Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Доруи аз барои хумор хуб чунин аст: тухми коснӣ, тухми каранб, зиришки аз дона пок кардашуда, тутум, наски муқашшар, гул ва табошир ба миқдори баробар бигиранд ва аз ҳамаи инҳо ба қадри се дирамсанг бо як қирот кофур ва як уқия оби анор, ё оби чукурӣ ва ё об ва ё рубби дилаи турунҷ биошоманд.
Фасли ҳаждаҳум андар илоҷи сардарде, ки аз ҷимоъ падид ояд

Ин гуна сардард ё ба сабаби хушкие падид ояд, ки натиҷаи [ҷимоъ] бошад ва илоҷи он баъд аз ба кор бурдани доруҳои тариоваранда ҳамон чизҳоест, ки андар боби муолаҷаи сардарди хушк ёд кардем ва ё сабабаш пурие бошад, ки онро ҳаракати ҷимоии аз ҳаракатҳои баданию нафсӣ мураккаб андар тан ба вуҷуд орад ва дар натиҷаи [ин ҳаракат] бухорҳои палид бархезанд. Бинобар ин, ҳар киро, ки баъди ҷимоъ чунин ҳол ба амал ояд ва ӯро пурӣ вуҷуд дошта бошад, бояд аз раг задан ва сипас шикам овардан оғоз кард, ба шарте ки ҳар яки ин корҳо ва ё яке аз инҳо воҷиб ояд. Баъд бо равғанҳои қавигардонандае ба мисли равғани гул, равғани мӯрд ва бо обҳои қавигардонандае, ки андар онҳо, масалан, гул ва мурд ҷӯшонида бошанд, мағзро қавӣ бигардонанд. [Инчунин] чизҳоеро ғизо кунанд, ки зудгуворанда ва хубкимусанд.
[Чунин касон] бояд аз ҷимоъ худдорӣ кунанд ва агар эшонро аз ин кор чора набошад, бояд ки бар шиками холӣ ҷимоъ накунанд.
Фасли нуздаҳум андар илоҷи сардарде, ки аз кӯфт хӯрдан ва афтидан бархезад ва тадбири касоне, ки эшонро мағз ҷунбида бошад ва сар кафида

Бояд ниҳояти ҷаҳду ғояти кӯшишат ба ҳангоми муолаҷаи сардарде, ки аз кӯфт хӯрдан ва ё афтидан падид омадааст, ин бошад, ки ба қадри имкон дардро ором кунӣ, моддаро ё ба истифроғ ва ё ба кашидан ба сӯи мухолиф аз маҳалли дард дур созӣ, то ки варам накунад ва агар ҷароҳат ба амал омада бошад, онро муолаҷа кунӣ, то ки фароҳам ояд. Фароҳам омадани [ҷароҳат] то даме, ки бадмизоҷӣ бар ҷой аст, мумкин нест, балки туро бояд, ки ба ҳангоми фароҳамоии он мизоҷи ноҳияи ҷароҳатро муътадил бигардонӣ.
Ҳар гоҳ худованди чунин осебро таб падид ояд ва ақлаш шӯрида гардад, бидон, ки [осеб] ба варам кардан оғоз кардааст. Бинобар ин, нахустин коре, ки бояд андар илоҷи он бикунӣ, боз кардани раги қифол ва ё акҳал бувад, то ки пеши варам гирифта шавад. Агар андар ин миён пурӣ ҷой дошта бошад, бояд ҳуқнаҳои гарм, агарчи бо дилаи ҳанзал ҳам бошад, ба кор бибарӣ, вале агар таб ҷой дошта бошад, ҳуқнаҳоро бояд муътадил гардонд. Агар ҳуқна воҷиб наояд, бояд ба шарти набудани таб бо ҳабби қуқиё истифроғ оварӣ. Агар ҳарорат бидуни таб ҷой дошта бошад, аз ошомидани [ҳабби мазкур] набояд даст кашид, зеро аз истифроғ чора нест, то ки аз омос раҳоӣ ёфта

