Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Фасли нуҳум
андар баёни суботи саҳарӣ

Баъзе пизишкон инро «чашм боз мондан» (шухус) хонанд, вале чунин нест, балки чашм боз мондан гунае аз сахт шуда мондан (ҷумуд) бувад. Ин иллати сарсомиест, ки аз сарсомҳои сарду гарм таркиб ёфтааст, зеро омоси [он] аз ҳар ду хилт, яъне аз балғам ва сафро ба амал омадааст. Сабаби он пурии [рагҳо], падид омадани андӯҳ, бисёр хӯрдану маст шудан бувад. Гоҳе ҳар ду хилт баробар бошанд ва гоҳе яке бар дигарӣ ғолиб омада, нишонаҳои он ғолибият пайдо кунанд. Ҳар гоҳ хилти балғамӣ ғолиб ояд, бемориро «суботи саҳарӣ» хонанд ва ҳар гоҳ сафровӣ ғалаба кунад, «саҳари суботӣ» (бедорхобӣ) гӯянд.
Гоҳе ҳангоми ин беморӣ, ки ба шумора як аст, мумкин аст ҳар кадом бар дигарӣ бешӣ пайдо кунанд ва боре балғам ғолиб омада, боиси хоболудӣ, гаронӣ, беҳавсалагӣ ва ғамза кардан бигардад ва чун ба бемор муроҷаат кунанд, бо машаққат ҷавоб диҳад ва ҷавобаш кашидаи андешанок бошад. Гоҳе андар ин беморӣ сафро ғалаба кунад ва боиси бехобӣ, ҳазён ва тез нигаристани пайваста бигардад. Беморро нагузорад, ки ғарқи хоб шавад, балки хобаш чунон аст, ки агар бедор карда шавад, [зуд] бедор шавад. Ба ҳангоми ғалабаи балғам хоб гарон ояд [28] ва агар бемор дида боз кунад, пӯшида шавад. Ба ҳангоми ғалабаи сафро бемор зуд аз хоб бедор шавад, ҳазён гӯяд, оҳанги ҷунбидан кунад, чашмро бе мижа задану пӯшидан боз дорад, балки пилки барсӯвинаш кашида бувад, чунонки худовандони сарсомро чунин рӯй диҳад. [Бемор] хоҳони ба пушт хобидан буда, бар пушт заданаш ғайри табиӣ бошад. Рӯяш бидамад ва ба сабзию сурхӣ бигарояд. Азбаски андар бештари ҳолатҳо пилкаш ба барсӯ кашида шуда, пӯшида гардад, бинобар он ҳар гоҳ чашмашро боз кунад, мисли худовандони [бемории] чашм боз мондан (шухус) ва бемории сахтшавӣ (ҷумуд) бидуни мижа задан боз кунад. Ҳар гоҳ сухан гӯяд, суханаш бенизом бувад. Об андар гулӯяш дармонад ва ҳатто гоҳе аз бинияш баргардад. Ошомҳо ҳам андар гулӯяш дармонанд ва ин нишонаи бад бувад. Бисёр бошад, ки ба ҳангоми ин [беморӣ] пешобу бироз ҳар ду банд бигарданд ва ё кам оянд. Чунин [беморонро] зиқи нафас ориз шавад. Гоҳе ин беморӣ андар бисёре аз ҳолатҳои хеш ихтиноқи заҳдонро монад, лекин рӯй ба ҳангоми ихтиноқи заҳдон ба ҳоли худ бимонад. Дигар нишонаҳои ихтиноқи заҳдон андар боби худ ёд хоҳанд шуд. Ба ҳангоми ин беморӣ беморро барои ягон чиз гуфтан ва ба такаллуф фаҳмидан маҷбур кардан мумкин аст, вале бо каси заҳдонаш ба хуноқ гирифтор то вақте ки ихтиноқаш ҳаст, чунин кор кардан наметавон.
Ин иллат инчунин ба лисарғус шабеҳ аст, лекин аз он бад-ин гуна фарқ кунад, ки ба ҳангоми ин рӯй ба ҳоли хеш набошад, чунонки худовандони лисарғусро чунин бошад. Низ [беморро] бехобӣ ва аз ғайри мижа задан боз доштани чашм рӯй диҳад ва таби он сахттар бувад.
[Ин беморӣ] ба фаронитус монанд аст, лекин бад-ин гуна тафовут, ки ҳангоми он хоболудагӣ бештару ҳазён камтар бувад. Аммо набзи он ба сабаби омос ва ошуфтагии табиӣ зуди думодум буда, бо ҳамин аз набзи лисарғус фарқ кунад ва [низ] ба сабаби балғам ва омоси он

паҳни кӯтоҳ буда, ба ин восита бо набзи фаронитус мухолиф бувад. Кӯтоҳияш ба сабаби паҳнияш аст. Баъд набзи «хоббедорӣ» қавитар аз набзи лисарғус ва заифтар аз набзи фаронитус аст. Ин набз кашида шуда, бо ташаннуҷ ва гуногун нест, чунонки ҳангоми ихтиноқи раҳм низ чунин бувад. На қувваи он барҷой бимонад ва на ба он ҳадде бе низом бошад, ки набз ба ҳангоми ихтиноқи заҳдон бенизомӣ содир кунад, балки қувва аз пой афтида ва набз думодум оянда бувад.
Илоҷ: Аммо илоҷи муштарак нахуст, чунонки медонӣ, раг задан ва сипас рехтани ҳуқнаҳоест, ки ба андозаи бо нишонаҳои ёдшуда дарёфтани модда ва баъди шинохтани он, ки оё заҳра ғолиб аст ва ё балғам, тезию нармии онҳоро афзоиш бидиҳанд. Инчунин хусусан агар сабабаш бисёр хӯрдани таом бошад, аз ғизо хӯрдан, ба тавре ки андар фаронитус омад, манъ кунанд. (54) Низ агар сабаб бисёрии таом бошад, беморро қай овардан бифармой ва меъдаро аз он пок бикун. Агар сабаби ин [беморӣ] мастӣ бошад, то ҳангоми қатъ шудани мастӣ, албатта, муолаҷа набояд кард, баъд аз он танҳо ба истеъмоли доруҳои барои сар тариоваранда кифоят кунанд, сипас ба марҳалаи ахир бо чизҳое муолаҷа кунанд, ки андар марҳалаи ахири хумор бо он чизҳо хуморро муолаҷа карда шавад. Ҳамаи гунаҳои ин [беморӣ] андар истеъмоли пухтаковҳо, зимодҳо ва доруҳои атсаоварандаи мазкур ва истифроғҳои латифе ба ҳам анбозӣ доранд, ки чунонки медонӣ, бо ёрии доруҳои ошомиданию ҳуқнавӣ ба амал оварда шаванд. Ин доруҳо ба ҳангоми ин беморӣ на чандоне сард бошанд, ки ин сардӣ ба дараҷаи андар фаронитус лозим бирасад ва на чандоне гарм бошанд, ки ба андозаи гармии ба ҳангоми лисарғус фармудашуда бирасад, балки аз ҳар ду мураккаб бошанд. Андар ин доруҳо он чизе ғолиб бошад, ки ба ҳасби ғолиб ба назар расидани ин ё он хилт воҷиб гардад. Ҳамаи он чи ки ба ҳангоми ин гуна ҳолат бояд бидонӣ, пеш аз ин андар «Қонун» бароят оварда шуд. Агар талха ғолиб бошад, андар пухтаковҳо бояд барги бед, бунафша, бехи ширинбаён89 ва ҷав якҷоя бо бобуна, шоҳафсар ва шибит ҳамроҳ кард.
Агар бими ғалабаи балғам набошад, гоҳе метавонӣ ба [бемор] шароби хашхош бидиҳӣ ва ғараз аз ин ошомонидан хоб овардан аст. Агар ҳар ду модда баробар бошанд, андар [дору] дермана ва марзангӯш биафзой ва агар балғам ғолиб бошад, андар он барги даҳмаст, судоб, пудина, зуфо, гунди бедастар ва саътар изофа кун. Ба ҳасби ин қонун бо зимодҳову ҳуқнаҳо низ чунин кун. Ту метавонӣ [доруҳоро] аз Қарободин якояк бидонӣ. Ба охири беморӣ ва баъд аз он, ки иллат паст бигардад, беморро аз истеъмоли пухтаковҳои сард дур бидор ва танҳо бо доруҳои латифиоварандае кифоят кун, ки медонӣ.
Баъд беморро ба гармоба бибар ва чун касони сиҳатшаванда тадбир кун.
Фасли даҳум андар баёни саршикастагӣ, пора шудани пӯсти сар ва монанди инҳо

Гусастане, ки андар сар биафтад, ё андар пӯсту гӯшт
биафтад ва ё андар устухон. Он [гусастагие], ки андар устухон аст, ё пӯстравӣ, ё шикастагӣ, ё шикастагии гардон ва ё симҳоқ бувад.

пешина
аз 1215
навбатӣ