Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Касеро дида нашуд, ки андар ноҳияҳои мағз варам дошта ва пешобаш обӣ бошаду [аз беморӣ] наҷот ёбад. Бисёр вақт фаронитус ба ёрии бавосир, агар сайлон кунад, ҳал бигардад ва гоҳе сард гардида, ба лисарғус бигузарад. Аксар вақт аз он халосӣ ёбанду ба бемории диққ ва ё девонагӣ гирифтор оянд. Бисёр бошад, ки [сарсоми] ғайри ростинӣ ба ростинӣ гузарад ва бисёр кам бувад, [24] ки пирон аз иллати фаронитус раҳоӣ ёбанд.
Бархе аз пизишкпешагон гуфтааст: «Гоҳе беморие шабеҳ ба фаронитус аз ғайри таб ориз бигардад ва аз таб холӣ буданаш далели он аст, ки [фаронитус] аз омос холист». Ӯ гӯяд: «Лекин ин [беморӣ] безобитагию нооромӣ оварда, худованди он қарор аз даст бидиҳад, қариб ба деворҳо барояд, ошуфтагӣ, тангнафасӣ ва ташнагияш шиддат ёбад ва агар об биошомад, онро фишор дода бигардонад». Ӯ гӯяд: «Ин [сарсом] аксар вақт худи ҳамон рӯз бикушад ва гоҳе то ба чаҳор рӯз тӯл кашад. Аз он ҳеҷ касро наҷот нест, балки беморонро ба сабаби ихтиноқ рӯй ва забонашон сиёҳ бигарданд, чашмонашон хушк ва ҳолашон чун ҳоли ғамзадагони музтарибмонда бувад. Баъд ҳаракатҳояшон нарм гардида, набзашон биафтад ва бимиранд. Аксар сабаби маргашон хуноқ бувад. Эшонро мебинӣ, ки давида истодаанд, баъд аз андаке боз мебинӣ, ки афтиданду мурданд». Ман бигӯям: Аз эҳтимол дур нест, ки сабаби ин анбозии мағз бо ягон андоми дигари гиромӣ бувад. Масалан, агар мушакҳои нафаскаширо ташаннуҷи сахт ва ё фасоди дигаре падид ояд, ки боиси хуноқ бигардад, ин ҳол ба мағз гузашта, онро ошуфтаю табаҳ созад ва ақлро парешон сохта, ба иллати хушконидани ноҳияҳои сар, гулӯ ва сина ташнагӣ биоварад.
Нишонаҳои муштараки [сарсом]: Нишонаҳои муштараки гунаҳои сарсоми ростинӣ инҳост: таби ҳамешагии хушке, ки аксар вақт пешиниҳо шиддат ёбад; ҳазёне, ки гоҳе ба ифрот бувад ва гоҳе аз сабаби бадбинии сухан гуфтан ва танбалӣ аз он қатъ бигардад; ақл парешон шавад ва аксар вақт андар рӯзи чаҳорум чунин бошад; дасту пой беҳуда бозӣ кунанд; изтироб ба вуҷуд ояд; нафас музтариби номуназзам, вале бузург бигардад; сари паҳлуҳо ба боло сахт кашида гарданд; паридани андомҳо баробари беморӣ ва ё пеш аз он аз [сарсом] огоҳӣ диҳад; гоҳе хоб ҳангоми сарсом ошуфта бошад, беморон чун аз хоб хезанд, фарёд зананд; эшон гоҳо хоб раванд ва гоҳе бедорхобӣ кашанд ва аксар вақт хобҳояшон ошуфтаю мушавваш ва омехта бо хаёлот ва хоббиниҳои фосиду бимнок бувад ва бедор шуданашон мушаввашу бо додзанӣ бошад. Ба ҳангоми ин [беморӣ] дуруштӣ, ҷасорат ва хашм зиёда аз одат бошанд. Беморон аз равшанӣ ба хашм оянд ва аз он рӯй гардонанд. Забонашон сахт биларзад, дурушт шавад ва онро бигазанд.
Гоҳе забонашон варам кунад ва бисёр вақт овозашон қатъ гардад. Инчунин иштиҳои об ошомиданашон чандон зиёд набошад. Бисёр вақт дасту пояшон аз ғайри сардии берунае, ки муҷиби он шуда бошад, сард бигарданд. (46) Аммо пешобашон моил ба тунукӣ ва латифӣ бувад. Набзашон ба сабаби андар андоми асабӣ будани омос сахт ва ба сабаби сахтии раг, нотавонии қувват ва

зери фишори модда будан хурд ояд. Набзашон ба шарти наздик набудани хатар як андоза қувват дорад, зеро хушкӣ [набзро] ҷамъ намуда шадид созад ва поёни фишурдашавии [дил] ва оғози густариши он тезтар бувад.
Набзи аррагӣ аз як андоза мавҷӣ будан холӣ набошад, зеро мағз гавҳари тар аст. Гоҳе набзи баъзеи эшонро чунин ориз бигардад, ки борҳо аз барои ҳоҷат бузург бигардад, думодум ояд ва андар бахшҳои вазъ гуногун гардида биларзад. Ҳамаи ин яке аз чизҳоест, ки аз беҳушӣ огоҳӣ диҳанд, ба шарте ки ду ҷинси набз – гуногунию ларзиш ба муҷиби сахтии раг ва қавӣ будани қувват набошад, зеро ин аз [беёд шудан] огоҳӣ надиҳад. Гоҳе набзи эшонро чунин рӯй диҳад, ки ташаннуҷӣ бигардад ва ин аз ташаннуҷ огоҳӣ диҳад.
Ҳар гоҳ бибинӣ, ки нишонаҳои бемориҳои тез ва табҳои душвор мавҷуданд ва табиат баста гардидааст, ин аз сарсом огоҳӣ диҳад ва қариб яке аз огоҳдиҳандагони қавӣ ба шумор биравад. Пеш аз фаронитус фаромӯш кардани чизи ба наздикӣ буда, андӯҳи бесабаб, хобҳои бад дидан, сардарди зиёд, гаронӣ ва пурӣ рӯй диҳанд. Андар бештари ҳол пеш аз он зард шудани рӯй, бедорхобии дароз ва хоби нороҳат рафтан падид оянд. Ин аразҳо то даме шиддат ёбанд, ки моддаҳо ба сӯи мағз равонаанд, андар рагҳои он гардишу тобиш доранд. Ҳар гоҳ онҳо ба мағз наздик шаванд ва мағз моддаро ба худ бикашад, беморон аз паси сар аз наздикии мағокӣ ва хусусан ҳангоми [сарсоми] сафровӣ оғоз ёфтани дардро ҳис кунанд. Эшон чун ба ин [осеб] гирифтор оянд ва мағз варам кунад, нахуст чашмонашон сахт бихушканд ва сипас обравӣ, хусусан аз як чашм, оғоз ёбад ва хилдак бигирад. Бисёр вақт чунин ориз шавад, ки рагҳои чашмон сахт сурх гарданд ва гоҳе баъди ин аз бинӣ чакраҳои хун бирезад. [Беморон] аксар вақт чашмонашонро бимоланд ва ба ором ва осуда доштани аксарияти бадан, ба истиснои дастон, майл дошта бошанд, вале бо дастон гоҳе бозӣ кунанд, коҳпораву пурз бичинанд ва аксар вақт ин корро бо хобонидани чашм ва гоҳе бо ало кардани он анҷом диҳанд. Гоҳе аз бурро сухан гуфтан хушашон наояд ва забонро бештар ҳаракат надиҳанд. Гоҳе эшонро чакрачакра чакидани пешоб рӯй диҳад ва инро ҳис кунанд ва гоҳе ҳис накунанд. Ин [ҳол] ҳангоми табҳо яке аз далолатҳои қавиест, ки бар сарсоми андар айни вақт вуҷуддошта гувоҳӣ диҳад. Агар андомҳояшон дард кунанд, аз он огоҳӣ наёбанд, балки гузашта аз ин агар ягон андоми дардноки эшон сахт ламс шавад, онро ҳис накунанд.
Мо суханро густариш дода бигӯем: Ҳар гоҳ омос андар ҷиҳати пешини [мағз] биафтад, тахайюлро табаҳ созад ва беморон ба чидани пурз аз ҷома ва коҳпора ва монанди он аз деворҳо оғоз кунанд ва шабаҳҳои беасосу вуҷуднадоштаро ба хаёл оваранд. Агар омос андар бахши миёнгини [мағз] бувад, андешаро табаҳ кунад ва бар асари ин бемор чизи медонистагияшро фаромӯш кунад ва ҳазёнҳои беохир гӯяд. Агар [омос] наздиктар ба бахши пасин воқеъ шавад, бемор ҳар чизи андар ҳоли ҳозир дида ва кардаашро фаромӯш кунад ва ба ҷое бирасад, ки чун ягон чизро бихоҳад ва барояш ҳозир кунанд, онро ба хотир овардан натавонад, ки ӯ ин чизро хоста буд. Гоҳе барои пешоб кардан ташт талаб кунад ва чун онро биоваранд, фаромӯш кунад.

пешина
аз 1215
навбатӣ