Қонуни тиб

Яке аз андуданиҳои хуб ин аст, ки як мисқол мурч, як мисқолу сеяк дурди равғани заъфарон, як мисқол уфурбиюни нав ва ду мисқол саргини кабӯтарро бигиранд ва ҳамаро баъд аз сахт хурд кардан бо сиркои қавӣ сиришта, сипас бо он маҳалли сарбандии сарро тило кунанд. Тилои [дигареро] низ [ба кор баранд], ки аз мурр, уфурбиюн, намак ва бура сохта бошанд. Инчунин аз уфурбиюн, мурр, сабр, самғи арабӣ, гунди бедастар, заъфарон, афюн, анзарут, қуст ва кундур бо оби судоб андуданӣ омода созанд.
Яке аз андуданиҳои хуб барои сардардҳои деринаи сарди «хӯд» ва шақиқа ин аст, ки бо санги мисрӣ тило кунанд, зеро он сахт судманд аст. Инчунин аз мурчи сафед ва заъфарон ду дирамӣ, аз фурбиюн як дирам ва аз саргини кабӯтари даштӣ якуним дирамсанг гирифта, бо сирко бисиришанд ва бо он пешониро тило кунанд. Низ сабр, мурр, фурбиюн, гунди бедастар, афюн, қуст, оқирқарҳо ва мурчро бо шароби куҳан гирифта, тило кунанд.
Инчунин саргини кабӯтар доруст ва он хеле қавист. Дигар: аз мурч ва омехтаи заъфарон, яъне қурси ёдшудаи заъфарон ду мисқолӣ, аз фурбиюн ним мисқол, аз саргини кабӯтар якуним мисқол, аз сиёҳӣ якуним мисқол ва аз сирко ба қадри ҳоҷат гирифта, тило кунанд. Ин доруҳоро гоҳе бо орд шикаста, ё бо шир ва ё бо сафедии хояи мурғ омехта ва гоҳе ба шакли холис ба кор бибаранд ва дараҷаҳои он гуногун аст.
Сифати доруҳои андар бинӣ афканданӣ, ки аз барои сардарди сард судманданд: Яке аз онҳо доруи андар бинӣ афкандании сиёҳдона аст, ки зимни доруҳои сода ёд шуд ва дигар мумиёст, ки бо гунди бедастар ва мушк [ба кор баранд]. Бархе аз пизишкон гуфтаанд, ки агар ҳафт дона барги саътар ва ҳафт дона хардалро бо равғани бунафша суда ба бинӣ афкананд, судманд бошад. Яке аз доруҳои санҷидашуда мушк, майъа ва анбар аст, ки ҳар вақт бихоҳанд, ба қадри як наск (адаса) аз он гирифта, ба бинӣ афкананд. Доруи дигаре, ки аз барои [сардард] андар бинӣ афкананд ва гармӣ оварда, боиси истифроғ бигардад, равғани дилаи ҳанзал ва ё равғанест, ки андар он фишурдаи хиёри даштӣ ҳал карда бошанд. Ба гуфтаи гурӯҳе яке аз доруҳое, ки аз барои чунин [сардард] сахт суд дорад, ин аст: фишурдаи барги уштурхори бидуни об фишурдаро гирифта, се чакра аз он ношито бар бинӣ бичаконанд. Сипас баъди як соат аз паси он равғани бунафша чаконида, сапедбои серравған дам кашанд. Дигар доруе, ки аз барои ин кор сутудаанд, чунин аст: се дирамсанг талхаи барзагови малламӯй, ду дирамсанг мумиё, як дирамсанг мушк ва ним дирамсанг кофурро [ба ҳам] гирифта, миқдоре аз онро андар бинӣ афкананд. Инчунин якуним мисқол софсиё, як мисқол бехи ширинбаён63 ва ё якуним мисқол фурбиюн ва якуним мисқол ангубини поккардаро гирифта, ҳамаро бо фишурдаи бехи чугундар ба ҳам биомезанд ва ба миқдори як донаи говарс аз он бо сари мил бар бинӣ бичаконанд. Низ [якчанд] фурбиюн ва ба қадри ду сеяки он ҳузази ҳиндиро бигиранд ва бо фишурдаи чугундар сиришта, андар бинӣ бичаконанд.
Дигар аз доруҳои ба бинӣ афкандании судманд ин аст,
ки ҳашт мисқол бахури Марями хушк ва чаҳор мисқолӣ аз бура ва тутумро гирифта, нарм бисованд ва бо найча ба фароз дошта бо бинӣ сахт фурӯ бикашанд. Инчунин чаҳор мисқол сиёҳдона, ду мисқол фишурдаи хиёри даштӣ ва ду мисқол навшодирро гирифта, бо равғани ҳино ва ё бо равғани хиёри даштӣ сиришта, андаруни биниро бо он тило кунанд ва бемор бояд бӯи онро сахт ба худ бикашад. Ҳар гоҳ дарҳол аз сараш чизи зиёде фуруд ояд, бояд ки бинияшро бо оби гарм бишӯяд.
Сифати равғанҳое, ки сари каси ба сардарди сард гирифтор шударо бо онҳо равған кунанд: Аз чунин [сардард] ҳамаи равғанҳои гарм ва он равғанҳое суд доранд, ки андар онҳо, масалан, шибит, пудина, марзангӯш, дермана, сисанбар, судоб, барги даҳмаст ва чизҳои андар «Қонун» ёдкардаи моро ҷӯшонида бошанд. Аммо ҳолати равғани баласон ҳамон таврест, ки аз он ҷой донистӣ. Ҳамаи инҳоро инчунин метавон ба тариқи афкандан ва чаконидан андар бинӣ ва гӯш истеъмол кард.
(35) Доруҳои дамидашавандае, ки аз сардард судманданд: Фишурдаи хиёри даштӣ, бахури Марям ва бураи арманиро гирифта, бисованд ва андар бинӣ бидаманд. Ё сиёҳдонаву шираи хиёри даштӣ ва ё сиёҳдонаву андаке софсиёро ба ҳам бигиранд.
Илоҷи сардарди хушк: Аммо сардарди хушке, ки бо моддаи сафровӣ ва ё савдовист,64 андар баёни он сухан ронда шуд, вале оид ба сардарди хушки бидуни модда буда сухан гуфта нашудааст. Нахустин илоҷи он ин аст, ки беморро ғизоҳои тариоварандаи хубкимус ва хусусан серғизо, аз қабили зардии хояи мурғ, шӯрбои мурғчӯҷаҳои фарбеҳ, кабк ва тиҳу ва ошомҳои серравған бо равғанҳои тариоваранда бидиҳанд. Сипас аз сӯи [ғизои] гарм ва сард ба сӯи ғизои ҳар чи мувофиқтар майл дода шавад. Яке аз чизҳои судманд истеъмол кардани доруҳои ба бинӣ афкандашавандаест, ки бо равғанҳои сутудае аз қабили равғани бодом, равғани каду ва ғайра тар гардонида шудаанд. Агар ҳангоми истеъмоли ягонтои онҳо аз роҳи сардӣ овардан ва ё гармӣ фузудан ба муътадил гардонидани мизоҷ эҳтиёҷ биафтад, бо он дору равғане ҳамроҳ кунанд, ки ӯро ба иътидол оварад. Гоҳе хушкӣ андар гавҳари мағз нуқсони намоёне оварад ва онро барои пазируфтани дардҳо омода созад. Андар ин гуна ҳол бояд доруҳои андар бинӣ афканандаеро ба кор бурд, ки аз мағзи поккардаи устухони соқи гӯспанду ҷавонаҳо, равғанҳои мурғ, тиҳу, дурроҷ ва тазарв ва маскаи гову буз бигиранд. Яке аз чизҳои эшонро судманд ин аст, ки бояд сарро бо полудаи тунуке зимод кунанд, ки ба ҳасби ҳоҷат аз орди гандуму ҷав бо шакари сапед, равғани бодом ва ё каду сохтаанд. Ё ки полударо ба таври тунук бар тораки сар бирезанд ва пеш аз он бо ҳалқаи хамире тавқ бояд баст, то ки чизи бар сар рехташавандаро нигоҳ дорад.
Илоҷи сардарди омосӣ: Аммо ҳар як илоҷи синфҳои сардардеро, ки аз омосҳо падид оянд, мо андар боби алоҳидаи мақолаи баъди ин мақола оянда ёд хоҳем кард.
Илоҷи сардарде, ки аз судда бошад: Илоҷи сардарди суддавӣ ин аст, ки [хилтҳоро] бо доруҳои бароят маълум бипазонанд. Сипас истифроғ кунанд ва шабёрҳо ба кор бибаранд. Баъд бо ёрии пухтаковҳо, зимодҳо, бӯидани ҳо ва доруҳои ғарғарашаванда [суддаҳоро] ҳал кунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор