Қонуни тиб

Баъд танро бо равғани зайтун, бураи арманӣ, тухми газна, тухми мозариюн, мурч, оқирқарҳо ва монанди инҳо чарб кун. Пухтаковҳои сахт ҳалкунанда, бӯиданиҳо, атсаоварандаҳо, доруҳои ғарғарашавандаи латифиоваре, ки андар онҳо ҳошо, зуфо, пудина ва мушки замин афканда бошанд, доруҳои бо ангубин ва пиёзи унсул ғарғарашаванда ва дигар чизҳоеро ба кор бибаранд, ки андар «Қонун» онҳоро донистаӣ. Агар пиёзи унсул ва хусусан тари онро бар сар биниҳӣ, ин сахт судманд бошад.
Инчунин дигар доруҳои сурхиоваранда ва чарби хардалро бар сар бимол, дасту пои [беморро] то ба қадре молиш дода бифишор, ки сурх шуда, ба дард оянд, чунки ин суди бузурге дорад. (52) Ин корро давом деҳ. Ҳар гоҳ беморон ба хоби гарон (субот) раванд, мӯйҳояшонро бикаш ва баъзан бикан ва низ ба паси сарашон наздики мағокӣ бо оташ аз ғайри буриш миҳҷамаҳои зиёд бинеҳ, вале гоҳе мумкин аст ба ҳангоми зарурати истифроғ кардани хун ба буриш ниёзманд гардӣ. Ҳар гоҳ ягон [бемореро] ғизо доданӣ шавӣ, ба ӯ, масалан, оби боқилии мисрӣ ва оби нахӯдро якҷоя бо кашкоб бидеҳ. Чун ӯро ғизо додӣ, дасту пояшро соатҳо бифишор, то ки бухор ба барсӯ кашида нашавад.
Агар ба сабаби дер давом кардани иллат ба ошомидани доруи исҳоловаранда эҳтиёҷ пайдо кунӣ ва хусусан агар беморро ларзидани [андомҳо] падид омада бошад, ба ӯ се мисқол гунди бедастарро бо андаке аз маҳмуда, яъне камтар аз як донг бидеҳ, то биошомад. Агар битарсӣ, ки аз андоза ҳамегузарад, маҳмударо бигузор ва танҳо ба гунди бедастар ва ба гардонидани мизоҷ бидуни истифроғ кифоят кун. Беҳтарини истифроғҳо онест, ки бо ёрии ҳуқнаҳо ба амал оварда шавад. Агар ба дигар дору зарурат пайдо кунӣ, ба [бемор] як дирамсанг ёраи фиқроро бо чаҳоряк дирам дилаи ҳанзал, сеяки як дирам ҳалила ва як донг мастако якҷоя ҳангоме бидеҳ, ки таб сахт гарм набошад ва бовар дошта бошӣ, ки ин [дору] шикам ҳамеоварад, вале агар бовар надошта бошӣ, аз зер дору ва ё шиёфе барнеҳ, то ки ҳар ду сабаб аз барои ин кор ба ҳам созанд. Баъд беморро бихезон ва маҷбур кун, то ба такаллуф бироз оварад.
Агар беморро фаромӯш кардани пешобу бироз ориз шавад, бар ҳар ду мезаной ва шикам обҳое бирез, ки андар онҳо бобуна, шоҳафсар, бунафша ва бехи ширинбаён86 пухта бошанд ва обгаҳро фишор деҳ, то пешоб ояд.
Баъд ҳар гоҳ беморӣ ба марҳалаи ахир бирасад, нахуст ғановаву тахти равон ва сипас варзиши сабук ва тадбирҳои касони сиҳатшавандаро87 ба кор бибар.
Фасли ҳафтум андар баёни оби андаруни косаи сар
Ба ростӣ, гоҳе андарун ва беруни косаи сар рутубатҳои обие фароҳам оянд. Агар аз беруни косаи сар бошад, бад-он чизе далолат кунад, ки ба наздикӣ баёнаш кунем ва агар андаруни косаи сар – бар фарози пардаи сахт
воқеъ шуда бошад, гароние андарун ҳис карда шавад ва
баробари он пӯшидани чашм душвор, балки номумкин
бигардад, чашм ниҳоят серрутубат шуда, ҳамеша ашк оварад ва боз монад. Мисли ин ҳолат ҳеҷ чорае надорад.
