Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Андар чашмон инчунин берун аз ирода ва аз як чашм ҷорӣ шудани ашк ориз гардад. Сипас чун беморӣ устувор бигардад, таб сахт ва забон дурушту хушк шаванд. Баъд андар поёни беморӣ пилкҳо ба иллати заъф аз ҳаракат боз истанд. Ҳаракат кардан ва ҳатто ҷунбонидани пилкҳо гарон ояд. Аз девонагӣ ҳазёни канда-канда боқӣ бимонад ва ба изофаи он [бемор] сухан гуфтан натавонад ва кам сухан гӯяд.
Аксар вақт [бемор] ба пурз ва коҳпора чидан иқдом кунад. Набз ба иллати хушкӣ бештар заиф, хурд ва сахт бигардад. Гоҳе [намуде] аз суборо ба амал ояд, ки холиси сирф набошад ва ҳолатҳои аз қабили сухан гуфтан, ёд кардан ва ҳаракатҳои ҳархела гоҳе ба низом ва гоҳе бенизом бошанд.
Илоҷи [суборо] айнан мисли илоҷи сарсоми сафровист ва ба изофаи он ба таври хеле зиёд тарифизоӣ кунанд. Бояд дасту пойҳо ҳамеша баста бошанд.
Фасли шашум андар баёни лисарғус ва он сарсоми сард буда, тарҷимаи он «нисён» бувад

«Лисарғус» гуфта, омоси балғамиеро гӯянд, ки андаруни косаи сар падид ояд ва он сарсоми балғамӣ бувад.
Бештар ин [беморӣ] андар маҷроҳои гавҳари мағз падид ояд, на андар пардаҳо, шикамҳо ва ҷирми мағз, зеро ба иллати сахтии пардаҳо кам тасодуф мешавад, ки балғам фароҳам омада, андар пардаҳо бигузарад ва на низ андар гавҳари мағз нуфуз кунад, чаро ки он часпак аст. Ба ҳамин монанд варами шуш низ аксар вақт сафровӣ буда, кам тасодуф биафтад, ки балғамӣ бошад, зеро балғам андар гавҳари пардагии асабии сахт кам нуфуз кунад.
Вале ин ҳолати хеле ками ҳар ду беморӣ, кам ҳам бошад, андар ҳар ду [беморӣ] ба амал меояд ва бинобар он ин омос мумкин аст, ки андар гавҳари мағз ва пардаҳои он падид ояд.
Ин иллат ба номи арази он номгузорӣ шудааст, зеро тарҷимаи «лисарғус» нисён буда, ин иллатро нисён лозим ҳамеояд. Аз сабаби номи он бисёр пизишкон ба хато рафта надонистаанд, ки (51) ин арази андар он буда бемориест, ки аз омоси сард падид омадааст, балки эшон гумон кардаанд, ки ин иллат худи нисён бувад. Ҳарчанд бархе аз пизишкон «лисарғус» гуфта, ҳар гуна омоси сарди чи савдовӣ ва чи балғамиеро гӯянд, ки андар мағз падид ояд, вале аксарияти пизишкон ва пешиниён ин исмро хосси [лисарғуси] балғамӣ гардонидаанд. Ту бояд ҳар дуро ба ин исм ном бибарӣ. Моддаи ин иллат ба моддаи садар (чашм сиёҳ задан) наздикӣ дорад, лекин устуворияш сахттар аз он бувад. Ин иллат аз ҳар чизе падид ояд, ки хилти балғамӣ бизояд ва андар он бухоршавию гандидан ҷой дошта бошад. Бад-ин сабаб аксар вақт аз хӯрдани пиёз ба амал ояд. Ин [беморӣ инчунин] аз хом мондани зиёди [таом андар меъда], зиёд ошомидан ва бисёр хӯрдани меваҳо зода шавад.
Нишонаҳои он сардарди сабук ва таби нарм аст, зеро андар ҳар омосе, ки аз хилти ганда бархезад, аз таб чора нест ва [лисарғус] бо ҳамин аз субот фарқ ҳамекунад. Лекин таб аз баҳри он нарм бувад, ки модда балғамист ва гоҳе мумкин аст ин таб ба ҳис андар наояд. Ҳамроҳи [лисарғус] суботи гарон падид ояд ва худованди он баробари кушодани чашм онро бипӯшад. [Низ] ҳамроҳи он нисён, нафаскашии канда-кандаи оҳистаи сусти бо андаке тангӣ, [рафтани] оби даҳон, бисёр даҳонфожа кардан, кушода ва ё пӯшида мондани даҳон ба амал оянд. Гоҳе даҳони [бемор] баъди даҳонфожа ва монанди он ба сабаби пӯшиданро фаромӯш кардан ва ё ба сабаби ҳавсалаи пӯшидан накардан, агарчи бихоҳад ҳам, боз монад.
