Қонуни тиб

Ба ҳангоми [сарсоми] сафровӣ бар сар зимод кардани барги марвиҷон сахт судманд аст.
Беморро андар хонаи ҳавояш муътадил ва одии бе ороишу нигориш ҷой деҳ, зеро хаёлаш ба тааммули [ороишҳо] дода шавад ва ин яке аз он чизҳоест, ки боиси озурдагии мағз ва пардаҳои он бигарданд. Бояд андар маҳалли сукунати бемор ва ба наздаш бунафша, гул, кофур ва дигар чизҳое биниҳанд, ки мо андар «Қонун» бароят якояк баршумурдем. Андар суҳбаташ дӯстони зарофатгӯю барояш гиромӣ ва меҳрубон ва касонеро роҳ деҳ, ки аз онҳо шарм дошта, бад-ин сабаб аз ошуфтаақлию изтироб, ки ҳар ду барояш зарарноканд, худдорӣ кунад. Андар хобонидани ӯ, агарчи аз тариқи молидани каме афюн бар пешонӣ ва бинияш бошад ҳам, бикӯш, ба шарте ки қуввааш қавӣ бошад, вагарна зинҳор чунин кор накун, зеро ҳалок хоҳад шуд. Балки ба чизе ғайри афюн истионат варзида, шароби хашхош барин чизҳоро ба кор бибар, сарашро бо коҳу зимод кун, тухми хашхошро андар оби ҷав ниҳода бидеҳаш. Вале аз ҳама савобтар он аст, ки [аз сарсом] бо раг задан дифоъ кунӣ, ба шарте ки вақт бардошт кунад ва андар таъхири он хатаре набошад. Андар оғоз баъд аз ду ё се рӯз бад-ин кор пардоз, сипас чун раг задӣ, агар имконият бошад, муболаға накун, то андар тан хуне боқӣ бимонад, ки табиат бо ёрии он бо буҳронҳо мубораза кардан битавонад ва бар норасоии ғизо, агар вақт муҷиби он шавад, истодагӣ кунад.
Баъд аз беморро раг заданат [чораи] дуруст ин аст, ки ӯро бо ҳуқнаи бисёр нарме аз қабили равғани гулу оби ҷав ва ё обу равғани зайтун ҳуқна бизанӣ. Агар баъд аз ҳуқнаи андар дараҷаи нармӣ буда ба [ҳуқнаи] қавитар аз он эҳтиёҷ дошта бошӣ, [чунин ҳуқнаро низ] ба кор бибар.
Моддаҳоро ба ҳар тариқе бошад, ба фурӯсӯ бикаш: бо молиш додану фишурдани пойҳо75 ва рехтани оби гарм бар онҳо, бо бандпеч кардану бастани [онҳо]; ва гузашта аз ин, хусусан ҳангоми паст фуромадани таб ва пеш аз шиддат ёфтани он (агар таб чунин ҳолатҳо дошта бошад), бо гузоштани миҳҷама бар пойҳо. Гоҳе ба ҳангоми оғози беморӣ миёни шонаҳо миҳҷама гузоштан лозим ояд.
Нахуст ба ниҳоят латиф сохтани ғизои бемор бипардоз ва ба ҷое бирасон, ки танҳо бар сикангубини шакарӣ кифоят кунӣ. Сипас баъди як ва ё ду рӯз аз ин кор гузаштан беморро ба [истеъмоли] оби тунуки ҷав бо сикангубин ва баъд ба ситабри он интиқол деҳ. Андар ин кор қувва ва [навъи] бемориро ба ҳисоб бигир. Ҳар қадар аразҳои иллатро шадидтар дарёбӣ, ҳамон қадар андар оғоз [беморро] бештар бар ғизои латиф бидор, вале агар бими афтидани қувват ҷой дошта бошад, ғизо [бештар] бидеҳ. Чунин беморонро оби сахт сард надеҳ, хусусан агар андар ҳиҷоби боздоранда ва ё андар андомҳои андарунӣ омосе ҷой дошта бошад. Ҳамин ки бибинӣ [аразҳои беморӣ] рӯ ба паст шудан ниҳоданд, ғизоро ба тадриҷ биафзой ва аз каду, тараҳои сард, мош ва донагиҳои сард ё сапедбо омода кун ва ё ғизои бо меваҳои сард турушкарда бисоз. Андар ин ҳангом [истеъмоли] нони майдае, ки андар оби сахт сард ва ё гулоби бо ях сахт сардгардонида тар карда бошанд, судманд аст.
Ба оғоз бояд доруҳои пасгардонандаи холис ба кор бурд, вале агар [сарсом] аз ҷинси бузурге бошад, ки ба ҳангоми он рагҳои аз сар бароянда ба тариқи анбозӣ бо ҳиҷоб варам кунанд, андар ин ҳолат лозим аст [муолаҷаро] бо доруҳое оғоз кунӣ, ки хусусияти андаке ковоккунандагӣ ва оромсозандагии дардро доранд ва сипас баробари ниҳоят сахт эътимод кардан ба ҳуқнаҳо ба [истеъмоли] доруҳои гиранда бояд гузашт. Баъд аз он андар бештари ҳолатҳо пухтаковҳои сардеро ба кор бибар, ки гиранда набуванд. Андар онҳо каме хашхош биафкан, то ки хоб оварад ва андаке бобуна низ биафкан, то ки он бо хашхош муқовамат варзад ва андаке таҳлил оварад. Агар иллат бад-ин илоҷҳо коҳиш наёбад ва ҳазён ба ҷой бошад, бар сари бемор аз пистони [буз] ва ё одамӣ шир бидӯш:
яъне агар қувват қавӣ бошад, бояд шири буз ва агар нотавон бошад, бояд шири инсон [ба кор бурда шавад]. Аз ҳар як дӯшидан чун як соат бигзарад, аз паси он сарро83 бо пухтаковҳои муътадиле бишӯй, ки андар [таркиби] онҳо бунафша, бехи ширинбаён84 ва бобуна барин чизҳо ҳамроҳи дигар доруҳои сардиоваранда, чунонки андар Қарободин хоҳӣ хонд,85 бидароянд. Агар иллат дер бикашад ва бо вуҷуди ин гуна муолаҷаҳо давом кардан гирад, ё агар гарони суботӣ буда, аз ҳадди ибтидо гузашта бошад ва оромӣ ба ҳангоми он бештар аз ҳаракат бошад, беморро аз [истеъмоли] доруҳои сахт сардиоваранда, хусусан аз хашхош, дур бидор ва баъди рӯзи ҳафтум андар пухтаковҳо сисанбар, пудина, судоб, фишурдаи пудинаи бӯстонӣ ва шоҳафсар биафзой. Бар сари бемор луоби зағирро (49) бо равғани зайтун ва об [омехта] бинеҳ ва пайваста танро андар равғани гармкарда [гирифта] арақ оварон. Агар бихоҳӣ, ки қувватро баъд аз дер давом кардани беморӣ нигоҳ дорӣ, баъд аз гузаштани ҳафт рӯз ва ё бештар аз он бояд ба бемор андаке шароби омехта бидиҳӣ. Бисёр бошад, ки эшонро қай ориз гардад ва ин суд дорад. Гоҳе ба эшон оби омехта бо равғани сарди тар бидиҳанд ва ин қай карданашонро осон бигардонад ва барояшон тарӣ оварад.
Агар эшон ба иллати гум кардани ақл ва нотавонии ҳис пешоб намекарда бошанд, обгаҳашонро бо равғани нимгарм ва беҳтараш бо равғани зайтун чарб кун, ё бо оби гарм ва ё бо обе пухтаковрезӣ кун, ки андар он бобуна ҷӯшонида бошанд. Баъд аз ин бар обгаҳ фишор деҳ, то пешоб берун ояд. Бад-ин тариқ ба онҳо ҳар вақте ғамхорӣ кун ва ҳар боре, ки эҳтимоли пешоб ҷамъ шудан бошад, обгаҳашонро фишор деҳ. Агар бад-ин роҳ пешоб наояд, пухтаковҳоро ба тавре ки ёд шудааст, ба кор бибар. [Беморонро] агар бибинӣ, ки бисёр паҳлу гашта, изтироб ҳамекунанд, бояд [дасту пояшонро] бибандӣ, зеро дар акси ҳол онҳо барои хеш зиёни зиёде бирасонанд, хусусан агар эшонро раг зада бошӣ ва чок ҳанӯз фароҳам наомада бошад. Сипас чун [беморӣ] рӯ ба пастравӣ ниҳод ва беморон аз амуди беморӣ як андоза берун оянд, ба эшон чун ба касони сиҳатшаванда тадбир кун, бифармой, то андар ғановаҳои сабук ҷунбиш хӯранд ва онҳоро аз ҳавову бодҳои бади гарм, гармсел ва аз офтоб дур бидор, то канда нашаванд. Ҳар гоҳ эшонро шустушӯй кардан бихоҳӣ, андар обҳои хуш ба таври сабук оббозӣ дорон, то хобашон ояд, зеро андар хоби онҳоро овардан судҳои зиёдест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор