Қонуни тиб

Сипас пазонидан, баъд истифроғ ва баъд аз он таҳлил ба амал оварда, дардро бартараф кунанд. Чигунагии ин кор ба ҷои хеш дониста шуд. Агар мизоҷи сар гарм бошад ва судда ситабр, муолаҷаи он бароят душвор хоҳад буд ва бинобар он бояд суддакушоӣ ба кор барӣ. Сипас, агар ба сабаби муолаҷаи гарм сардард авҷ гирад ва ё сар зиён бибинад, бояд онро бо доруҳои сардиоварандае чора биандешӣ, ки дорои нармкунандагӣ буда, вале гиранда набошанд. Баъд, агар [дард] ором гирад, муолаҷаро дубора аз сар гирифта, онро то ҳангоми кушода шудани судда бояд давом диҳӣ. Мо ҳамаи инро ба тафсил баён кардем.
Фасли дувоздаҳум андар муолаҷаи сардарде,ки аз бодҳо ва бухорҳои гуногуни сар, на беруна, падид омадааст
Сардарде, ки аз бодҳои ситабр падид омадааст, нахуст бо парҳез кардан аз чизҳое муолаҷа карда шавад, ки мисли гавз, хурмо ва хардал хоҳ гарм бошанд, хоҳ сард, бухору бод биангезанд; [19] пухтаковҳою зимодҳои ёдшуда ва доруҳои бӯиданӣ, атсаоваранда ва андар бинӣ афкандашавандаеро ба кор бибаранд, ки андар «Қонун» тавсиф ёфтаанд; ва гунди бедастар, хусусан мушк бибӯянд.
Ношито ба гармоба рафтан андар ин боб судманд аст.
Агар саргаҳи [бодҳо] меъда бувад, андар илоҷи онҳо истифроғҳои ёдшуда ва хусусан нусхаҳоеро ба кор бибаранд, ки андар онҳо равғани беданҷир ва ё ба ҷои он равғани зайтуни куҳан воқеъ шуда бошад. [Инчунин маъҷуни] зирагӣ (каммунӣ) ва ҳар чизеро ба кор баранд, ки бад-он монад ва андар иллатҳои меъда ёд хоҳад шуд. Баъд аз муолаҷа сарро бо равғани мӯрд, лозан, равғани савсан ва бо шираи сарв, шӯргаз, мушки замин ва он чизе қавӣ гардонанд, ки қобили гарм кардану гирандагист. Инчунин молидан ва фишурдани дасту пойро ба кор баранд, то ки [модда] ба ҷиҳати мухолиф кашида шавад.
Аммо сардарде, ки аз бухорҳо падид омадааст ва агар ин бухорҳо андар худи сар зода шуда бошанд, бемор андар меъда ягон дамишу қароқур ҳис накунад ва ба ҳасби ғизоҳои бухоровару камбухор афзоишу коҳиш наёбад, пас илоҷи чунин касон он бошад, ки пухтаковҳои бодронандаи маъруф ба кор бибаранд ва бо зимодҳои латифиоваранда сари эшонро тақвият диҳанд. Ҳаминҳо кифоят аст.
Агар [бухорҳо] аз меъда буванд, он чизе судманд бошад, ки (36) аз қабили мастако, гулангубин, инчунин маъҷуни зирагӣ ва монанди он қависозандаи меъдаанд. Ҳар гоҳ ки таом бихӯранд, бухор бархоста, сардард падид ояд, бояд аз болои он луоби тухми аспғул ва кашнизи хушк бо шакар тановул кунанд. Агар бими аз луоби тухми аспғул сард гардидани меъда бошад, бояд луоби зағир бо кашнизи хушк истеъмол кард. Баъд аз он ки сардардро бо доруҳои зарурие аз қабили пухтаковҳову доруҳои бӯидании васфшуда ва хусусан бо марзангӯш муолаҷа карда, ором сохтӣ, бояд сарро бо он чи ки баён намудем, тақвият бидиҳӣ. Гоҳе як худи [марзангӯш] метавонад сабаби растагории пурра [аз сардард] бигардад. [Инчунин], усули ба ҷиҳати мухолиф кашидани [моддаро] ба кор бибаранд.
Ҳар гоҳ ба ҳасби нишонаҳои гармии дарёфта ҳис кунӣ, ки андар моддаи бухорӣ гармии зиёдатист, аз доруҳои ҳалкунандаи бисёр гармиоваранда, ба монанди уфурбиюн ва ғайра сахт бипарҳез. Балки нахуст аз кашидани [модда] ба сӯи мухолиф ва бо ғарғара поксозӣ оғоз намуда, сипас пухтаковҳои муътадилро андар гармоба ба кор бибар.
Фасли сездаҳум андар илоҷи сардарде, ки аз боди аз берун ба андаруни сар воридшуда падид омадааст
Ба ҳангоми сардарде, ки аз боди аз берун ба андарун гузашта падид омадааст, бояд тааммул кард, ки оё ин бод гарми тобистонист ва ё сарди зимистонӣ. Сипас бояд тааммул кард, ки [аз кадом даромадгоҳ] даромадааст: агар бод гарм бошад ва даромадгоҳаш гӯш, андар гӯш равғани нимгарми бобуна, ё равғани хайрӣ, ё равғани шибите бичакон, ки бо каме равғани гул омехта бошад. Ҳамчунин агар даромадгоҳи бод бинӣ бошад, онҳоро низ андар бинӣ бичакон ва аз доруҳои ёдкардаи мо он доруҳоеро [ба сар] бирез, ки ба оҳистагӣ бодро ҳал кунанд. Агар баъди ин бадмизоҷии гарм ба амал ояд, онро ба оҳистагӣ муолаҷа кунанд. Нахуст бо доруе оғоз кунанд, ки камтар сард аст ва агар ин суд набахшад, он гоҳ [сардии онро] афзоиш диҳанд. Агар [бод] сард бошад ва равғанҳо аз кадоми ин ду роҳ дароварда нашавад, бояд гарми онҳо ба кор бурда шавад ва андар онҳо гунди бедастар ва ё мушк мавҷуд бошад. Миқдори онҳоро ба қадри ҳоҷат кам ва ё беш бигиранд. [Инчунин] пухтаковҳо ва зимодҳое ба кор баранд, ки ба ҳасби ин кор ёд кардашуда ва ҳалкунандаи гарм бувад. Аз ҳар чизе, ки бодангез аст ва табиат нарм кунад, бояд парҳез кард.
Фасли чаҳордаҳум андар баёни илоҷи сардарде, ки аз бухорҳои бад ва аз берун ба сар даромада падид омадааст
Илоҷи бухорҳои бади аз берун расида низ ҳамин гуна аст. Онҳо ба камтар ҳолатҳо сард ҳамешаванд ва масалан, бухорҳои ҷойҳои каразадаи гилӣ ҳамин тавранд. Аммо андар бештари ҳолатҳо онҳо гарманд. Агар қисми зиёде аз инҳо [андар сар] банд бигарданд ва бими падид омадани садар ва гижа дошта бошанд, онҳоро бо пухтаковҳои муътадил ҳал кунанд ва хушбӯиҳои муътадиле аз қабили оби гул, равғани гул, нилуфар ва бунафша бибӯёнанд. Агар гармии сахт ҳис карда шавад, бояд кофур ва сандал ба кор бурд. [Инчунин] сарро андар гармоба бо оби гарм ва хитмӣ гарм созанд. Аз [бухорҳои] сард бӯидани мушк ва гунди бедастар ва молидан ба қадри кофӣ суд дорад.
Агар бухорҳо дудӣ бошанд, эҳтиёҷ бад-он бошад, ки бо равғанҳои ёдшуда ва бо доруҳои тарифизояндаи баршумурда сахт тарӣ оварда шавад ва андар шустани бинӣ бо ин гуна равғанҳо ҳилаҳо ба кор бурда, [беморро] бифармоянд, то онҳоро сахт ба бинӣ боло бикашад, андар он нигоҳ дорад ва сипас ба афшондани он амр кунанд, то бирезанд. Баъд инро ба муддати дароз аз нав такрор кунанд. Бо оби гул, оби бед ва оби каду низ чунин кунанд ва бояд сарро бар бухорҳои ин обҳо бисёр бидошт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор