Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Агар ин гуна сардард шиддат ёбад ва андар кӯдакон ба ҷое бирасад, ки дарзҳои [сарашон] бикананд, андар илоҷи он бехҳои нарм совида ва бо равғани гул ва сирко сириштаро сутудаанд, ки онҳоро ба тариқи андуданӣ баъд аз шустани сар бо намакоб ба кор бибаранд. Агар доруҳои ҳалкунандаи қавии андар бинӣ кашиданиро ба кор бибарӣ, онҳоро ҳамон тавре ки андар «Қонун»58 гуфта омадааст, ба тадриҷ ба кор бибар. Ту бояд ба зинҳор ҳар қадар ки битавонӣ, доруҳои карахткунандаро ба кор набарӣ, лекин мо чанд ҷиҳати онҳоро андар боби доруҳое, ки сардардро аз тариқи карахтӣ овардан ором кунанд, ёд хоҳем кард.
Бидон, ки қай аз ҷумлаи муолаҷаҳои сардард нест ва он худованди сардардро сахт зиён дорад, вале агар сардард ба сабаби меъда ва анбозии он бархоста бошад, қай онро суд дорад. Сардарде, ки андар бахши пасини сар падид ояд ва агар аз таб набошад, илоҷаш ин аст, ки нахуст ба андозаи қувват бо матбух истифроғ кунанд ва сипас раг бизананд. Ҳар кӣ чун дарёбад, ки сардард андар сараш ҳамегардад ва сардӣ онро фурӯ нишонад, эҳтимол аз раг задан ва ё ҳиҷомат кардан ӯро чора нест, то ки давом кардани дард боиси кашидани фазлаҳо ба сӯи сар нагардад.
Фасли даҳум андар илоҷи сардарди гарме, ки мисли сӯхтан андар офтоб ва бидуни модда аст ва [сардарде, ки] бо моддаи сафровӣ ва ё хунист

Ғараз андар муолаҷаи ин гуна сардард сардӣ овардан бувад. Нав оғозёфтаи онро ҳеҷ чиз аз равғани гули холис ва сардгардонидае судмандтар нест, ки бар сар бирезанд. Беҳтар он аст, ки гирди тораки сар ба таври ёдшуда девор карда шавад ва чунонки донистӣ, воҷиб нест, ки ба [муолаҷаи] бахши пасини мағз пардохта шавад. Агар равғани гул ба танҳоӣ суд набахшад, бо он фишурдаҳои тараҳо ва синфҳои растаниҳои сардро биомез. Яке аз корҳое, ки аз он судмандтар қариб ҳеҷ чизе нест, ин аст, ки бемор андар бинӣ шир, равғани [17] бунафша ва ё равғани гулеро баркашад, ки ҳар дуро андар барф сард гардонида бошанд. Дуруст аст, ки равғани гулро бо сирко биомезанд, зеро сирко ба шарти андар «Қонун» ёдшуда59 барои гузаштани [дору] ёрӣ диҳад. Гоҳе ошомидани сиркое, ки бо оби зиёд омехта бошанд, суди зиёд бахшад.
Аз ин ҷумла он сардарде, ки аз сӯхтагии офтоб падид ояд, низ илоҷи он худи ҳамин илоҷ буда, вале ба изофаи он ба муътадил сохтани ҳаво ва сард намудани он аҳамияти бештаре бидиҳанд, [беморро] ба ҷойгоҳҳои сард бибаранд, зимодҳо, пухтаковҳо ва чарбҳое ба кор бибаранд, ки ҳамаи онҳо ба табъ сард буда, бо барф сардгардонида буванд. Инчунин доруҳои андар бинӣ кашиданӣ, доруҳои чакониданӣ ва доруҳои бӯиданӣ [ба кор баранд]. Ҳамаи инҳоро ту худ медонӣ. Ҳангоми ин гуна [сардард] ва дигар [сардардҳо низ] аз ҳар чизе аз қабили дод задан, (32) бисёр андешидан, ҷимоъ кардан ва гурусна мондан, ки боиси ҳаракат ҳамегардад, бояд дурӣ ҷуст.
Он сардарде, ки аз офтобсӯхтагист, агар ба оғоз [муолаҷа] карда шавад, тағйир ёфтанаш осон аст, вале агар зуд

эътибор дода нашавад ва [муолаҷааш] ба таъхир гузошта шавад, аз эҳтимол дур нест, ки муолаҷаи он номумкин ва ё душвор бигардад ва онро устувории (шаъни) бештаре падид ояд. Бисёр вақт сардард аз офтоб на аз он ҷиҳат падид ояд, ки офтоб фақат ҳаметафсонад, балки аз он ҷиҳат падид ояд, ки он бухорҳоро ба шӯр ва хилтҳои оромро ба ҷунбиш оварад. Ба ҳангоми ин гуна сардард аз истифроғҳое чора нест, ки бояд ба ҷиҳатҳои ёдшуда [ба амал оварда шаванд]. Гоҳе ба ҳангомӣ [сардарде] низ ба истифроғ эҳтиёҷ афтад, ки андар он на бухорҳо ба шӯр омадаанду на хилтҳо ба ҷунбиш. Ин ҳангоме бошад, ки пурӣ ҳис карда шавад ва ҳамон тавре ки аз аслҳо донистӣ, бими ба сӯи ҷойгоҳи дард кашида шудани модда андар миён бувад.
Андар ин ҳол агар аз кори истифроғ намудани хилти ғолиб ғофил бимонанд, аз зуд расидани осеб амон нахоҳад буд. Агар сар ба ҳангоми сардардҳои гуногуни гарм сахт битафсад ва берун аз андоза гарм шавад, писти ҷав ва тухми аспғулро гирифта, ҳар дуро бо оби садпайванд сиришта сард созанд ва бар сар зимод кунанд.
Аммо ба ҳангоми сардарде, ки аз моддаи гарми хунӣ падид омадааст, бояд ба раг задан шитофта, ба ҳасби ҳоҷат ва таҳаммули қувват хунро бирехт. Агар аз рагҳои банди даст хун гирифтан кифоят накунад, аз он мурод ҳосил нашавад ва дард ба ҳоли худ боқӣ монда, рагҳо ба ҷумлагӣ дамида бошанд, андар сар, рӯй ва чашм пурӣ ба таври возеҳ дида шавад, андар ин ҳол боистӣ рагҳоеро боз кард, ки задани онҳо боиси истифроғи худи мағз бигардад, масалан, боз кардани рагҳое, ки андар ду паҳлуи бинист ва боз кардани раги пешонӣ, ки бисёре аз дардҳои сарро бартараф кунад, [аз ҳамин қабиланд]. Андар ин кор бояд аз кадом сӯй будани дард ба эътибор гирифта шавад. Агар дард аз сӯи бахши пасин бошад, рагеро боз кунанд, ки аз сӯи пеш чойгир аст ва агар дард аз сӯи дигар бошад, рагеро боз кунанд, ки аз сӯи муқобили [дард] ҷойгир аст. Агар аз сӯи муқобил раг нопайдо бошад, ба ҷои раг задан ҳиҷомат кунанд. Аркоғонис гуфтааст: «Агар ин кифоят накунад, пас, боистӣ аз миёни шонаҳо ҳиҷомат намуда, хуни бисёре гирифта шавад. Баъд ҷойгоҳи ҳиҷоматро бо намаки суда пок карда, онро бо пашминаи андар равғани зайтун оғушта бипӯшанд ва сипас рӯзи дигар бад-он ҷой доруи хосси ҷароҳатро60 ниҳанд». На фақат ба ҳангоми ин сардард чунин кунанд, балки ба ҳангоми ҳамаи навъҳои сардарди дерина, ки аз сабаби моддаи палид (чи гуна моддае, ки бошад, фарқ надорад) падид омадааст, низ бояд чунин кард. Бисёр бошад, ки ба ҳангоми ин гуна сардард ва он чи ки ба ин монанд аст, боз кардани раги софин ва ҳиҷомат намудани соқ суд бахшанд. Ин буд муолаҷаи эшон аз ҷиҳати раг задан.
Агар ба ҳис дарёфта шавад, ки чизе аз моддаи сафровӣ вуҷуд дорад, истифроғ намудан бо ёрии доруҳои табиатро нармкунанда ва моддаро лағжонанда, ки мо онҳоро андар боби сардарди сафровӣ ёд хоҳем кард, боке надорад. Умуман, бояд нарм сохтани табиат бо нишуво, олуво ва насквои бо маҷ, яъне мош, аз ғайри истеъмоли ҷисми онҳо давом дода шавад. Каси [аз сардард] шикоятдошта бояд ғизоҳои сардиоварандае бихӯрад, ки хуни сард бизоянд ва каме моил ба хушкӣ, ситабрӣ ва гирандагӣ бошанд, масалан, бояд тутумво, норво ва насквои ҳам роҳ бо сирко ва инчунин тафшила [бихӯрад], вале бояд аз хушкии табиат эҳтиёт шуд, зеро муолаҷаи бемориҳои сар бисёр вақт ба нармии табиат ниёзманд аст.

пешина
аз 1215
навбатӣ