Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Ба бемор дилаи хиёршанбарро бо равғани бодом якчанд рӯз пайдарпай биошомон. Гоҳе чунин беморонро афкандани мумиё ва равғани бунафша андар бинӣ суд бахшад.
Бидон, ки ҳар гоҳ «хӯд» дер бикашад ва агарчи аз сабаби гарм падид омада бошад ҳам, ба мизоҷи сард бигардад. Бидон, ки «хӯд»-и деринаро танҳо чизе бартараф кардан битавонад, ки ҳалкунанда ва гармиоварандаи қавист. Гоҳе бо қурсҳои ситора, шалисо, доруи мушк ва монанди он андар бинӣ доруафканӣ кардан судманд аст [ва] яке аз ин [доруҳоро] андар шири доя гудохта, хусусан ба ҳангоми шиддат ёфтани дард ва ғалабаи бехобӣ [ба кор баранд].
Аммо доғ ниҳодан ва боз кардани шараёнҳо ва буридани шараёнҳову раги пешонӣ ба ҳангоми бемории «хӯд»
бар ҳамон дастурест, ки андар баёни сардарди дерина омад. Аммо оид ба ғизо, чунонки медонӣ, он чизҳоеро бидиҳанд, ки бухоровар нестанд ва ҳатто наск бо равғани бодоми ширин77 ва шӯрбои тарагӣ низ [бидиҳанд]. Агар аз миёни чунин беморон касони сардмизоҷ чунин чизҳоро ғизо кунанд, ба сабаби камии бухорашон боке надорад.
[Ҳангоми ба кор бурдани] андуданиҳо бояд гоҳе ба доруҳое рӯ оварӣ, ки андаке карахткунандаанд, вале мақсади асосӣ [аз онҳо] ҳал кардан аст. Яке аз ин андуданиҳо афюн, хуни сиёвушон, заъфарон ва самғ аст, ки ҳангоми зарурат ва эҳтиёҷ ба карахтсозӣ пайдо шудан онро аз як гижгоҳӣ то гижгоҳии дигар тило кунанд. Дигар аз ин [андуданиҳо] заъфарон, мозу ва қурсҳои ситора аст.
Агар бо инҳо ҳамаи пешонӣ андуда шавад, судманд хоҳад буд. Андар ин бора ба Қарободин ва ба лавҳҳои доруҳои сода муроҷаат бикун78.
Фасли бисту нуҳум андар баёни дарди нимсара

Ин дардест, ки ба яке аз ду нимаи сар падид ояд. Ҷолинус онро ба ин тариқ ҳадд гузоштааст, ки он то миёнҷои [сарро] фарогирандааст. Гоҳе сабаби он аз даруни косаи сар ва гоҳе андар пардае бошад, ки косаи сарро [аз берун] пӯшидааст. Аксар вақт андар мушакҳои гижгоҳӣ падид ояд. Дарде, ки аз берун аст, ба андозае бирасад, ки [маҳалли он] таҳаммули ламс накунад ва моддаҳое, ки ба маҳалли он ҳамеоянд, ё аз рагҳои варидӣ ва шараёнҳои берунист ва ё аз худи мағз ва пардаҳои он. [Андар ин ҳолати ахир] аксар вақт он моддаҳо аз тариқи дарзҳо берун оянд.
[Нимсара] гоҳе аз бухорҳое ба амал ояд, ки аз тамоми тан ва ё ягон андоми аз он паҳлу буда ҷудо шудаанд. Аксар вақт агар дарди нимсара падид ояд, даврагӣ бувад ва андар бештари ҳолатҳо аз хилтҳо ба амал ояд. Дарди нимсара аз бадии мизоҷи сода чандон падид наояд.
Оне, ки аз хилтҳо ба амал ояд, мумкин аст аз хилтҳои гарм ва мумкин аст аз хилтҳои сард, аз бодҳо ва бухорҳо падид ояд ва нишонаҳои [инҳоро] ҳамедонӣ. [23] Ба ҳангоми [дарде, ки аз хилти] сард аст, аз гармифизоӣ ором ёфтан ва азҳамкашидагӣ ва ба ҳангоми [дарде, ки аз хилти] гарм бархезад, эҳсоси гармӣ додану дилзании гижгоҳиҳо ва аз доруҳои сардифизо осудашавӣ дарёфта шавад. Инчунин ҳамроҳи [сардарди] сард сардӣ ва ҳамроҳи сардарди гарм гармӣ ҳис кунанд ва ин ба ҳангоми шид

