Қонуни тиб

Ба эшон гӯштҳои бисёри сабук бидеҳ. Ин буд гуфтори ҳамагонӣ андар илоҷи чунин беморон.
Аммо илоҷе, ки [сарсоми] сафровӣ ва хунӣ бо он аз ҳам фарқ доранд, чунин аст: Ҳангоми илоҷи сарсоми сафровӣ ба исҳоли сафровӣ бештар ва ба раг задан камтар эҳтиёҷ биафтад. Сафроро бо чизҳое ба исҳол оваранд, ки аз қабили доруҳои лағжонандаи латифи номбаршуда ва доруҳои поккунандаи хун аз тариқи ошомидан исҳол оваранд. Агар бидонӣ, ки табиат ба ҳар ҳолате ҷавоб ҳамедиҳад, бояд андар он доруҳо шоҳтара ҳамроҳ кунӣ. Гоҳе агар бовар бошад, ки табиат ба ҳасби одати бемор иҷобат кунад, андар [доруҳои мазкур] маҳмуда биафзоянд.
[Бемори] сафровиро [26] ҳангоми раг задан то ба ҳоли беҳушӣ нарасон, балки [чунин беморро] ба таври дуруст ва бо эҳтиёт намудан аз беҳушӣ хун бигиранд. Сипас аз тариқи исҳол истифроғ созанд ва барои ин кор низ доруҳои сарди тар ба кор баранд. Аммо ғизои [бемори] хунӣ бояд ғизоҳои сард бошад. Ҳар гоҳ аз исҳол ва ҳуқна фориғ шуда бошанд, равост, ки ғизои эшон аз қабили ғӯрабо, норво, биҳиво, себво ва чукуриво гиранда бошад.
Аммо [бемори] сафровиро на ин гуна чизҳо, балки кадуво, кашкво, (яъне [кашке], ки аз ҷави муқашшар сохта бошанд), исфонохво, сармаҷво, мошво ва монанди инҳо созгоранд ва бояд инҳоро бо сиркову шакар ва бо олуча ва ё бо олу ва монанди он туруш карда бошанд.
Бидон, ки [бемори сарсоми] сафровӣ ба гармӣ хомӯш кардани бештар эҳтиёҷ дорад ва [бемори сарсоми] хунӣ ба таҳлили бештар. Ҳангоми сарсоми сафровӣ на бад-он андоза аз сардиоварӣ эҳтиёт кунанд, ки ҳангоми [сарсоми] хунӣ эҳтиёт карда шавад ва на низ ҳангоми он аз оби сард бад-он андоза парҳез кунанд, ки ҳангоми ин парҳез карда шавад. Ба ҳангоми [сарсоми сафровӣ] бояд ба хобоварӣ бештар аҳаммият дод ва ин корро бо ёрии пухтаковҳои тариовар ва бо истеъмоли равғанҳои коҳу, каду ва дигар доруҳои андар бинӣ афканданӣ ба амал оранд.
Ҳар бемори [ба сарсоми] сафровӣ гирифторе, ки сафрояш сӯхта бошад, барои тарифизоии он бештар ғамхорӣ бикун ва ҳуқнаҳои сардиоварандаю тарифизоро, ҳар қадар ки мумкин бошад, ба кор бибар.
Фасли севвум андар баёни фалағмуние, ки андар худи гавҳари мағз падид ояд
Ҳар гоҳ ки ин падид ояд, аксар вақт аз сабаби хуни гандидае падид ояд, ки боиси варами мағз бигардад. Гоҳе
дарзҳоро шикофад ва тӯрро сӯрох-сӯрох кунад. Сар ба
ҳангоми он қариб шикофта шуда, пора шавад ва баробари ин [беморӣ] дард шиддат ёфта, чашмон сурх ва сахт
барҷаста бигарданд ва рухсораҳо [низ] ниҳоят сурх шаванд. Гоҳе ҳамроҳи ин [беморӣ] кузоз падид ояд ва гоҳе
баробари он ба анбозии меъда қай ва маниши гаштан ориз
бигарданд. [Бемор] бар хилофи ба пушт хобидани муқаррарӣ ва бар хилофи низом сахт худро бар пушт бизанад. Ин [дард] аксар андар рӯзи севвум беморро ба ҳалокат бирасонад ва агар аз [рӯзи севвум] бигузарад, умеди наҷот ҳаст. Бидон, ки ин иллат сахт душвор нест, вагарна андоме, ки бад-ин гуна қивом ва бад-ин гуна гиро
мӣ будан аст, онро таҳаммул кардан натавонистӣ. Илоҷи ин чун илоҷи сарсом, вале қавитар аз он бувад. Боз кардани рагҳои муштарак ва рагҳое, ки андар зери забонанд, сахт судманд аст. [Рагҳои ахирро] баъд аз боз кардани раги муштарак ва рагҳои дигар бизананд.
(50) Фасли чаҳорум андар баёни сурхбоди мағз ва парюн
Гоҳе андар худи мағз сурхбод ва парюн ориз бигарданд. Дард сахт ва афрӯхтагӣ низ сахт бувад, лекин андар рӯй ба иллати ниҳон шудани гармӣ сардӣ ориз гардад ва низ бад-ин сабаб хусусан андар чашм зардӣ падид ояд. Сипас [рӯй] якбора тафсида сурх шавад, вале андар ағлаби ҳол моил ба зардӣ ва сардӣ бувад. Хушкии даҳон сахт қавӣ бошад. Ба ҳангоми ин беморӣ субот на чуноне бувад, ки ба ҳангоми фалағмунист, лекин аразҳои он ҳавлноктар ва таб шадидтар буванд.
Илоҷи ин чун илоҷи суборост ва аксар вақт андар рӯзи севвум ба ҳалокат бирасонад.
Вале агар накушад, [бемор] раҳоӣ ёбад. Гоҳе бачагонро андар мағз сурхбод ориз бигардад ва баробари он тораки сар ва чашмон фурӯ бираванд, чашмон зард гарданд ва ҳамаи тан бихушкад. Инро бо зардии хояи мурғ ва равғани гул ба тавре муолаҷа кунанд, ки онҳоро сард карда [бимоланд] ва ҳар як соат иваз кунанд. [Инчунин] фишурдаҳо ва тараҳои тари сардро хусусан бар сар [бимоланд] ва каду, пӯсти харбуза, хиёри дароз ва дигар чизҳоро ба ҳасби он чи ки медонӣ, [ба кор баранд].
Фасли панҷум андар баёни суборо
«Суборо» гуфта, девонагии берун аз андозаеро гӯянд,
ки ҳамроҳи сарсоми гарми сафровӣ ориз бигардад ва
инсон ба изофаи он, ки гирифтори сарсом аст, ҳамчун
девонаи музтарибу мушавваш ҳазён гӯяд. Ҳамроҳи фаронитуси сода ҳазёну парешонии ақл ҷой доранд, вале
на девонагӣ ва агар бошад, пас, ин суборо бувад. Инчунин [суборо] мисли мониёест, ки бо фаронитус таркиб
ёфта бошад, чунонки фаронитус мисли молихулиёест,
ки бо омос ва таб таркиб ёфтааст. Бисёр бошад, ки андар ин [беморӣ] нахуст девонагӣ ба амал ояд ва пас аз
он омосу таб. Суборо ҳангоме ба амал ояд, ки агар фаронитус аз сафрои холис ва ё сӯхта ба амал омада бошад. Чунки ҳар гоҳ [сафро] ба сӯи мағз ронда шавад,
баробари бад-он ҷой расидан девонагӣ ба амал оварад
ва ҳамроҳи худ ва ё пас аз худ омосе падид орад, ки сабаби суборо бувад. Ба ҳангоми фаронитус девонагӣ аз
омос ва ба ҳангоми суборо девонагию омос ҳар ду аз
сабаби модда падид оянд, вале ин ду сабаби якдигар намебошанд, ҳарчанд гоҳе яке сабаби афзоиши дигарӣ бигардад. Агар суборо ба зоҳир шудан оғоз кунад, [чунин
нишонаҳо ориз гарданд]: бехобии дароз ва хоби ошуфта; андар хоб ба тарс аз ҷой бархостан; нафаскашии зиёди думодум; фаромӯшхотирӣ; додани ҷавобе, ки ба савол
шабоҳат надорад; сурхшавӣ ва парешонии чашм; ва гаронӣ андар онҳо ба наҳве, ки гӯӣ бор гирифта бошанд. Гоҳе андар [чашмон] ба гунае зардӣ падид ояд, ки мо ёд кардем, андар паси сар ба иллати бархостани бухор азҳам кашидагӣ ва дард ҳис карда шавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор