Қонуни тиб

Агар аз [бухорҳои дудӣ] осебе ва бадмизоҷие падид ояд, чунонки аз дуди гӯгирд, дуди зирних ва дуди чизҳои бад-инҳо монанд падид ояд, кофурро андар равғани каду афканда, ба кор бибар, то якеи онҳо тарӣ оварад ва дигарашон сардӣ. Ҳамин гуна кофурро андар равғани коҳу ва равғани бунафша ниҳода ба кор бибаранд. Тамоми ҷойгоҳи [беморро] бо баргҳои беду райҳонҳои тар фарш кунанд.
Фасли понздаҳум андар илоҷи сардарде, ки аз хушбӯиҳо падид ояд
Аммо сардарди аз хушбӯиҳо падидоянда чунин аст:
Агар хушбӯиҳо гарм бошанд ва танҳо бо гармии хеш, на бо сардӣ, зиён расонида бошанд, инро бо хушбӯиҳои сард муолаҷа кунанд. Масалан, агар зиёни расида аз бӯидани мушк ва заъфарон расида бошад, бо кофуру сандал ва [зиёни] аз кофур расидаро (37) бо мушку заъфарон муолаҷа кунанд. Агар [хушбӯиҳо] изофа ба он бо хушкию хушкӣ овардан зиён расонанд, илоҷ он аст, ки масалан, андар муолаҷаи зиёни мушк танҳо бо кофур кифоят накунанд, балки агар мумкин бошад, ки равғанҳои тариоваранда ба намуди сардкардашуда андар бинӣ афканда шаванд, ҳамин кифоят аст ва агар не, андар ин сурат [онҳоро] бо кофур ба бинӣ афкананд. Андар акси ҳол низ чунин кунанд.65 Фасли шонздаҳум андар илоҷи сардарде, ки аз бӯйҳои бад бархезад
Сардарди аз бӯйҳои бад бархостаро бо хушбӯиҳое муолаҷа кунанд, ки мизоҷан зидди онҳоянд. Агар он бӯйҳо хосияти хушккунандагӣ дошта бошанд, кӯшиш карда шавад, ки бӯйҳои бад-онҳо муқобил гузошта тариоваранда бошанд. Масалан, бӯйҳои баланди нилуфару бунафша чунинанд. Бӯи баланди бед бар ҳамаи бӯйҳое, ки бо гармии худ ба бӯйҳои хуш ва бӯйҳои бади зиёнвар муқобил биистанд, ғолибият дорад. [Инро бояд бидонӣ]66 .
Фасли ҳафтдаҳӯм андар илоҷи сардарде, ки аз хумор бархезад
Нахустин коре, ки барои илоҷи сардарди хуморӣ бояд
кард, ин аст, ки меъдаро аз тариқи қай овардан ё бо сикангубину тухми турб, ё бо сикангубину фишурдаи турб,
ё бо сикангубину оби ширгарм ва [инчунин] бо он қайангезандагони нарм ва миёнае пок кунанд, ки андар Қарободин хоҳӣ донист. Агар қай овардан воҷиб набошад
ва ба кор бурдани он биме дошта бошад, бо ёраи фиқрое
шикам овар, ки бо маҳмуда қавӣ гардонида шудааст, то
ки [қайоваранда андар меъда] дер намонад. Агар андар
ин миён ягон бемории гарме монеи истеъмоли доруи
гарм бошад, бо ҷӯшонидаи ҳалила67 ва ё шароби табиаткушояндаи меваҳо табиатро бикушой. Агар нафс аз амсоли ин чизҳо рӯй бигардонад, бо обу дилаи ҳар ду навъи
анор,68 ки каме бо маҳмуда қавӣ сохта шудааст, ба тавре