шавад. Сипас бояд нигарист, агар андар он ҷой ҷароҳатест, нахуст онро муолаҷа кунанд ва аз гардонидани мизоҷи он ҷойгоҳ чора нест, то ки пазирои илоҷ бошад. Агар ҷароҳат набошад, он ҷойгоҳро бо зимодҳои қавикунандае аз қабили зимодҳое, ки оби онҳо обҳои мӯрду бед, равғанашон равғанҳои мӯрд, савсан ва гул ва моддаҳои онҳо аз қабили гул, шоҳафсар, наи бӯё, бобуна, гили арманӣ ва замчи яманӣ чизҳои қабзкунандаи латиф ва андаке ҳалкунанда бошанд, ҳамроҳи шароби райҳонӣ зимод кунанд.
Гоҳе аз миёни инҳо бар равғанҳо кифоят кунанд ва бисёр бошад, ки касони онҳоро ба кор баранда онҳоро нимгарм [бар сар] бирезанд. Гоҳе дард ва бими падид омадани варам муҷиби он бошад, ки ин [доруҳо] андаке сард гардонида шаванд. [Бемор] бояд аз гармоба, шароб, хашмнокӣ, ғизоҳои бухорангез ва гармиоваранда парҳез кунад.
Ҳар гоҳ маҳалли [кӯфтхӯрда] ба омосидан оғоз кунад, аз истеъмоли доруҳои сахт гирандаю сардиоваранда ба мисли пӯсти анор, гулнор, наск ва гул чора нест. Сарро бо обҳои онҳо нутул (дорурезӣ) ва бо дурди онҳо зимод кунанд. Сипас баъди ин кор ба истеъмоли доруҳое гузаранд, ки мисли сарв, газ, биҳӣ ва кундур ба изофаи он як андоза латифкунандаанд. Агар кӯфт боиси ҷунбидани [мағзи] сар гардида бошад, бояд ба [бемор] бо об ва ё шароби ангубин устухудус ошомонид, зеро бад-ин восита чунин беморон наҷот хоҳанд ёфт.
Бидон, ки агар дард то ба пардаи мағз расида бошад, андар ин хатар аст. Агар ба сабаби кӯфт аз мағз хун омада бошад, бояд худованди [чунин осебро] ба қадри имкон мағзи мурғ дод ва сипас аз болои он оби анори туруш ошомонид. (39) Баъд чун омос ҳал бигардад то рӯзи севвум ва баъди рагзадан мағзи мурғ ошомониданро афзоиш диҳанд.
Фасли бистум андар илоҷи сардарде, ки аз нотавонии сар падид ояд

Илоҷаш ин аст, ки бадмизоҷии сарро бигардонанд, сарро бо доруҳо ва ғизоҳои қавигардонандаи он ва муаттаре тақвият диҳанд, ки андар онҳо хосияти латифиоварию гирандагист ва аз тариқи фароҳам овардани сабабҳои ҳаракатдиҳанда сабабҳои [нотавониро] фурӯ нишонанд. Бисёр бошад, ки сабаби фаъоли ҷуфти сабаби мунфаили нотавонӣ фароҳам омадани хилтҳои бади гарм ва ё ғайри гарм андар меъда бувад. Бинобар ин, бояд онҳоро бо доруи муносиби онҳо истифроғ кард ва [ба бемор] ғизое дод, ки ба изофаи моддаи ҷои чизи ба таҳлил рафтаро пуркунанда боз қувваи ҳалкунандагӣ дошта, қобили гувориш бошад. Агар ҳар ду хосияти ахир [андар ғизо] мавҷуд набошад, пас, [ғизоеро] ихтиёр кун, ки якуми онҳоро дошта бошад. Беҳтарин ҳангоме, ки бояд ғизо дод, баъд аз гармоба кардан аст. Бояд ғизои шомгоҳии эшон сабук бошад ва таом хӯрданашонро бо хӯрдани хурмои қасбу69 зайтун якҷоя бо панир ба анҷом расонанд, то ки меъдаи эшон қавӣ бигардад. Буқрот барои чунин [беморон] ошомидани шаробро рухсат додааст ва Ҷолинус беҳтар донистааст, ки он ё омехта, ё тунуки райҳонӣ ва ё дорои ҳар ду [сифат] бошад. [Бемор шаробро] бояд бо нон бихӯрад.

пешина
аз 1215
навбатӣ