳангоми ҳаракатҳои ҷисмҳои латифи ба ҳам омехта ба иллати зарурати хало [чунин ҳолат] рӯй диҳад. Инчунин [хоб] мумкин аст аз барои осоиш ва аз барои он бошад, ки то рӯҳ андар хеш ҷамъ шуда, ғизо бигирад, болиш ёбад, гавҳараш биафзояд ва бадали он чизеро ба даст орад, ки ҳангоми бедорӣ ба таҳлил аз вай ба харҷ рафтааст. Ба ҳамин наздик хобест, ки каси аз беморӣ рӯ ба беҳӣ ниҳодаро ориз гардад. Ин гуна шахсонро хоби сахт ояд ва ин далолат бар ором ёфтани бемории эшон дорад, вале андар тандурустон далели некӣ нест. Гоҳе аз ҳамин қабил хоб касонеро ориз гардад, ки бо дору бисёр истифроғ карда бошанд. Ин гуна хоб барои эшон судманд аст ва қувваташонро барқарор кунад.
Гоҳе хобе падид ояд, ки ба таври мутлақ табиӣ нест ва ин ҳангоме бошад, ки баргаштани рӯҳ ба сӯи саргаҳ ба сабаби берун аз андоза ҳал шудани он буда, гавҳари он паҳншавиро таҳаммул кардан натавонад, аз баҳри он ки бахши беш аз ҳадди кифояти аслҳо будаи худро ба сабаби таҳлилёбии аз ҳаракат баамаломада гум кардааст. Бинобар он [рӯҳ, ба андарун] фурӯ биравад, чунонки андар ҳолати ранҷ ва варзиши қавӣ низ чунин бошад. Чунки рӯҳи нафсониро истифроғи ба ифрот ориз гардад ва табиат барои нигоҳ доштани чизи андар гавҳари он боқимонда то расидани ғизо ва мадад истодагарӣ кунад. Фарқ миёни ин хоб ва хоби пеш аз ин буда мисли фарқест, ки андар миёни ғизо талаб кардани тани дуруст аз барои пур кардани ҷои чизи ба таври табиӣ ҳалшуда ва ғизо талаб кардани тани ба сабаби исҳол ва хунравӣ истифроғёфта ҷой дорад.
Ба ҳақиқат якуми ин ду навъ хоб бадали он чизеро талаб кунад, ки ба ҳангоми бедорӣ ҳал шудааст ва ин ҳодисаи табиист ва навъи дуввум бадали чизеро бихоҳад, ки ба иллати ранҷ кашидан ҳал шудааст ва ин ғайри табиӣ бувад.
Гоҳе ба таври мутлақ низ хоби ғайритабиӣ ба амал ояд ва ин бад-ин гуна бувад, ки рӯҳи нафсонӣ ба иллати сабаби сардиоварандаи зидди гавҳари рӯҳи нафсонӣ аз сӯи афзорҳо бигардад. [Ин сабаб] ё аз берун бувад ва ё аз доруҳои сардиоваранда ва дар натиҷаи он афзорҳо сардие ба худ бигиранд, [29] ки он нуфузи рӯҳи ҳайвониро андар онҳо ба ваҷҳи худ боз дорад ва ё бахши рӯҳи андар онҳо бударо карахт намуда, мизоҷеро табаҳ созад, ки бо ёрии он аз сарчашма қувваи нафсонӣ пазируфта шавад.
Боқимондаи рӯҳ аз сабаби зид пас гашта фурӯ равад ва ба иллати сардии мизоҷ аз густариш боз монад. Инак ҳамин карахтшавист.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор