Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Андар мисли ин гуна ҳолат ту бояд ин ғизоҳои қабзкунандаро бо ёрии тарангубин, ширхишт ва ҳамаи он чи ки баробари нармӣ зудоиш меоваранд, муътадил бигардонӣ. Бояд ин ғизоҳо хубкимус бошанд, аз миқдори онҳо коҳиш дода шавад ва аз онҳо чандон пур нахӯранд. Агар пухтаковҳо ва доруҳои чарбӣ ба кор бибарӣ, аз миёни онҳо он доруҳоеро бояд ба кор бурд, ки сардиоваранда буда, чандон рутубатфизо набошанд, балки дорои як андоза пасгардонию гирандагӣ буванд. Масалан, оби анор, фишурдаҳои сарду гирандаи меваҳо, баргҳо ва бехҳо, луоби тухми аспғул бо сирко ва оби садпайванд [аз ҳамин қабиланд].
Илоҷи сардарде, ки аз моддаи сафровӣ падид ояд, чунин аст: Агар баробари он камтарин нишонаи ҳаракати хунро мушоҳада кунӣ, илоҷаш хунро андаке истифроғ намудан бувад. Дар акси ҳол аз истифроғ намудан бо ҳалила барин доруҳо оғоз бикун, ба шарте, ки таб набошад.
Агар таб бошад, бо доруҳои лағжонандае истифроғ соз, ки аз қабили ширхишт, шароби меваҳо ва обҳои печакҳо дорои дуруштӣ ва сахтии чандоне нестанд. Гоҳе бо ёрии шоҳтара ва ҳуқнаҳои нарм низ истифроғ оваранд. Агар моддаҳои сафровӣ ситабр бошанд ва ё (33) андар табақаҳои меъда чандоне андаромада бошанд, ки на бо қай партофта шаванд ва на бо доруҳои исҳоловарандаи лағжонанда билағжанд, эҳтиёҷ ба он биафтад, ки бояд бо ёраи фиқро ва якҷоя бо маҳмуда ба дастури ёдшуда истифроғ намуд ва ё ин [доруҳоро] қавитар гардонида, бар доруҳои лағжонанда биафзуд. Ё ин ки бо оби ҷӯшонидаи ҳалила, ба тавре ки андар Қарободин ҳамебинӣ, истифроғ бикун. Сипас мизоҷро бо доруе, ки тариоваранда ва сардифизост, бигардон. [Мизоҷи] танро бо ғизоҳо ва шаробҳо бигардонанд ва аммо [мизоҷи] сарро, агар сабаб танҳо андар худи он ҷой дошта бошад, бо муолаҷаҳои андар «Қонун» ёдшуда ва бо ҳар чизе, ки бад-он бадмизоҷии гарми хушкро муолаҷа кунанд, ба ҳасби сабабҳои ҳамагонии гармӣ ва [сабабҳои] ҳамагонии хушкӣ бигардонанд.
Аз ҷумлаи латухҳои (доруҳои олуданӣ) барои сардард судманд, ин қурсҳои заъфарон аст ва он аз бехобӣ низ суд дорад.
Нусхаи он: Аз заъфарон ҳафт мисқол, аз мурр ду мисқол, аз ғӯраоб, қалқадис ва самғ якуним мисқолӣ, аз замчи яманӣ ҳашт мисқол ва аз қалқатор панҷ мисқол гирифта, ин доруҳоро нарм орд кунанд ва бо шароби мозу сиришта, қурсҳо созанд. Ҳар гоҳ бад-он эҳтиёҷ биафтад, як донаи онро гирифта, бо сиркои омехта бо оби гул нарм кунанд ва бар ҳар ду гижгоҳӣ тило созанд. Аз барои [муолаҷаи] сардарди гарм ба ҳангоми табҳо ба кор бурдани андуданиҳои бухорҷалбкунанда нохуб аст. Ин гуна [сардардро] бисёр бар бинӣ кашидани сирко ва оби гул бартараф кунад.
Фасли ёздаҳум:
андар илоҷи сардарди сарде, ки бе модда аст ва ё бо моддаи балғамӣ ва ё савдовист

Ин гуна [сардардро] агар бо чизҳое гармибандӣ кунанд, ки аз қабили латтапораи гармкарда, говарси гармкарда ва намаки гармкарда билфеъл гармидиҳандаанд, судманд бувад. Говарс латифтару муътадилтар аст. Ҳамаи ин гуна беморон ва хусусан беморони сармозадае, ки баданҳояшон пок буда, бими ба ҳаракат омадани хилтҳоро надоранд, агар бо сари бараҳна зери партави офтоб то сиҳат ёфтан ва нест шудани сардард нишинанд, суд дорад. Шахси сармозадаро бояд ғизо кам дод, табиаташро, агарчи бо ҳуқна бошад ҳам, нарм кард, ӯро ҳаракатҳои баданӣ, нафсонӣ ва фикрӣ кардан нагузошт, аз ошомидании сард боз дошт ва аз баромадан ба [ҳавои] сард61 манъ кард. Ҳамаи касоне, ки ба сабаби сардӣ ба сардард гирифтор шудаанд, баъд аз пок кардан агар ба чарбҳо, доруҳои андар бинӣ афкандашаванда ва бар бинӣ мекашиданӣ, доруҳои бӯиданӣ, пухтаковҳо ва зимодҳои гармкардашудаи мазкур эҳтиёҷ биафтад, [истеъмоли ҳамаи онҳо] судманд хоҳад буд. Яке аз чизҳои барои эшон судманд ин ошомидани шароби райҳонии тунуки қавӣ бо тухмиҳост, яъне мисли тухми карафс, тухми розиёна, тухми газар, анисун, зира, тухми газари даштӣ, карафси кӯҳӣ ва монанди инҳоро дар назар дорам. Ин ҳангоме дуруст бошад, ки бими андар меъда ҳосил шудани хилтҳои қобили ба шӯроӣ набошад ва [низ] ҳангоме дуруст бошад, ки бемор таб надошта ва бими шиддат ёфтани он андар миён набошад. Ин [беморонро] зимоди хардал, ҳамаи зимодҳои сурхгардонанда ва хусусан зимодҳое, ки андар таркиби онҳо хардал ва софсиё бидароянд, судманд буванд.
Ҳамчун андуданӣ ба кор бурдани хокистар бо сирко санҷидашуда аст ва ба тариқи чарб кардан ба кор бурдани зардчӯба бо равғани бодоми талх низ чунин бувад. Ҳамаи инро баъд аз тарошидани сар ба кор баранд. Хӯрдани сир низ яке аз василаҳои бартараф кардани сардарди сард аст.
Аммо илоҷи сардарди сарди бо моддаи балғамӣ буда ин аст, ки агар хилт андар тан муштарак бошад, [ҳамаи] танро истифроғ кунанд. Сипас роҳи кам кардани ғизо [18] ва латиф сохтани онро пеш гиранд ва дегафзорҳоеро ба кор бибаранд, ки сардардоваранда нестанд. [Низ] доруҳои пазонандаи мазкур ва истифроғҳои маҳдудро кам-кам ба тадриҷ ба кор бибаранд. Сипас ба муолаҷаҳои дигаре бипардозанд, ки андар «Қонун» тавсиф ёфтаанд. Инчунин он чизеро, ки дардҳоро фурӯ нишонад ва ҳамаи он чизҳоеро, ки андар муолаҷаи сардардҳои сарду тар маъмул аст, ба кор бибаранд. Ҳафтае як бор истеъмол кардани тарёкҳо, ки аз ҷумлаи маъҷунҳост, судманд бувад.
Барои муолаҷаи сардарди сарди бо моддаи савдовӣ буда низ агар ба сабаби ғолиб ва ё табаҳ будани хун ба раг задан эҳтиёҷ афтад, ба ҳасби он чи ки андар «Қонун» гуфта шудааст, бояд раг заданро ба кор бурд ва баъд аз пазониданҳои муфассали [хилтҳо] истифроғҳоро аз рӯи дараҷаҳояшон истифода кард. Сипас ба гунаҳои ёдшуда бояд мизоҷро гардонид ва чизе истеъмол кард, ки хуни латифи сутуда ва тари тунук бизояд. Оид ба ин сухан ба ғоят гуфта шуд. Яке аз чизҳое, ки аз ин гуна [сардард] сахт судманд аст, ҳабби қаранфул бувад. (34) Андар ин ҷой низ он чизеро тавсия кунем, ки Аркоғонис андар боби раг задан аз миёни ду шона ёд кардааст ва мо онро оварда будем.
Сифати андуданиҳое, ки аз барои сардарди сард судманданд: Бояд нахуст аз тарошидани сар оғоз кард, сипас як62 мисқол уфурбиюн, як мисқол бура, ду мисқол судоби даштӣ, як мисқол тухми испанд ва ду мисқол хардалро гирифта орд кард ва бо оби марзангӯш сиришта, бар сар андуд.

пешина
аз 1215
навбатӣ