дат ёфтани дард бувад.
Илоҷ: Илоҷи [дарди нимсара] раг задан бар наҳвест, ки андар баёни дарди «хӯд» ва ғайраи он донистӣ ва хусусан раги пешонӣ ва гижгоҳиро [бизананд] ва [дигар] исҳол овардан ва ҳуқна рехтан бувад. Ҳар кадоми инҳоро ба андозае ба кор баранд, ки бароят андар «Қонун»
муайян карда шуд. Яке аз чизҳое, ки нимсараи гармро суд бахшад, оби сабри андар оби коснӣ таркарда аст ва ин андар Қарободин ёд шудааст. Як ошомиданӣ аз он аз як то шаш уқия бувад. Ба ҳангоми ин гуна [дарди нимсара] кушодани раги пешонӣ ва рагҳои бинӣ сахт судманд аст. Агар ин [беморӣ] даврӣ бошад, бояд пеш аз ҳама тан пок карда шавад ва баъд аз поккунӣ мизоҷро бигардонанд. Агар модда гарм бувад, доруҳои карахткунандаеро аз қабили афюн, пӯсти бехи луффоҳ, зог, банг ва кофур бар гижгоҳиҳо бинеҳ ва маҳалли [дардро] бо доруҳои медонистаат ва андар «Қонун» ёдшуда сард бисоз.
Гоҳе сиёҳии навиштаниро агар бар нимаи дардманди сар тило кунанд, суд бахшад. Аз ҷумлаи андуданиҳое ки худовандони дарди нимсара ба кор баранд, заъфарон аст.
[Инчунин] эшонро зимоде судманд бувад, ки аз судобу пудинаи бӯстонӣ бо сиёҳию равғани гул бисозанд. Ба ғайр аз ин бо қурсҳои Фулус тило намудан, ки андар Қарободин ёд шудаанд, [нофеъ аст] ва низ истеъмоли зимоди зерин хуб аст: аз донаи даҳмаст ва барги судоб як бахшӣ ва аз хардал ним бахш гирифта, ҳамаро бо об биомезанд ва ба кор баранд. Аз ин ҳам расотар мумравғанест, ки аз коғна бисозанд ва андар маҳалли дард обила падид орад ва ё софсиёест, ки реш карда, чун доғмонӣ судманд бошад. Агар моддаи сард сахт сард бошад, бо фурбиюн, хардал, оқарқирҳо ва монанди инҳо зимод соз.
Дарди нимсараи деринае, ки дер давом карда бошад, ба ҳар ҳол сардмизоҷ аст ва эҳтиёҷ ба ҳал кардан ва ба истеъмоли доруе дорад, ки ба таври қавӣ гармӣ биоварад. (44) Мо андуданиҳо ва пухтаковҳои чи муштарак ва чи хосси дарди нимсараро андар Қарободин ёд кардаем ва бояд онҳоро ба кор бурд. Ҳар гоҳ андуданиҳоро ба кор бурданӣ шавӣ ва пеш аз он танро истифроғ карда, пок сохта бошӣ, нахуст мушакҳои гижгоҳии аз сӯи дард бударо бо ангуштонат ва бо рӯймоли дурушт ба ҳангоми оғози навбати [беморӣ] молиш бидеҳ ва сипас дору бимол. Агар ба карахт сохтан эҳтиёҷ пайдо кунӣ ва дарди дилзананда шиддат ёфта бошад, бар шараёни гижгоҳие, ки ба маҳалли [дард] пайваст аст, тило кардани афюн бо анзарут ва доруҳои гиранда ва ё бар он ҷой бастани сурб ва ё тахтачаи мувофиқ кунонида судманданд, зеро инҳо, чунонки дар боло зимни қонуни доғниҳӣ ёд кардем, пеши дилзании сахтеро бигиранд, ки боиси падид омадани дарди дилзананда бувад.
Бархе аз пизишкони пешин аз барои дарди нимсараи дерина илоҷеро зикр кардаанд, ки санҷидашуда ва судманд буда ва онро аз як зане гирифта будаанд. Он илоҷ чунин аст: бехи хиёри даштӣ ва афсинтинро андар об ва равғани зайтун ба қадре биҷӯшонанд, ки нарм шаванд ва сипас обу равғани зайтунро гармогарм бар нимаи дардманди сар бирезанд ва дурдашро зимод кунанд. Ҳар қадар ки инро бештар ба кор баранд, дарди нимсара хоҳ бо таб бошад ва хоҳ бе таб, беҳтар бигардад. Аз миёни зимодҳо ҳеҷ зимод мисли зимоди хардал нест.

пешина
аз 1215
навбатӣ