Қонуни тиб

Ҳамчунин бар шараёнҳо чизҳои гиранда бичаспонанд ва бо онҳо анзарут ва заъфарон биомезанд. Мо инҳоро андар Қарободин тавсиф хоҳем кард. Гоҳе бар шараёнҳо сурб ниҳода, бо тасма бибанданд, то ки бо ҷаҳидани худ боиси дард нагарданд. Агар тахтача [гузоранд], низ чунин бошад. Доғмонии қавии аз барои ин ғараз ёдшуда ин аст, ки се доғ бар тораки сар, ду доғ бар ду гижгоҳӣ ва як доғ бар фарози мағокӣ – ба наздики бахши пасини сар биниҳанд. Ба ҳар ҳол бояд аз хамр парҳез карда шавад.
Агар сабаби [сардард] бухорҳои аз меъда бархезанда бошанд, [муолаҷаи] он ба ҷумлагӣ он чизе бошад, ки мо онро андар баёни илоҷи сардарде фармудем, ки аз бухорҳои аз дигар андомҳо ба сӯи мағз баромада падид омадааст. Аз ҳамин қабил илоҷи сардардест, ки бо ошомидани об авҷ бигирад. Ин низ ба иллати нотавонии меъда бувад ва беҳтарин илоҷи вай он бошад, ки худованди онро каме шароби райҳонӣ бидиҳанд ва низ оби меошомидаашро бо он биомезанд, то ки андар меъда душворӣ наоварад75.
Аммо андар тадбири сардарде, ки ба анбозии гурда, мароқ (42), заҳдон ва ғайра падид ояд, он чизе кифоят бошад, ки андар оғози китоб овардем. Оид ба сардарди аз табҳо бархезанда [низ] мо суханронӣ кардем.
Фасли бисту ҳафтум андар гаронии сар ва илоҷи он
Аз [гаронии сар] истифроғ ва истеъмоли шабёрҳо судманданд. Агар [гаронӣ] хунӣ бошад, онро бо раг задан муолаҷа кунанд. Баъд хусусан агар гаронӣ майл ба сӯи пас дошта бошад, рагҳои пешониро бизананд. Инчунин хусусан агар майли гаронӣ ба сӯи пеш бошад, рагҳои зери устухони паси гӯш ва шараёнҳоеро бизананд, ки аз паси гӯшанд.
Фасли бисту ҳаштум сардарде, ки бо номи «байза»
ва «хӯд» маъруф аст
Ин гунаи сардардро аз баҳри он «байза» ва «хӯд» номанд, ки ҳамаи сарро фаро бигирад ва он сардарди фарогиранда, давомкунанда, устувор ва дерина бувад. Ранҷи он ҳар соат ва ба иллати камтарин сабабе аз қабили ҳаракат, ё ошомидани хамр ва ё тановули чизҳои бухороваранда биафзояд. Онро садои сахт ба шӯр орад ва гоҳе аз садои миёна ҳам бархезад ва ҳатто худованди он аз садо, равшанӣ ва омехтан бо мардум дилгир бишавад ва танҳоӣ, торикӣ, осудагӣ ва бар пушт афрошта хоб рафтанро дӯст дорад. Сабабҳои азобдиҳандаи чунин [беморон] ки ёд шудаанд, гуногун буванд. Бархеи эшонро қисме аз ин [сабабҳо] ва бархеи дигарро қисми дигари он озор бидиҳанд. Бемор ҳар соате чунин ҳис кунад, ки сарашро бо путк ҳамезананд, ё онро сахт ҳамекашанд ва ё сахт ҳамешикофанд ва дарди сараш ба буни чашм бигузарад.
Ҷолинус сабаби боиси ин иллат гардандаро нотавонии мағз ва ё шиддати ҳис ва сабаби ба вуҷуд оварандаи онро хилти бад, ё омоси гарм ва ё сард пиндорад, вале
бисёр бошад, ки [ин иллат] аз омоси савдовӣ ва ё сахт падид ояд. Аксар вақт [омос] андар миёнҷои парда ё берун аз косаи сар ва ё аз даруни он ба вуҷуд ояд. Чунонки донистӣ, агар сабаб омос ва ё ғайри омос буда, андар пардаи даруни косаи сар ҷой дошта бошад, дардро то ба чашм густариш ёфта ҳис кунанд, зеро он парда шомили асаби дарунтиҳист ва як бахши он то ба ҳадақа ҳамерасад. Агар [сабаб] андар пардаи берунӣ бувад, бо расонидани даст дард ҳис карда шавад ва худованди онро аз сахт расидан бад ояд.
Аксар вақт [чунин сардард] аз сабаби бемориҳое ба амал ояд, ки пеш гузаштаанд ва гавҳари мағз ва пардаҳои дарунию берунии онро ба андозае нотавон сохтаанд, ки аз ҳаракатҳои андаки ғизоию бухории тан ва аз ҳаракатҳои беруна озурда бигарданд ва фазлаҳои озордиҳандаро бипазиранд. Аз миёни пизишкон касоне ёфт шаванд, ки ҳангоми сардарди «хӯд» ин шартҳоро риоя накунанд, балки эшон ҳар дардеро, ки чи аз беруни косаи сар ва чи аз даруни он, тамоми сарро фаро бигирад, «хӯд»
хонанд. [Агар] сабабаш бухорҳои меъда, ё бухорҳои сар, ё моддаҳо ва ё фалағмунии гавҳари мағз ва ё пардаҳои он бошад, ин [дард] бо гаронӣ, тапиш ва ё сурхӣ буда, бо афрӯхтагию сӯзиш ва бе гаронии зиёд бувад ва ё агар сурхӣ набошад, гаронӣ ҷой дошта ва нишонаҳои хилтҳои сард мавҷуд бошанд, пас, ин аз хилтҳои дигаре падид омада бошад. Ҳар кадом аз ин ду навъ ба ҳасби хеш муолаҷа шавад, вале номи «хӯд» ба наздики пизишкони кордон бар сардарде биафтад, ки ба шартҳои ёдшуда вобаста аст.
Илоҷи [«хӯд»]: Агар бидонӣ, ки андар он ҷой хуни зиёдест ва ё сабаби нахустин ва ё сабаби ба амал оварандаи он хун аст, раг бизан. Аммо далелҳо бар он иқома шаванд, ки хилтҳо сарданд, муддати зиёде бар беморӣ гузашта аст ва инчунин агар андар оғоз доруи пасгардонанда ба кор бурда бошӣ, пас, пухтаковҳоро бо обҳое ба кор бибар, ки андар онҳо чизҳои андаке ҳалкунандаи гармиоваранда ҷой дошта, дорои хусусияти фурӯнишондани андак ва гирандагиянд. Масалан, шукуфаи гӯргиё, бобуна, пудинаи бӯстонӣ ва дигар чизҳое, ки андар «Қонун» донистӣ, ҳамин гуна буванд. [Ҳангоми истеъмоли онҳо] тадриҷан ба қавии [онҳо] бигузар. Бо доруҳои муносиби он истифроғ овар, ҳабби сабрро76 бо мастако, ки яке аз чизҳои андар ин кор сахт судманд аст, ба кор бар ва инро ҳар се шаб як бор такрор кун. Ҳар гоҳ ҳангоми истифроғҳо ба қавии онҳо ниёзмандӣ бошад, [ҳабби] қуқиёро ба кор бар ва сипас ҷӯшонидаи хиёршанбарро бо чаҳор мисқол равғани беданҷир ба бемор биошомон.
Бидон, ки чун истифроғ кардӣ, туро ин боқӣ монад, ки бояд мағз ва пардаҳои онро бо чизҳои қавигардонандаи [мағз], чунонки медонӣ, пок созӣ. Аз ҷумла бӯиданиҳои мушку анбар мебошанд, ки бо онҳо кофур низ биомезанд. Гоҳе бо онҳо сабр биомезанд, то ки баробари тақвият додан ҳалкунандагӣ [ҳам] дошта бошанд. [Беморро] зимодҳои гарм ва доруҳои карахткунандае бифармой, ки онҳоро худ донистӣ. Ҳар гоҳ [дард] паст бигардад, гармоба ва зимодҳои қавӣ ба кор бибар. Аммо то даме, ки [беморӣ] андар марҳалаи ибтидост ва бидонӣ, ки моддаҳо гарманд, бо чизҳое чорабинӣ кун, ки бароят баён шуданд (43) ва андар зимни қонуни тадбири мағз онҳоро донистӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор