Қонуни тиб

Агар дард
дер бикашад, софсиё, пӯстлохи бехи кабар, пиёзи унсул
ва фурбиюнро суда, бо шароби райҳонӣ сиришта, зимод кунанд. Ба ҳақиқат ин яке аз илоҷҳои сахт судманд
бувад. Яке аз корҳое, ки аз он баҳра бигиранд, ин аст, ки
аз гармоба кардан оғоз намуда, зиёдтар сарро бар оби
гарм бигиранд ва сипас бо равғани писта бар бинӣ доруафканӣ кунанд, зеро ин кор худи ҳамон соат дардро ба сӯи шонаҳо бихамонад.
Баъд нусхаҳои [доруҳои] андар Қарободин навишта ва доруҳои содаи андар лавҳҳои доруҳои сода омадаро якояк гирифта [бибин].
Мақолаи севвум
АНДАР БАЁНИ ОМОСҲОИ САР
ВА ГУСАСТАНИҲОИ ПАЙВАСТАГИИ ОН
Фасли нахустин
гуфтор андар баёни фаронитус,
ки он сарсоми гарм бувад
«Фаронитус» гуфта, омоси гармеро номанд, ки андар пардаи тунук ва ё ситабри мағз падид ояд, на андар гавҳари он. Вале гавҳари мағзро ҳам омос падид хоҳад омад ва чунин нест, ки баъзе пизишкпешагон пиндоранд. Эшон ба далели он, ки ҳар чи чун мағз нарм ва ё чун устухон сахт аст, аз ҳам кашида намешавад ва ҳар чи аз ҳам кашида намешавад, варам нахоҳад кард; [гумон кардаанд], ки худи мағз варам намекунад. Ин гуфта хатост, аз баҳри он ки чизи нарми часпак аз ҳам кашида шавад ва устухон низ варам кунад. Ҷолинус ба ин ақида иқрор шудааст ва мо ин гуфтаро андар боби дандонҳо баён хоҳем кард.
Гузашта аз ин мо бигӯем: Ҳар чи ки ғизо бигирад, ба ёрии ғизо аз ҳам кашида шуда, афзоиш ёбад. Ҳамин гуна мумкин аст он чиз бо фазлаҳо аз ҳам кашида шавад ва афзоиш ёбад, ки ин омос хоҳад буд.
Ҳарчанд мағз гоҳе варам ҳамекунад, вале «фаронитус»
ва «сарсом» номи хосси омоси пардаи мағз аст, ба шарте, ки ин [омос] гарм бошад. Аммо ин [номҳоро] андар баъзе ҳолатҳо низ бар омоси гавҳари мағз итлоқ кунанд ва ин гуна истеъмол хосси ин исм буда, вале инҳоро аз номи аразе кӯчонидаанд, ки лозими ин беморист ва ин араз ҳазён ва парешонақлиест, ки якҷоя бо гармии сӯзон бувад. Бинобар ин, исми умумӣ бар ҳамин араз ва исми синоъӣ бар ин омос афтидаанд. Ин кӯчонидани [исм] ба кӯчонидани исми аразе монанд аст, ки «нисён» буда, ба бемории муҷиби хеш, яъне ба «сарсоми сард» гузаштааст.
Ҳар гоҳ «сарсом» ба таври умумӣ ба кор бурда шавад, андар [маънои] он сарсоми мағзӣ, яъне ин [бемории мавриди баҳс] низ бидарояд. Баъзе одамон забонро надониста, гумон ҳамекунанд, ки «барсом» номи ин беморист ва «сарсом» сабуктар аз он аст, вале ҳеҷ гоҳ чунин нест.
Чунки «барсом» исми форсӣ буда, «бар» сина ва «сом»
омос ва беморист. «Сарсом» низ форсӣ буда, «сар» сар ва «сом» омос ва беморӣ бувад.
Сарсом [бемориест], ки ҳангоми табҳо падид ояд ва ё ба сабаби хилтҳои сӯзонандаи андар даҳони меъда буда падид ояд. Вай гоҳе ба сабаби омосҳо падид ояд, ки андар ноҳияҳои берунии сар ва ё андар пардаи берун ҷой дошта бошанд. Сарсоми ҳамроҳи барсом ба вуҷуд оянда ҳамон сарсомест, ки ба анбозии ҳиҷоб, омосҳои он ва дигар мушакҳои сина падид ояд ва [ин] сарсоме бошад, ки ба ҳангоми омоси обгаҳ, заҳдон ва меъда падид ояд.
Тавсифҳои шореҳони ин исм андар баёни [маънои] муштараки он ба таври гуногунанд, чунон ки тавсифи шореҳони исми «лисарғус», яъне сарсоми сарде, ки «нисён» ном дорад, низ гуногун бувад. Лекин сарсоми ростинӣ ба ҳасби истеъмоли синоъӣ ҳамон сарсомест, ки баён кардем. Гоҳе мумкин аст ҳамроҳи он (45) гавҳари мағз низ аз тариқи анбозӣ ва гузариши [беморӣ] варам кунад. Ин сахт бад буда, андар рӯзи чаҳорум ба ҳалокат хоҳад расонд, вале агар аз ин муддат бигузарад, умеди наҷот ҳаст. Бештари касоне, ки аз сарсом бимиранд, ба иллати осебе бимиранд, ки андар нафас ба амал ояд. Ин омосро ба ҳасби бахшҳои мухталифи мағз маҳалҳои мухталиф аст. Гоҳе мумкин аст ду бахш андар [беморӣ] ба ҳам анбозӣ кунанд ва ё ин [беморӣ] ҳамаи мавзеъҳоро фаро бигирад. Ин [омос] аксар вақт тавре бигузарад, ки амуди он то ба маҳалли пайваста ба тиҳигии пешин ва ба миёнҷои [мағз] расида, устувор бигардад. Сарчашмаи он хун, ё [хуни] зарди дуруст, ё сурхи дуруст ва ё [хуни] сӯхтаи ба савдо монанд аст ва ин сахт бад бувад. Чунин ба назар бирасад, ки андар бештари ҳолатҳо танҳо аз хуни заҳравӣ, на аз хуни пок ва ё аз сафро падид ояд ва чунон аст, ки гӯӣ ҷуз ба арақ ва ё хуни бинӣ нахоҳад гузашт. Аксар вақт парда ва рагҳои аз сар берун шуда ба ҳадде варам кунанд, ки қариб дарзҳо аз ҳам бигсиланд. Он навъ [сарсоме], ки ҳамроҳи он парешонақлӣ ҷой дошта, иборат аз ҳар соате ҳам гиристану ҳам хандидан аст, бад бувад. Агар [сарсом] аз тариқи интиқол ёфтани омоси шуш падид омада бошад, низ бад аст, зеро он далели шиддати гармии хилт бувад. Низ агар [омоси шуш] ба [сарсоми] ғайри ростинӣ гузарад, ҳамчунин бошад. Агар чунин рӯй диҳад, ки андар ноҳияҳои сару шуш гаронӣ давом кунад ва баъд ташаннуҷ ва қаи зангорӣ ба амал ояд, худи ҳамон соат бемор бимирад ва агар қуввааш қавӣ бошад, аз як ва ё ду рӯз беш зинда нахоҳад монд. Боумедтарин синфҳои фаронитус ин аст, ки бемор баъд аз паст шудани таб ҳазёнҳои гуфтаашро ба ёд овардан битавонад. Агар эшонро ҳамуридус79 ориз бигардад, ин далели хуб аст. Агар каси ба сарсом гирифтор чашм бозмонда гардаду қаи заҳравии сурх оварад ва дар айни ҳол заиф бошад, ночор худи ҳамон рӯз ва ё агар қавӣ бошад, баъди ду рӯз бимирад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор