Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Сипас аз паси [инҳо] доруҳои андар бинӣ афканданӣ ва доруҳои атсаоварандаеро истеъмол кунанд, ки поккунандаи мағзанд.
Фасли бисту панҷум андар илоҷи сардарде, ки баъди хоб ва хоболудӣ ба амал ояд

Ба ҳангоми ин гуна [сардард] тану сарро бояд бо он чизе пок кард, ки донистӣ. Агар ду гижгоҳӣ ва пешонӣ бо хокистару сирко зимод карда шавад, суд дорад ва беҳтарин хокистар аз барои он кор хокистари чӯби анҷир бувад.
Фасли бисту шашум андар тадбири сардардҳои гуногуне, ки ба анбозӣ падид оянд

Гуфтори ҷомеъ андар баёни онҳо: Ба ҳангоми ҳамаи гунаҳои сардарде, ки ба анбозии андомҳои дигар падид омадааст, бояд бад-он андомҳо эътибор бидиҳӣ, онҳоро бо доруҳои хосашон истифроғ кунӣ ва мизоҷи онҳоро бигардонӣ. Ба изофаи ин сарро бо доруҳои қувватбахшанда қавӣ бигардонанд, то ки пазирои [модда] набошад. Агар [беморӣ] андар ҳоли оғозёбӣ бошад, доруҳои сарде аз қабили равғани гул ва сирко ба кор баранд. Аммо баъди ин агар модда ва кайфият гарм буванд, худи ҳамон корро ба таври доимӣ давом хоҳӣ дод ва агар сард бошанд, ба истеъмоли равғани бобуна бо равғани мурд, ё равғане, ки андар он самғи сарв гудохта бошанд ва ё [равғане], ки бо ёрии баргу фишурдаи сарв ва ё шӯргаз сохта бошанд, бигузарӣ.
Чун аз тадбири андоми [анбоз] фориғ шудӣ, бояд тааммул кунӣ, ки оё араз аз пеши худ беморӣ гардидааст ва оё сабаби сардард андар сар устувор шудааст, ё не.
Модда ва кайфиятро бишинос, пас, он кореро бикун, ки донистӣ. Сардарде, ки ба анбозии соқ аст ва худованди он чунин дарёбад, ки гӯё чизе аз соқ ба барсӯ ҳамеояд, андар ин ҳол агар пурӣ зоҳир бошад, бояд раги софин бизад ва ё ҳар ду соқро ҳиҷомат кард ва тани [беморро] бо устумахиқун пок сохт. Агар андар ин ҳол пурӣ зоҳир набошад, ҳар ду соқро то пайғула бибанд ва ҳар ду панҷаи пойро бо намак ва равғани хайрӣ молиш бидеҳ. Агар ҷойгоҳе маълум бошад, ки аз он ҷой беморӣ оғоз ёфтааст, он ҷойро доғ бинеҳ ва доруҳои решкунанда бимол, то ки реш шуда, рим кунад.
Аммо илоҷи он синф аз [сардарде], ки ба сабаби (41) бухорҳои аз андомҳои тан бархоста падид омада бошад, чунин аст: Агар сабаб бухорҳои бархоста бошад, бояд [бемор] пеш аз оғози даври [беморӣ] меваҳо тановул кунад. Агар ин муяссар набошад, бояд ки, агарчи ношито бошад ҳам, оби сард [биошомад]. Аз меваҳо беш аз ҳама созгор биҳӣ аст. Кашниз ҳам яке аз доруҳои судманд бувад. Ин ҳар ду аз ҷумлаи чизҳоеанд, ки бухорҳоро бархостан нагузоранд.
Ҳоли сардарде, ки ба анбозии ҷигар аст, низ чунин бувад ва аз он ба хусус пешоб тозондан ва зимод кардани ҷигар бо зимодҳои муносиби ҳар моддае судманд аст.
Илоҷи навъҳои гуногуни сардарде, ки ба анбозии

меъда падид оянд: Он бахш аз сардарде, ки ба сабаби нотавонии меъда ва хусусан нотавонии даҳони меъда ба амал омада, [ба иллати он] меъда моддаҳоро бипазирад ва андар он кимусҳо табаҳ бигарданд, андар бештари ҳолатҳо ҳангоми тиҳӣ будани шикам авҷ бигирад ва бинобар он ба [бемор] як луқмаи андар оби ғӯра, оби чукурӣ ва монанди инҳо ва ё андар руббҳои меваҳои гирандаи хушбӯй оғушта бидиҳанд. [Баъд] бояд ошоме дам кашад, ки аз нон, ё орди гандум сохта ва бо донаи анор ва монанди он барин чизҳо туруш гардонида бошанд. Ба ростӣ, агар инҳо бисёр истеъмол карда шаванд, даҳони меъда қавӣ хоҳад шуд. Агар [бемор] пеш аз он маниши гаштан ҳис кунад, бояд сафрои [андар меъда] рехташавандаро қай кунад ва осуда гардад. Агар меъда ба изофаи он сард бошад, ин чизҳоро омехта бо дегафзорҳои хушбӯи гарм ба кор бибар ва барои ӯ бо дегафзорҳо гулобе омода соз. Бояд андар он чи ки барои ӯ омода ҳамесозӣ, луқмаҳои [нонро] оғушта кард. Агар турушию газандагӣ меъдаро созгор набошанд ва дардашро афзунтар бигардонанд, бар луқмаҳое кифоят кун, ки андар гулоби ё сода ва ё ба ҳасби ҳоҷат дегафзорҳо задашуда оғушта карда бошӣ.
Ин гуна одам агар пеш аз сардард зуд якчанд луқмае бихӯрад ва ошоме дам кашад, сахт судманд бошад. Ӯ ҳар гоҳ фурӯ рафтан ва гуворида гардидани таомро ҳис кунад, бояд чизе тановул кунад, ки мисли луқмаҳои нони андар рубби меваҳо таркарда ва ё мисли худи меваҳо ва ё мисли нон бо хурмову зайтун қабзкунанда бошад.
Аммо он сардарде, ки ба сабаби хилтҳои андар меъда буда падид омадааст, чунин аст: Нахустин чорае, ки зуд бояд иҷро карда шавад, ин поксозист. Баъд аз он ва ҳамроҳи он бояд ғизоҳои латифи сутудаи сабукгувориши хубкимус хӯрд. Сипас [ғизо] ба кайфият бояд ба қадри воҷиб расонда шавад ва ба изофаи он дорои ҳалкунандагӣ, гувориш ва кушояндагӣ бошад. Агар [сифатҳои] сутудагӣ ва хуни хуб зодан қарини ду ҷинси дигар дарёфта нашаванд, сутуда будан ва хуни хуб зоданро бар ду [сифати] дигар ихтиёр кун. Аз ҳама сутуда ин аст, ки [ғизо] баъд аз гармоба кардан [хӯрда шавад]. Ин гуна одамон бояд бухорҳояшонро сабуктар74 кунанд.
Агар хилтҳо заҳравӣ бошанд, бо он чизе муолаҷа кун, ки мо андар Қонуни муолаҷаҳо бароят баён кардем ва баробари он мағзро бо равғани гул ва ё равғани мӯрд тақвият деҳ. Агар хилтҳо балғамии сарде бошанд, ки андар меъда бодҳои сахт биангезанд, пас, доруҳои қайовари қавитар ва доруҳои латифкунандаро [ба кор бибар]. Агар [ин ҳол] боз давом кунад, ёраҳои бузургро бо ҷӯшонидаи афитимун [истеъмол кун]. Андар ин ҳол буридани ду шараёни гижгоҳӣ ва ё доғи сабук ниҳодани [22] гижгоҳиҳо ба андозае, ки сар насӯзад, вале шараёнҳоро танг созад, [низ] судманд аст. Бисёр вақт шараёнҳоро бардошта ё бибуранд ва ё доғ ниҳанд. Беҳтарин доғмонӣ онест, ки болои шараёнро кушоянд ва сипас худи шараёнро ба тавре доғ ниҳанд, ки ба пӯст таъсир накунад. Чизҳои доғмонӣ ҷуволдӯзҳои сурхкардашудаанд. Агар доғмониро хусусан андар тобистон имконияти сарфи назар кардан бошад, бояд сарфи назар кард. Бояд [бемор] ошомҳо ғизо кунад, даҳ рӯз чизе нахояд, андар тобистон ҳангоми сардии [рӯз] ғизо хӯрад ва инчунин набояд сухани зиёд гӯяд.

пешина
аз 1215
навбатӣ