ки андар Қарободин ёд кунем, табиат бикушой ва ба сӯзонандагии [маҳмуда] парво накун. Агар ба ягон ваҷҳе чизе монеи истифроғот бошад, бояд [беморонро] то гуворидани он шаробе, ки андар меъдаашон аст, бихобонӣ. Ин аз гулгун ва рангин гардидани пешоб маълум бигардад. Пои [чунин беморонро] бо намак ва равғани бунафша молиш диҳанд ва бар дасту пояшон пухтакови бобуна бирезанд. Сипас бояд эшонро ба гармоба бурда, сарҳояшонро андар равғани гуле гирифт, ки на чандон сахт сард гардонида бошанд. Эшонро ғизо аз наск, ғӯраоб ва монанди инҳо кунанд ва каранбро барои чунин хосияташ бидиҳанд, ки бо ёрии он, хусусан агар андар норвои туруш пухта шуда бошад, бухор аз сӯи сар бигардад. Ҷолинус гуфтааст: «Агар ӯро чӯҷаи кабӯтар бидиҳӣ, хато нахоҳӣ кард». Чунин гумон биравад, ки сабаби ин тунук ва ба таври қавӣ ҳалкунандаи бухорҳо будани хунест, ки аз он ғизо падид ояд. Бояд ба [чунин беморон] меваҳои гиранда бидиҳӣ, вале бояд ошомиданияшон танҳо об бошад, ба шарте ки меъдаи онҳо заиф ва бими беҳол гардидани он набошад. Андар ин ҳол эшонро аз бисёр ошомидани оби сард манъ карда шавад ва ба онҳо бояд оби анори туруш, хусусан чукурӣ ва рубби он, дила ва рубби турунҷ ва биҳӣ ва себ диҳӣ. [Истеъмоли] судаи кашнизи хушк бо шакар, ки ба миқдори баробар гирифта шаванд, низ судманд аст. Сипас беморро хобонида ором кунанд, зеро ин асли муолаҷаи ӯст. Агар бо ҳамаи ин [беморӣ] ором нагирад, [муолаҷаро] ҳамон рӯз ва фардо [низ] аз нав такрор кун. Ғизои беморро аз чизҳои сардиоваранда ва тариоваранда кун ва ё ӯро бо ёрии зардии хояи мурғ барин чизҳо латифӣ физо. Бар [сари бемор] оби гарми бисёр бирез, то [сардард] ҳал гардад. Ҳар қадар ки битавонӣ, ба хоб овардани он машғул шав. Сипас, [20] агар маниши гаштан ҷой дошта бошад ва он бираваду сардард боқӣ бимонад, [истеъмоли] равғани гулро қатъ кун, зеро баъд аз ин равғани гул барои ӯ зиён дорад, зеро андар оғоз барои тақвияти сар ва боз доштани бухор бад-он ҳоҷат буд ва акнун ин [ҳоҷат] аз миён рафта бошад. Акнун ба ҷои он равғани бобунаро аз тариқи андар он гирифтани сар ба кор бибаранд, то ки [сардардро] ҳал кунад. Агар [сардард] бо вуҷуди ин боз давом кунад, пас, равғани савсан бояд ба кор бурд, чаро ки ин ғояти [илоҷ] ва санҷидашуда аст.
Сипас, агар хумор сабук шуда кам шудан гирад, [беморро] андак-андак пиёда роҳ рафтан бифармой ва ё андар ғанова биҷунбонаш. Инчунин, ӯро аз моҳии сангобӣ, хояи хурӯс, чӯҷа ва тараҳои сард ғизо бидеҳ. Бояд на зуд аз паси таом, балки баъди гузаштани се соат пиёдагардӣ кунад. Умуман, бояд интизори аз тариқи хоб ва ё оромии дароз гуворидани таом бошад, то меъдааш андаке сабук бигардад. Сипас, агар [бемор] гарммизоҷ бошад, сикангубини шакарӣ ва ё агар тармизоҷ бошад, сикангубини ангубинӣ ба кор бибарад ва бояд бо молидани пойҳояш оғоз карда шавад. Баъд бояд тавре роҳ биравад, ки мондакунанда набошад ва ё дигар ҳаракатҳои ғайри душвор ба амал оварад. Вале боистӣ аз сиркои сода ва обкома бипарҳезад ва агар аз [истеъмоли] онҳо чора набошад, бояд ғайри (38) тезашро ба кор бибарад. Чун ӯро каме пиёда гардонидӣ, барояш обзан ва гармоба низ ба кор бар. Сипас андар ниҳояти кор бояд бар вай дору ҳои обакии ба таври миёна ҳалкунанда бирезӣ ва ғизояшро аз гӯштҳои сабук бисозӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор