Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Фасли бисту якум
андар илоҷи сардарде, ки
аз қавӣ будани ҳисси сар бархезад

Илоҷи ин [сардард] он бошад, ки бо ғизоҳои ситабргардонандаи ғизои мағз аз қабили ҳарисаҳои аз гандум, ҷав ва гӯшти гов сохташуда (ба шарте қувваи гуворанда қавӣ бошад) ва бо ғизоҳои аз коҳу, хурфа70 ва гӯшти моҳӣ сохташуда ҳисро каме кунд бигардонанд. Гоҳе баъзе доруҳои карахткунандаи ба монанди шароби хашхош ва тухми коҳуро ба кор баранд. [Инчунин онҳоро] баъзан ба тариқи андудан истеъмол кунанд.
Фасли бисту дуввум андар илоҷи сардарде, ки ҳамчун арази табҳо ва бемориҳои тез падид ояд

Аз ҷумла сардардест, ки баробари шиддат ёфтани беморӣ ва ё навбати [хуруҷи он] падид ояд ва сипас бигузарад. Бархе аз он сардардест, ки баъд аз гузаштани беморӣ ва ё бартараф шудани навбати хуруҷи он боқӣ бимонад. Сардарде, ки ҳангоми табҳо рӯй диҳад, гоҳе ба андозае беморро безобита кунад, ки боиси афзоиши сабаби худ, яъне таб бигардад. Бисёр вақт далели [чунин сардард] ногаҳон сафед гардидани пешоб ва ба гунаи пешоби харон даромадани он бувад, лекин ба пешоби харон монандӣ доштани [пешоби бемор] гоҳе бад-он далолат кунад, ки [беморӣ] андар ҳоли ҳозир аст ва гоҳе далолат бад-он кунад, ки [беморӣ] гузаштааст, бинобар он бояд ба дигар далелҳо [низ] муроҷаат кард. Илоҷи дурусти ин [сардард] чунин аст: сарро андар равғани зайтуни норасидае бигиранд, ки бо равғани гул ва ё бо равғани муқаррарии гул гирифта ва бо сирко омехта бошанд. Инро андар зимистон ва ба ҳангоми сабукии таб нимгарм ва андар тобистон ва ба ҳангоми шиддати таб сард ба кор баранд. [Бар сар] рехтани пухтакови ҷав, хашхош, бунафша ва гул аз ин сардард судманд аст, ба шарте ки бухорҳо бо тезии худ азият медода бошанд, аз ин чизҳо ягонтояшро ба кор набар ва агар бихоҳӣ, ки онҳоро ҳал кунӣ, чизеро истеъмол кун, ки мисли равғани зайтуни андар он сисанбару садпайванд ва ё марзангӯшу садпайванд ҷӯшонидашуда, ба оҳистагӣ таҳлил оварад.
Ҳатто баъзе аз пизишкони пешин андудани бобунаро салоҳ донистаанд. [21] Агар ба иллати шиддати дард ба [истеъмоли] доруҳои карахткунандаву хобовар ноилоҷ эҳтиёҷ дошта бошӣ, онҳоро бо эҳтиёту оҳистагӣ ба кор бибар. Ба оғози [ин сардард] бар шудани моддаҳоро бо ёрии пист ва тухми аспғул пешгирӣ намоянд ва низ ин ду [доруро ба бемор] бидиҳанд. Гоҳе онҳоро бо кашниз ва равғани гул пешгирӣ кунанд ва гоҳе ба ҳангоми ин гуна [сардард] миҳҷама гузоранд. Аммо бастани дасту пой, молидани онҳо ва ба кор бурдани чорабиниҳои барои шахси махмур таъйиншуда низ сахт некӯст. Ҳар гоҳ тадбири бастани дасту пойро ба кор бибарӣ, ба ҳангоми боз кардан онҳоро андар оби гарм бигузор. Агар бо ин кор сардард боз намонад, сарро битарош ва бо бобуна, хитмӣ, бунафша ва хусусан хори хасак зимод кун.
Ин корро баъди тарошидани сар ба амал оранд. Гоҳе моро ба ҳиҷомату девча ниҳодан эҳтиёҷ биафтад.
Бисёр бошад, ки сардард баъди таб ва баъд аз бемориҳои тез ба ҷой бимонад. Илоҷаш он бошад, ки ғизоҳо сарду тар гардонида шаванд, сарро бо равғани гул ҳамроҳи равғани бобуна тақвият диҳанд, бар дасту пой рӯзе ду бор – пагоҳӣ ва бегоҳӣ, оби гарм бирезанд ва равғани бунафша бимоланд. Сипас, агар ба ҳасби он нишонаҳое, ки медонӣ пастравии ошкори [беморӣ] зоҳир гардад, бо ёрии доруҳои латифкунанда кумак бирасонанд.
Фасли бисту севвум андар илоҷи сардарди бУҳронӣ

Ба ҳангоми сардарди буҳронӣ бинигаранд, ки агар бемор маниши гаштан, (40) нимгардон шудани нафс,71 паридани лаб, гижа ва умуман нишонаҳои моддаро ба сӯи боло рондани табиат ҳис ҳамекунад, қай омаданро бо сикангубини гармкардашуда ва бо қайоварандагони сард ёрӣ диҳанд. Ё агар бемор қароқур, андар ду бар дамиш ва умуман нишонаҳои моддаро ба фурӯсӯ рондани табиат андарёбад, бо доруҳои лағжонандаи сабуке аз қабили шароби олу, ки олуро барои парварда шудан [бо сӯзан] кафонида, андар гулоб тар карда бошанд, шароби бунафша, шароби хурмои ҳиндӣ, ширхишт, ки аз он на ба андозаи бисёр, балки ба миқдори панҷ дирам [бигиранд] ва бо дигар чизҳои ба ҳаминҳо монанд нарм гардидани табиатро кумак расонанд. Ё агар [бемор] андар ноҳияҳои гурда ва зери паҳлуҳои пасин гаронии ба сӯи пас кашанда ва умуман нишонаҳои майл намудани модда ба сӯи роҳи пешобро ҳис кунад, он гоҳ аз тариқи тозондани пешоб бо ёрии сикангубине, ки бар он ду дирамсанг тухми харбуза ва баробари он тухми хиёр афкандаанд, муолаҷа кунанд. [Инчунин ба бемор] биҳӣ диҳанд, зеро он бухорро боз дошта, пешоб битозонад. Агар [бемор] пеши назараш шуоъ, сурхӣ ва шабаҳҳои зард бинад ва ин дер давом карда, аз бинияш хун намеомада бошад, бо сирко ва бухори он атса оваранд, андар бинияш бидаманд, бинияшро бо баъзе чизҳои дурушт хала-хала кунанд ва ё агар мумкин бошад, бемор чашмашро якбора бар муқобили нури офтоб дошта, нигоҳ кунад ва баъд бигардонад. Агар набзи беморро мавҷӣ72 ва андар пӯсташ нармӣ дарёбанд, доруҳои арақоварандаро ба тариқи молидан, ошомидан ва рехтан ба сар ба кор баранд ва бояд ки ин [доруҳо] муътадил бошанд. Агар бемор чизе шабеҳ, ба сӯзиш ва дарди мондагӣ андар буни гӯш, ё андар зери бағал ва ё андар пайғулаи рон73 ҳис кунад, зимодҳои гарми кашандае аз қабили пудинаи бӯстонӣ ва карафс бо равғани зарди куҳан ба кор баранд. Гоҳе эҳтиёҷ бад-он биафтад, ки бе буридан миҳҷама бигузоранд, то ки модда аз сӯи мағз ба сӯе гардонида шавад, ки бад-он сӯй майл дорад ва он ҷой варам кардааст. Андар ин мақом туро эҳтиёткорӣ лозим аст.
Фасли бисту чаҳорум андар илоҷи сардарде, ки ба даъвои [баъзеҳо] аз сабаби кирм бошад

Нахуст бояд тан ва мағз пок карда шавад ва сипас андар бинӣ ёраи фиқро афкананд ва ин корро як ҳафта чанд
бор такрор кунанд. [Инчунин] ҳамаи доруҳоеро, ки андар боби бӯи бинӣ ёд шудаанд ва ҳамаи он чиро, ки кушандаи кирми шикам аст, аз қабили фишурдаи барги шаф толу ва фишурдаи бехи туту сабр ба кор бибаранд.

пешина
аз 1215
навбатӣ