Қонуни тиб

Агар омос ҳамаи ҷиҳатҳоро фаро гирифта бошад, ҳамаи ин нишонаҳо зоҳир бигарданд. Агар баробари он мағз [ҳам] варам кунад, рӯю чашм сурх шаванд, чашмон сахт биҷаҳанд ва агар моддаи боиси омосгардида хун бошад, ҳар ду чашм сурх шаванд ва агар моддаи мазкур сафрои холис бошад, зард бигарданд.
Аммо [сарсоме], ки аз парешонии [ақл] ба анбозӣ падид ояд, далелаш ин аст, ки якбора ба амал ояд ва ба бад шудани ҳолати андоми дигар вобаста буда, бо хуруҷ кардани [бемории] он хуруҷ кунад ва бо паст шудани он паст ва бо афзоиш ёфтани он афзоиш ёбад. [Сарсоме], ки аз сарсоми мағзӣ ба амал ояд, оҳиста-оҳиста падид омада, ҳамроҳи он боқӣ хоҳад монд ва нишонаҳои сарсоми ростинӣ пештар зоҳир шуда, баъд аз он беморӣ ориз бигардад. Аммо сарсоми ғайри ростинӣ: пеш аз он бемориҳои андомҳои дигар ба амал оянд ва сипас нишонаҳои он зоҳир бигардад. [Сарсоме], ки аз сӯи ҳиҷоби андар миён ҳоил ва мушакҳои сина падид ояд, пеш аз он нишонаҳои зерини барсом ва омоси шуш зоҳир гарданд: ба ҳангоми нафас гирифтан хала кардани паҳлу; зиқи нафас; набзи аррагӣ; сурфае, ки нахуст хушк буда, сипас андар аксари ҳолатҳо тар бошад ва бо балғам ояд; ин [бемориро] табе ҳамроҳӣ кунад, ки бештари ҳарорати он андар ноҳияҳои сина ва ба ҳангоми сарсоми ростинӣ андар ноҳияҳои сар ба амал ояд; баробари ин сари паҳлуҳо ба сӯи боло бештар кашида шаванд; ва ба ҳангоми ин [беморӣ] андар рӯи ҷумҷума дарде ҳис карда шавад, ки ҳамаро фаро нагирифта бошад; (47) нишонаҳои пеш ёд шуда бисёр қавӣ набошанд; нафаси бемор ошуфта бошад ва гоҳе нотавон шуда думодум бигардад ва гоҳе бузург, [вале зуд] хурду заиф шавад ва гоҳе мисли андар гулӯ печидагӣ бошад.
Аммо ҳангоми фаронитуси ростин нафас бузургтар, балки [хеле] бузург бигардад. Ин ду сарсом андар қавӣ будани парешонии ақл ба ҳам анбозанд, лекин сарсоми тобеъ ба сарсоми ростинӣ бо он фарқ кунад, ки қавӣ будани он ба қавигии таб вобаста аст ва бо сабук шудани таб сабук бигардад.
Аммо [сарсоми] ба сабаби хилти андар даҳони меъдабуда падидоянда чунон аст, ки баробари он сӯзиши даҳони меъда, маниши гаштан, ташнагӣ ва талхии даҳон ҳис карда шавад. [Сарсоми] ба сабаби омосҳои андомҳои дигар падидояндаро бо ҳолатҳое бишиносанд, ки аз он андомҳо зоҳир шавад. Зеро то даме, ки ин [ҳолатҳо] зоҳиру намоён нашаванд, боиси парешонии ақл ва сарсоми ошкоро нахоҳанд гашт. [Инро бояд бидонист]80.
Акнун боистӣ нишонаҳои синфҳои сарсоми ростиниро баён кунем81 ва мо бигӯем: [Сарсоме], ки аз хун падид ояд, нахустин нишонаи вай ин аст, ки умуми аразҳои муштараки ёдшудаи он бо ханда зоҳир шавад. Беморро чакидани хуни бинӣ рӯй диҳад, нафасаш бузург гардад, чашмонаш обрав шаванд ва хилдак бигиранд. Бехобии беморро оризшуда начандон ба ифрот бошад, дуруштии забон ба ҳангоми ин беморӣ боиси сурхии моил ба сиёҳии он шавад ва сипас сиёҳ бигардад. Забон гаронӣ пайдо қунад ва гоҳе бемор ба иллати гаронии забон ҳавсалаи сухан гуфтан накунад. Хаёлҳои ӯ, ки пеши назараш ҳамеоянд, сурхранг ва рагҳои рӯю чашмонаш пурхун буванд. Ӯ
думодум аз ғайри ҳоҷат нишинаду хезад. [Сарсоме], ки аз сафрои дуруст аст, аксар вақт боиси бехобӣ гардад ва баробари он чашмон ниҳоят сахт бихушканд. Забон сахт дурушт шуда, нахуст зард ва сипас сиёҳ бигардад. Таб шиддат ёбад ва кӯшиши пок кардани чашм биафзояд. [Беморон] чизҳои зардро ба хаёл оранд ва андар рафтори эшон [хислатҳои] даррандагӣ, савдовӣ ва рағбат ба хусумат падид ояд ва онҳо ба намуди касе дароянд, ки хоҳони кушокушӣ бувад. Бинияшон, хусусан сари он, борик бигардад.
Пешонии эшонро чунин ориз бигардад, ки ба барсӯ сахт кашида шавад. [25] Ҳангоми [сарсоми] аз сафрои сӯхта баамалоянда, ки он бад ва ҳалокатовар аст, нахустин нишона ин аст, ки умуми аразҳои он ба девонагӣ, бетоқатӣ, нафаскашии бузург ва [ҳаракатҳои] беҳуда зоҳир шаванд ва чашмони беморон тира бигардад. Ин [беморӣ] ба суборо монандӣ дорад ва гӯӣ, ки он бошад.
Нишонаҳои гузаштани сарсом [ба дигар бемориҳо] чунинанд: Агар ба лисарғус мегузашта бошад, ки ин барои беморон умедвортарин [намуди он] аст, бибинӣ, ки чашми [бемор] фурӯрафта бошад, пӯшида шуданаш ба дарозо бикашад, оби даҳонаш биравад ва набзаш суст ва нарм гардад. Аммо нишонаҳои ба сафоқулус82 гузаштан, ки он омоси мағзист, чунин аст: нишонаҳои сафоқулус зоҳир шаванд; сиёҳии чашм нопадид гардад ва аҳёнан сафедияш бинамояд; [бемор] бар паҳлу хобидан нахоҳад ва танҳо бар пушт [бихобад]; шикамаш дамиш оварад; сарҳои паҳлуҳояш аз ҳам кашида шаванд; ва паридани андомҳояш афзоиш ёбад. Нишонаҳои ба бемории диққ гузаштани [сарсом] фурӯ рафтани чашмон, паст шудани таб, хушкии тан, хурду сахт будани набз буванд.
Нишонаҳои ба ташаннуҷ гузаштани онро мо андар боби ташаннуҷ овардем.
Фасли дуввум андар илоҷи синфҳои [сарсом]
Илоҷи барои синфҳои ростинии сарсом муштарак ин аст, ки аз қифол хун гирифта, хуни дуруст, балки хеле зиёд бирезанд. Бад-ин кор баробари оғоз ёфтани парешонақлӣ шитобанд, ба шарте ки ягон монеаи қавие андар миён набошад. Бояд хун бо эҳтиёт гирифта, аз ҳоли беҳушшавии бемор бохабар буд, ки оё бемор бад-он ҳолат афтида аст ва ё наздик аст, ки биафтад. Ҳангоми ба беҳушӣ наздик расидани ӯ хунро бибанданд. Андар шинохтани ин ҳолат бояд ҳилаҳо кард, зеро ин гуна беморонро ҳолати ба ҳуш будан аз ҳолати беҳушӣ чандон равшан фарқ накунад. Ҳар гоҳ набз биларзад, паст шавад ва ошуфтаи бенизом гардида, якеаш бузург ва дигараш хурд дарёфта шавад, ин далолат ба наздик будани беҳушӣ кунад. Бояд ҳангоми бар [даст] бастани сарбанд эҳтиёт шуд, то ки мустаҳкам бошад ва ҳаракатҳову изтироботи беақлонаи бемор боиси боз шудани он нагардад, зеро мумкин аст бемор ба сабаби хаёли фосиде, ки ӯро падид ояд, аз пеши худ бандро кушода барандозад.
Сипас баъди ин кор агар қувва қавӣ ва ҳолату қувваи бемор тақозо кунад, раги пешониро кушоянд. Агар қувва ва ҳолатҳо бар раг задани ҳамагонӣ аз даст ёварӣ накунанд ва ё [бемор] аз даст [хун гирифтан] нагузорад ва (48) аз кори маҷбурӣ ба шӯру шанги сахт ояд, пас аз пешонӣ раг бизан ва андар оғози кор бар сараш равғани гул бо сирко ва дигар фишурдаҳои сардиовареро сард намуда бимол, ки мо онҳоро бароят баршумурдем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор