Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Сардарде, ки дардҳои андар андомҳои дигар падидомада бад-он анбозӣ доранд, баробари авҷ гирифтан ва шиддат ёфтани он дардҳо падид ояд. Сардарде, ки ҳамроҳи табҳо ва буҳронҳо бархезад, ҳамроҳи онҳо ба амал омада, бо хомӯш шудан ва суст гардидани онҳо ин ҳам хомӯш шуда, суст бигардад. Гоҳе бар чунин сардард сафедии пешоб ва шиддати таб гувоҳӣ диҳанд, аз баҳри он ки хилтҳои заҳравӣ ба барсӯ гароида бошанд. Бисёр бошад, ки чизҳои латифиоваранда, агарчи тез набошанд ҳам, ба иллати роҳҳои бухорҳоро ба сӯи мағз кушоданашон сабабгори сардард бигарданд, масалан, сикангубин ҳамин тавр аст. Ҳоли дарди нимсара ҳамин гуна бувад. Касеро, ки сардардаш ба сабаби заҳра бо чизҳои ситабр муолаҷа карданро тақозо кунад, муолаҷаи латиф ӯро зиён хоҳад расонд.
Гоҳе сардард худ ба худ ба иллати шиддат ёфтани дард афзоиш ёбад ва шиддатёбии дардаш ӯро зиёдтар созад.
[Ҳамаи инро бидон].57 Фасли ҳаштум андар баёни нишонаҳое, ки ба ҳангоми бемориҳо аз сардард огоҳӣ диҳанд

Пешоби шабеҳ ба пешоби харон далели он аст, ки сардард будаасту ҳал шудааст, ё ҳоло ба ҷой аст ва ё падид хоҳад омад. Ҳамчунин, сафедии пешоб ва тунукии он ба ҳангоми табҳо ва замонҳои буҳрон далолат бад-он кунад, ки моддаҳо ба сӯи сар гузаштаанд ва ин ҳол аз ҷумлаи чизҳоест, ки ногузир сардард оваранд.
Фасли нуҳум андар тадбири ҳамагонии сардард

Худ ҳамедонӣ, ки сардард аз ҷиҳати воҷиб будани қатъи
сабабаш ва бо чизи зидд бад-он муқобилият нишон додан, пайгири дигар иллатҳост. Баъди он яке аз корҳои судманд андар бартараф кардани сардард ин кам хӯрдану
ошомидан ва хусусан кам [ошомидани] шароб ва зиёд
хоб рафтан аст, вале ба ифрот кам хӯрдан ҳангоми сардарди гарм чунон зиёнвар аст, ки зиёд хӯрдан ба ҳангоми сардарди дерина зиёнвар бувад. Барои сардард ҳеҷ
чиз мисли оромӣ ва тарк кардани ҳама гуна чизҳое, ки мисли ҷимоъ, андеша ва ғайра боиси ҳаракат мегарданд, [судмандтар] нест. Ҳангоми муолаҷаи сардардҳои моддӣ бояд
кӯшид, ки агарчи бо ҳуқнаҳои гарм ҳам бошад, моддаҳо
ба фурӯсӯ кашида шаванд. [Ҳуқнаҳо] бояд қавӣ бошанд,
то аз ноҳияҳои ҷигар ва меъда [моддаҳоро] кашидан битавонанд. Яке аз чизҳои қавӣ андар кашидани моддаи
сардард ба фурӯсӯ ва саломат ёфтан аз сардард молидани пойҳост, зеро бисёр бошад, ки шахси ба сардард гирифтор бар асари он бихобад. Гоҳе молидани пойро пайваста то ҳангоме давом диҳанд, ки сардард бимонад. Агар
бихоҳӣ, ки андуданиҳо ва зимодҳо ба кор бибарӣ ва иллат қавии дерина буда, хоҳ гарм бошад, хоҳ сард, бояд сарро тарошид, зеро ин кор барои гузаштани қувваи дору
андар сар бештар ёрӣ диҳад. Яке аз роҳҳое, ки барои ин
кор кумак бирасонад, ин аст, ки тораки сарро ё бо хамир
ва ё бо пашмина гирдабандӣ кунанд, то он чизҳои тунуке, ки бар сар рехта мешаванд, аз шорида рафтан боз дошта шаванд, онҳоро мағз ба худ бикашад ва қувваи онҳо

зуд ба ҳаво наравад.
Филағриюс гуфтааст, ки агар касе бихоҳад, ки сардардаш биравад ва дубора барнагардад, барои ӯ аз пешонӣ раг задан, бар бахши фурӯсӯвин миҳҷама ниҳодан, дасту пойро молиш додан ва онҳоро андар оби гарм гирифтан, андаке пиёда рафтан ва тарки ғизоҳои дамишоваранда, бодангез ва дергувор намудан сахт суд дорад. Ман бигӯям: Бисёр бошад, ки мо оби гарм бар дасту пои каси ба сардард гирифтор бирезем ва ин корро ҳамчунин давом диҳем, то чунин ҳис карда шавад, ки сардард аз сар ба сӯи дасту пой фуруд меояд ва бо ҳамин ҳал шуда биравад.
Бидон, ки ғизоҳои туруш касони ба сардард гирифторро созгор нестанд, магар ин ки сардард ба анбозии меъда бувад ва чунин ғизоҳо аз ҷинси чизҳое бошанд, ки даҳони меъдаро дибоғат бидиҳанд, онро қавӣ гардонанд ва заҳраро ба сӯи он рехтан нагузоранд. Агар сардарди деринаро ягон дарде аз дардҳо ҳамроҳӣ кунад, ки оризӣ ва озордиҳанда бувад, ҳангоми муолаҷа кардан қасди он низ бикун, зеро шояд ин [дарди] оризӣ сабаби афзоиши асле бигардад, (31) ки чизи оризӣ онро ориз шудааст. Масалан, агар ба сабаби сардард бедорхобӣ ориз шавад ва сипас шиддат ёбад, ин яке аз сабабҳои афзудани сардард хоҳад гардид ва бинобар он лозим аст, ки [ин сардард] аз байн бурда шавад. Барои [бартараф кардани] чизи мисол овардаамон лозим аст, ки равғани каду, равғани бед, равғани нилуфар, инчунин ширҳои мухталифи бо кофур хушбӯй кардашуда ва дигар чизҳоро ба кор бибарӣ. Гоҳе ба ҳангоми ҳолати мисол оварда эҳтиёҷ бад-он биафтад, ки [беморро] андаке карахтӣ оварда бихобонӣ. Ҳар сардарде, ки ҳамроҳаш назла бошад, бо равғанҳо ва монанди онҳо сард гардондану тарӣ овардани сарро пеш нагир, балки рӯ ба истифроғ овар, дасту пойро бибанд, онҳоро молиш деҳ ва андар оби гарм бигир.
Агар бар сар доруе мондан бихоҳӣ, ки қуввааш ба андаруни сар биравад, чунонки донистӣ, ба ғайр аз ноҳияи пешгоҳи сар – он ҷое, ки маҳалли дарзи чамбарист ва ба ғайри тораки сар [ба дигар ҷой ниҳодани дору] хоҷат нест, зеро андар ин ду ҷой чизи нуфузкунанда мумкин аст, ки бигузарад. Бахши пасини мағзро устухоне пӯшидааст, ки аз он [ду маҳалл] сахттар аст ва он чи ки гузаштанаш ба сӯи мағз мавриди ниёз аст, аз он ҷой гузаштан натавонад. Агар андар он ҷой дору ба таври қавӣ гузошта шавад ҳам, судаш на беш аз он суде бошад, ки ҳангоми ниҳодани дору танҳо бар ноҳияи пешгоҳ ва тораки сар гирифта шавад ва ба изофаи он агар дору сардиоваранда бошад, саргаҳҳои асаб ва буни ҳароммағзро зиён бирасонад. [Бинобар ин аз ин кор] бениёзист.
Сардарди дилзананда гоҳе бо омосҳои гарму сард ҳамроҳ бошад. Ин сардардест, ки гӯӣ дил мезанад. Агар сабаби он гарм бошад, доруҳои сардиоварандаеро ба кор бибар, ки андар онҳо нармӣ ҷой дошта бошад. Инчунин миҳҷама гузоштан ба мағокии паси сар, девча ниҳодан бар ҳар ду гижгоҳӣ ва бастани дасту пойро ба кор бибар.
Агар [сабаби он] сард бошад, рӯ ба доруе овар, ки парокандакунандаи [модда] бошад ва бо он инчунин як миқдор чизи қавикунанда ва сардибахшанда биафзой, масалан, бо равғани гул судоб ва ё пудинаи бӯстонӣ биомез.

пешина
аз 1215
навбатӣ