Ҳамроҳи ин [беморӣ] ба сабаби анбозии меъда ҳукак, сафедии забон, ҳавсалаи ҷавоб додан ва ҷунбондани пилкҳо накардан ва парешонии ақл ба амал оянд. Аксар вақт бироз тар бошад ва агар хушк шавад, хушки муътадил бувад. Пешоб мисли пешоби харон бигардад. Гоҳе [чунин беморонро] дасту пояшон биларзанд ва арақ кунанд ва эшон бар хилофи худовандони фаронитус буванд, зеро инҳо андар бистар сарро паст ниҳанд, вале худовандони фаронитус баланд. Набз [ба ҳангоми лисарғус] бузург, гуногун, оҳиста, ҷунбон, мавҷӣ ва шабеҳ ба набзи [бемории] омоси шуш бигардад, лекин ба бар, дарозӣ ва оҳистагӣ камтар, ба гуногунӣ сахттар ва ба ноҳамворӣ камтар аз он бувад, зеро [27] [ба ҳангоми лисарғус] дил камтар хорӣ бинад. Набзи [лисарғус] аксар вақт андар миёна воқеъ шавад, аз баҳри он ки қувваи ҳайвонӣ ба ҳангоми он солимтар бувад. Таб ҳамроҳи [лисарғус] камтар аст, зеро [омос] дур аз дил воқеъ шудааст ва пинакравӣ бештар бувад, аз баҳри он ки модда ба ҳангоми ин [беморӣ] андар худи мағз ҷой дорад, вале ба ҳангоми омоси шуш аз варами шуш бархезад.
Аммо ҳар гоҳ [омоси сарди] савдовиро «лисарғус» гӯянд, нишонаҳояш ин аст, ки дард бештар шиддат ёбад, ҳамроҳи ин [беморӣ] беқарорию ҳазён гуфтан ҷой дошта бошад ва чашм кушодаю ҳайрон бимонад.
Агар лисарғус андар гавҳари мағз бошад, субот сахттар буда, ҳаракатҳо бештар душвор бигарданд ва ҳангоми чунин [беморӣ] забон ниҳоят сафед бишавад, чашм майл ба барҷастагӣ кунад, ҳаракат душвор бигардад ва дард ба нармӣ бигарояд. Агар [лисарғус] андар пардаи [мағз] падид ояд, дард сахттар ва ҳаракатҳо сабуктар буда, ба ҳангоми он аксар вақт ба иллати нисён ва нотавонии мушакҳои пешобронанда боздошта шудани пешоб рӯй диҳад.
Яке аз нишонаҳои он, ки инсон ба лисарғус гирифтор шуда истодааст, бисёр паридани сар ҳамроҳ бо беҳавсалагию гаронист. Ҳар гоҳ аразҳои лисарғус шиддат ёбанд ва арақ сахт фаровон ояд, ин марговар бувад, зеро арақ қувватро аз пой биафтонад. Вале ҳар гоҳ нафас кушодатару хуб шавад, аразҳо паст бигарданд ва хусусан агар андар паси гӯш омосҳо зоҳир шуда бошанд, пас [беморӣ] рӯй ба саломатӣ дорад, зеро бисёр вақт буҳронҳои ин [беморӣ] аз тариқи [омосҳои паси гӯш] бианҷомад.
Илоҷ: Агар ягон монеае андар миён набошад, нахуст раг бизан ва сипас ҳуқнаҳои тез ба кор бурда, моддаҳоро ба фурӯсӯ бикаш, бо паре, ки хардалу ангубин бар он андуда бошӣ, қай овар, беморро андар хонаи равшан қарор деҳ ва ӯро ҳар бор бедор карда, сахт пинак рафтан нагузор. Ба оғози кор пеши моддаро бо ёрии равғани гул ва сирко бигир, сипас баъд аз ду рӯзи оғози [беморӣ] бо ин [доруҳо] гунди бедастар биомез ва ба ҷои сирко сиркои пиёзи унсул ба кор бибар. Хусусан ҳангоми оғозу анҷоми беморӣ ба бемор ҷуз ба миқдори кам оби сард надеҳ ва алалхусус андар бахши ахири анҷомёбӣ обро тамоман манъ кун.

пешина
аз 1215
навбатӣ