Фасли ҳаштум андар баёни омосҳои беруни косаи сар, оби беруни косаи сар ва утос (атса)-и кӯдакон
Гоҳе андар пардаҳои беруни сар омосҳои гарм ва ё сард ориз бигарданд ва гоҳе хусусан андар кӯдакон беморие ба амал ояд, ки фароҳам омадани об андар сар бошад ва гоҳе ин иллат бузургонро низ ориз бигардад. Ин иллат рутубатҳои обиест, ки миёни косаи сар ва пӯст ва ё миёни ду пардаи беруна банд гашта бошанд ва бар асари он андар ин мавзеи сар фурӯхамидагӣ ориз шуда, [кӯдак] бигиряд ва хоб наравад. Ин [беморӣ] кӯдаконро аксар вақт ҳангоме рӯй диҳад, ки доя ба хато сарро фишор дода, [дарзҳоро] аз ҳам гусаста бошад ва даҳони рагҳо боз шуда, хуни обакӣ ба зери пӯст рехта бошад, вале гоҳе мумкин аст ин хилтҳои дигар ва ғайри рутубатҳои обакӣ бувад. Агар ранги пӯст ба ҳоли худ ва пӯст ба боло бархоста буда, [ҳангоми фишурдан] зершавандаи пастфуроянда бошад, пас, андар сар об ҳаст, вале агар ранги пӯст дигаргун бошад, эҳсоси ламс мухолифи [аввала] буда, андар он ҷой қувва ва муқовамате бар фишор додан ва сӯзишу дарде ҳис карда шавад, пас ин омосест, ки берун аз косаи сар ҷой дорад.
Ҳар гоҳ андар сари бачагон ва ғайри бачагон об бошад,– ин аксар бачагонро рӯй диҳад, – бояд бидонӣ, ки оё бисёр аст ё не ва чун фишор дода шавад, оё аз берун ба дарун биравад ё не. Агар чунин бошад, муолаҷанашаванда аст ва агар [об] кам ва миёни пӯсту гӯшти косаи сар банд шуда бошад, як чок аз бар, ё агар бисёр бошад, ду чоки якдигарро буранда ва ё агар аз ин ҳам зиёдтар бошад, се чоки якдигарро буранда бизан ва чизи андар он бударо берун ор. Баъд аз он онро печида бибанд ва аз болояш то се рӯз шаробу равғани зайтун бирез. Сипас бастаро кушода, бо марҳамҳо муолаҷа кун, агар ба фатила эҳтиёҷ пайдо кунӣ, онро ба кор бибар ва агар риштаву дарз кифоят кунад ва ба марҳам эҳтиёҷ наафтад, [танҳо] онҳоро истифода бар. Агар гӯшт ба оҳистагӣ рӯяд, устухонро андаке пӯст кардан бифармоянд, то ки гӯшт бирӯяд. Агар об бисёр кам бошад, хилти моеъро бо зимодҳо ҳал кардан бароят кофист.
Аммо омосҳои берунӣ: ҳам гарм ва ҳам сарди онҳоро аз тариқи ламс, (53) ранг ва бо созгории ҳар чизи бадонҳо расида хоҳӣ донист. Ҳангоми ҳамаи онҳо дарде ба ҳис андарояд, ки косаи сарро фишор диҳад ва дардро бо ламс дарёбӣ. Инҳоро бо чизҳое муолаҷа кун, ки сабуктар аз муолаҷаи сарсом бувад, вале барои он доруҳои қавӣ ба кор бурдан хавфнок нест. Ҳиҷомат ба ҳангоми ин [беморӣ] ба таври қатъӣ беш аз раг задан суд дорад.
Аммо ба ҳангоми утос (атса)-и кӯдакон бояд ба доя оби ҷав ва оби писти онро бидод. Агар исҳол дошта бошанд, ба бача андаке табошири бирён ва тухми бирёни хурфа бояд бидод, зеро исҳол ба ҳангоми ин беморӣ бад аст. Доя бояд аз хом мондани таом88 андар меъда дур бошад ва бояд бар тораки [сари бача] бунафшаи сардкардашуда биниҳанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор