Қонуни тиб

Бар [моддаи] сард сардӣ, доманадорӣ ва ранг гувоҳӣ диҳанд. Агар пурии модда аз сабаби бадгуворидагӣ бошад, беиштиҳоӣ ва ланҷӣ аз он гувоҳӣ диҳанд. Бар моддаҳои тар, хоҳ сард бошанд, хоҳ гарм, гоҳе хоболудӣ далолат кунад. Моддаҳои балғамӣ ва савдовӣ чандон дардовар нестанд. Ҳангоми моддаҳои хушк гаронӣ камтару бедорхобӣ бештар бувад. Моддаҳои сард аз афрӯхтагӣ овардан холиянд ва ҳамроҳи онҳо андешаҳои фосид бештар ба амал оянд ва ранг тира бигардад. Бисёр вақт бар (29) ҳар гуна хилте, ки набошад, аз тариқи ранги рӯй ва чашм огоҳӣ пайдо кунанд, вале ин андар баъзе ҳолатҳо рост наояд. Сабаби он чунин аст: ё хилти афрӯхташаванда ба сӯи умқ баргаштааст ва ё андар он ҷой банд гардидааст ва ё ин ки моддаҳои гарме, ки ғайри моддаҳои дардоварандаи сарданд, ба сабаби дард ба ноҳияи чашмону рӯй кашида шуда бошанд. Чунки ҳар гоҳ дард андар ягон андоме ҷойгир шавад, [хилтҳоро] ба сӯи он андом ва ҳамсоягони он бикашад. Андар ин гуна ҳолат ба сӯи андом бештар хун ва гоҳ-гоҳе ғайри хун кашида бигардад.
Сардарде, ки аз бодҳо ба амал ояд, ҳамроҳи он гаронӣ камтару азҳамкашидагӣ зиёд бувад. Гоҳе ҳамроҳи он сихзанӣ ва гоҳе чизе чун [эҳсоси] хӯрда шудан ҷой хоҳад дошт. Ба ҳангоми сардарди бодӣ гаронӣ ба амал намеояд. Гоҳе бар сардарди бодию бухорӣ бонг задан ва садо додани [гӯшҳо] далолат кунанд, гоҳе ба ҳангоми он рагҳои гардан сахт бидаманд ва бисёр бошад, ки ҳамроҳи [чунин сардард] интиқолёбӣ ҷой дошта бошад, яъне дард аз ҷое ба ҷое биравад. Ҳар гоҳ бухор биафзояд, ҷаҳидани шараёнҳо сахттар бигардад, хаёлҳои фосиде ба сар оянд ва садар ва гижа ёри ин [сардард] буванд.
Нишонаҳои сардарде, ки аз мизоҷҳои сода падид ояд, чунинанд, ки ба изофаи набудани гаронӣ ва ҷой доштани хушкии бинӣ [вуҷуд доштани] он мизоҷҳо ҳис карда шавад. Дар ҳақиқат хушкии бинӣ далели муносиби ин [сардард] аст. Аммо мизоҷи гармро худи бемор ҳис кунад ва шахси сари ӯро ламскунанда гармӣ ва афрӯхтагӣ эҳсос хоҳад кард. Андар ин миён сурхии чашм ҷой дошта бошад ва бемор аз чизҳои сардиоваранда ва аз сардӣ суд бибарад. Аммо ба ҳангоми [мизоҷи] сард ҳол бар хилофи он буда, андар симои беморон на харобии лоғарон дида шавад ва на рангсурхӣ ва дард, ҳарчанд доманадор бошад ҳам, вале берун аз андоза набувад. Далели [мизоҷи] хушк ин аст, ки пеш аз он истифроғҳо, ё варзишҳо, ё бедорхобии зиёд, ё ҷимоъи зиёд ва ё андӯҳҳо ба амал омада бошанд ва хосияташ он бувад, ки баробари такрор ёфтани баъзе аз ин корҳо рӯ ба афзоиш ниҳад.
Сардардҳои ба анбозӣ ба ҳасби он дарде пайдову нест ва қавию суст бишаванд, ки андар андоми анбоз падидомада нест шавад ва шиддату сустӣ ёбад. Агар [сардард] ба анбозӣ набошад, ҳамаи дигар феълҳои мағзро осебе чун торикии чашм, хоболудагӣ ва гаронии доимӣ вуҷуд хоҳад дошт, вале ҳоли дигар андомҳо хуб бувад. Агар осеб андар худи пардаҳои мағз ҷойдошта қавӣ бошад,
далели ин ба буни чашмон гузаштани дард хоҳад буд.
Агар осеб андар пардаи берунӣ ва ё андар мавзеи дигаре бувад, дард то буни чашмон наояд ва пӯсти сар аз ламс кардан ба дард ояд.
Далели дарде, ки ба анбозии меъда аст, ба изофаи мавҷуд будани далели собиқ вуҷуд доштани тоса, маниши гаштан, ё камиштиҳоӣ ва ё набудани он, ё бадии гувориш, ё камӣ ва ё набудани он бувад. Агар сабаби [сардард] ба сӯи меъда рехтани талха бошад, ҳангоми тиҳӣ будани шикам ва ношито хобидан [чунин сардард] шиддат ёбад. Гоҳе сардард ба сабабе вобаста бошад, ки андар мағз ҷой дорад ва муҷиби андар меъда падид омадани ин гуна ҳолатҳову осебҳо бигардад, ки ин ба тариқи анбозии меъда бо мағз бувад, на ба тариқи он, ки нахуст аз меъда падид ояду сипас мағз бад-он анбозӣ кунад. Бинобар ин, андар ин гуна ҳолатҳо бояд собит буд, ҳолати ҳар як аз ин ду андомро ба алоҳидагӣ шинохт ва пеш гирифторшударо аз баъд гирифторшуда ба ҳадс дарёфт.
Аз ҷумлаи далелҳое, ки хусусан аз будани [сабаби сардард] андар меъда гувоҳӣ диҳанд, ба ҳангоми гувориш ва ғайри гувориш ва ба ҳангоми шикам тиҳӣ будану пур будан ҳол дигаргун бигардад. Агар дарди меъда аз сафро бошад, ҳангоми тиҳигии шикам шиддат ёбад ва агар аз хилти сард бошад, ба ҳангоми тиҳӣ будан суст буда, аз гуруснагӣ хомӯш шавад. Гоҳе аз гуруснагӣ бухор ба амал омада, боиси дард бигардад, лекин аксар вақт андар ин гуна ҳол ғизо хурдан дардро тамоман ором нахоҳад кард. Вале гоҳе ба нудрат дардро ором кунад, лекин ин ду ҳол бо афрӯхтагӣ, сӯзиш [16] ва оруғ аз ҳам фарқ кунанд. Далелҳои оруғро ба ҷои хеш хоҳӣ донист.
Инчунин ин ду ҳолат бо дигар нишонаҳое аз ҳам фарқ кунанд, ки андар боби меъда ёд хоҳанд шуд. Бар [анбозии меъда] мумкин аст он чизе далолат кунад, ки бо қай берун ояд. Инчунин ба ҳасби гуногунии ҳоли чизҳои ба меъда воридшаванда гуногун будани ҳоли сардард низ аз он гувоҳӣ диҳад. Бисёр касонро заҳра ба сӯи меъда ба таври даврӣ бирезад. Бинобар он ҳар гоҳ сардард авҷ гирад ва агар эшон чизе бихӯранд, дард фурӯ нишинад, пас ин далели он бошад, ки [чунин сардард] ба анбозии меъда будааст. Ҳамчунин ҳар гоҳ зарда партоянд, дард фурӯ монад ва ин низ ҳамон гуна далолат кунад. Бисёр бошад, ки ҷиҳати дард бар [анбозӣ] огоҳӣ диҳад, зеро аксари дарде, ки ба анбозии меъда бувад, андар бахши пешгоҳи тораки сар падид ояд ва гоҳе майл ба миёнҷои тораки сар дошта, сипас мумкин аст, ки [ба сӯи пешгоҳ] фуруд ояд. Дарде, ки аз ҷигар бошад, (30) майл ба сӯи рост дорад, дарде, ки аз испурч бархоста бошад, майл ба сӯи чап дорад, дарде, ки ба сабаби мароқ бувад, ба сӯи пеш сахт бигарояд ва дарде, ки ба сабаби заҳдон аст, андар миёнҷои тораки сар падид ояд ва ин аксар баъд аз таваллуд кардан, ё бача партофтан, ё банд шудани хуни ҳайз ва ё кам омадани он ба амал ояд.
Оид ба нишонаи он сардарде, ки ба гуфтаи [ҳиндуҳо] аз кирм бархезад, [пизишки] ҳиндӣ гуфтааст: «Нишонаи сардарди аз кирм падидоянда ин аст, ки хӯрдашавии сахт ва бӯи даҳон ҷой дошта бошад ва сардард баробари ҳаракат шиддат ёбад ва баробари оромӣ фурӯ нишинад».
Сардарде, ки аз гурда ва андомҳои устухони пушт бархезад, ба сӯи пас сахт бигарояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор