Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Бодҳову бухорҳо гоҳе андар тан ва андар худи мағз падид оянд ва гоҳе мумкин аст аз берун ба андарун кашида шаванд ва ё аз сӯи масомҳо андар омада, сипас андар мағз банд бигарданд ва саранҷом сардард ба амал оваранд. Аз ин қабил сардард сардарди бадбӯӣ ва сардарди хушбӯист. Бидон, ки бодҳои балғамӣ ва бухорҳои балғамӣ гарон ва сустҳаракати ҳабсшавандаанд, вале [бодҳову бухорҳои] савдовӣ ваҳшатангези54 устувор буда, миқдоран камтару сифатан бадтаранд. Хилтҳои гарм55 бодангез нестанд, балки бухорҳоро биангезанд. Бухорҳои хунӣ ширин буда, бо кайфияти худ аз ҳамаи бухорҳо дида камзиёнтаранд, балки бештари зиёни онҳо ба камият бувад.
[Бодҳову бухорҳои] сафровӣ тези фурӯзандаанд. Ҳамаи он чиро, ки гуфтем, бидон.
Фасли шашум андар баёни синфҳои сардарде, ки ба анбозӣ падид ояд

Бархе аз сардарде, ки ба анбозист, ба анбозии мутлақ ва бархе ба анбозии ғайримутлақ бувад. Анбозии мутлақ он бошад, ки аз андоми анбоз ба ноҳияи мағз ба ҷуз худи озор дигар ягон чизи ҷисмоние, албатта, гузар нахоҳад кард. Анбозии ғайримутлақ он аст, ки аз он андом ба сӯи гавҳари мағз моддаи хилтӣ ва ё бухорие бигузарад.
Намудҳои он сардарде, ки ба ҳангоми ташаннуҷ, кузоз, тамаддуд, кушодагии муҳра ва дардҳои пайвандгоҳҳо падид ояд ва он сардарде, ки ба ҳангоми ниқрису [15] қавини шадид ба амал ояд, аз ҷумлаи бахши якуманд. Гоҳе аз миёни кайфиятҳои анбоз кайфияти содае аз кайфиятҳои табиӣ ва ё кайфияти бегонаи баде [ба сӯи мағз] бигузарад, ки на ба гармӣ нисбат дорад ва на ба сардӣ. Масалан, кайфиятҳои заҳрӣ ҳамин гунаанд, зеро бисёр бошад, ки бархе андомҳоро хилти заҳрии бадгавҳаре падид ояд ва сипас кайфияти он [ба мағз] бигузарад. Гоҳе мумкин аст он моддаҳое, ки гузар кардаанд, андар тибои хеш моддаҳои ғайрибегона бошанд, (28) вале бо шиддат ёфтани кайфиятҳои хеш ва ё афзудани камиятҳои хеш дард биоваранд. Бисёр бошад, ки андар [моддаи ба сӯи мағз] гузаранда моддаи бегонае бувад, ки андар баъзе андомҳо ҳамчун бегона, фосид ва заҳрнок тавлид гардидааст, чунончи ҳангоми ихтиноқи заҳдон касеро, ки дер боз ҷимоъ надидааст ва ё касеро, ки андар мароқи ӯ ва ё андар баъзе аз дасту пои ӯ хилти бад падид омадааст, чунин бувад.
Гоҳе кайфияти дардангезандаи [ба сӯи мағз] гузаранда мумкин аст сабабгори ҳосил шудани моддаи дардангезанда низ бигардад ва ин бар ду рӯй бувад: якум ин ки ин кайфият андар ноҳияҳои мағз ҳар чи аз моддаҳои хуб ва ё ҳар чи аз ғизои хуби бад-он сӯй гузарандаро дарёфт, табаҳ кунад; дуввум ин ки мағзро қобили пазирандагии моддаҳои бад бигардонад, ки ин пазироӣ бар ду рӯй бувад: яке аз онҳо ин аст, ки пазироӣ ба сабаби кашидани [мағз] бувад, масалан, мағз аз он гарм бигардад ва ба ёрии гармӣ моддаҳо ба сӯи мағз кашида шаванд; ва дуввум ин ки пазироӣ аз сабаби сустии муқовамат бувад ва ту зимни аслҳо донистӣ, ки андом чун нотавон бигардад, ҳарчи аз моддаҳо ба сӯяш биравад, онро бипазирад.
Анбозие, ки ба тамоми тан аст, ё ба сабаби моддаи андар тамоми тан паҳн гардидааст ва сардарди буҳронӣ

аз ин қабил бувад ва ё ба сабаби кайфиятест, ки ба саросари тан паҳн гардидааст, чунончи ҳангоми табҳо чунин бувад. Агар ҳангоми табҳои тез сардард шиддат ёбад, ин шиддатёбии ӯ нишонаи бад аст, балки агар дигар нишонаҳои бад қарини ӯ бигарданд, марговар хоҳад буд.
Агар ин [нишона] танҳо бошад, бар буҳроне далолат кунад, ки бо хуни бинӣ бианҷомад ва гоҳе мумкин аст бар буҳроне гувоҳӣ диҳад, ки бо қай анҷом пазирад. Авлотарин ва нахустини андомҳои бо сар анбозӣ дошта меъда аст. Чунки гоҳе андар меъда хилтҳои зиёдатӣ ҷамъ ва ё зода шаванд, ё заҳра ба сӯи меъда ба таври даврӣ ва ё ғайридаврӣ бирезад (офариниши заҳрадон ба гунаест, ки чунонки андар боби он мо шарҳ додаем, заҳра аз зарфи ситабри хеш ба сӯи меъда бирезад, на аз зарфи тунук), ё андар меъда бодҳо банд бигарданд ва ё аз он бухорҳо бархезанд, ки саранҷом аз [ҳамаи] ин сардард ба амал ояд. Хумор бидуни бухорангезӣ сардард оварад ва чунин [шахсро] ба сабаби ковок будани андомҳои атрофӣ зуд сардӣ фаро бигирад.
Заҳдон яке аз он андомҳоест, ки мағз бо он ба таври қавӣ анбозӣ кунад. Мароқ, ҷигар, испурч, ҳиҷоб, гурда, ҳамаи [андомҳои] атроф ва ноҳияи миён низ чунин буванд. Нахустин чизе, ки бо мағз анбозӣ кунад, он бахш аз пардаест, ки косаи сарро печидааст. Аксар вақт сардарди ба анбозӣ буда ҳангоме ба амал ояд, ки модда чун ба ҳаракат ояд, аз омосҳои андомҳои андарунии анбоз ба барсӯ бигузарад.
Фасли ҳафтум гуфтори ҳамагонӣ андар баёни нишонаҳое, ки бар намудҳо ва бахшҳои сардард далолат кунанд

Бар сардарде, ки аз сабабҳои беруна, масалан, аз кӯфтхӯрдагӣ, ё афтидан, ё ба чизҳои гарм ва ё сард дучор омадан, ё бодҳои самуми хушккунанда, ё бодҳои ниҳоят хушбӯй ва ё бадбӯй ва ё банд гардидани бодҳо андар бинию гӯш падид ҳамеояд, вуҷуди худи ин [сабабҳо] далолат кунанд. Агар онҳо ноаён бошанд, бояд ба осори онҳо муроҷаат карда, ба наҳве аз онҳо огоҳӣ ҷуст, ки мо баён хоҳем кард. Он сардарде, ки аз нотавонии мағз падид ояд, бо андак сабабе ба ҳаяҷон омадани [мағз] бад-он далолат кунад ва изофа ба он тирагии ҳавос ва осебнокии феълҳои мағз ҷой хоҳанд дошт. Далели он [сардарде], ки аз нерӯмандии ҳисси мағз падид ояд, низ чунин аст, ки аз камтарин сабаби андар мағз ҳисшаванда, аз қабили садоҳо, бӯйҳо ва ғайра, кас зуд мутаассир бигардад, лекин ҳис тез, гузаргоҳҳо покиза ва феълҳои мағз беосеб хоҳанд буд.
Аммо ҳамаи сардардҳое, ки аз сабабҳои моддӣ ба амал оянд, аз ҷиҳати гаронии мавҷуда ва рутубати бинӣ ба ҳам анбозӣ доранд. Агар модда гарм56 ва хусусан агар аз ҷумлаи моддаҳои ситабр бошад, ба изофаи гаронӣ сурхию тафс низ ҷой хоҳанд дошт ва гоҳе дарди дилзананда бо он ҳамроҳӣ кунад. Аммо [андар баёни] тарии бинӣ [бояд гуфт], ки ҳар гоҳ моддаҳо ситабр бошанд, тарии бинӣ камтар бувад, вале хушкии бинӣ ҳангоми ин гуна сардард агар ҳамроҳ бо гаронӣ бошад, далолат бар адами моддаҳо нахоҳад кард. [Моддаи] сафровӣ бо газандагӣ, сӯзиши сахт ва сих задан фарқ бикунад ва ин сифатҳо андар он аз дигар [моддаҳо] дида қавитаранд ва изофа ба он хушкии бинӣ, ташнагӣ, бедорхобӣ ва зардии ранг [низ] ҷой хоҳанд дошт, вале гаронӣ андар он камтар бувад.

пешина
аз 1215
навбатӣ