Қонуни тиб

Ё ҳаракати сахт ва ё ғаму андӯҳи беандоза [низ сабабгори он бигарданд]52.
Фасли севвум андар тафсили намудҳои сардарде, ки аз гусастани пайвастагӣ ба амал ояд
Гусастани пайвастагӣ гоҳе андар пардаҳои мағз, гоҳе андар рагҳо падид омада, онҳо бикафанд. Ин, чунонки медонӣ, гоҳе аз сабаби оғоз ёфтани ҳаракати бухорҳову бодҳо ва ё аз сабаби судда, гоҳе аз сабаби хилти хӯранда ва гоҳе ба сабаби аз берун кӯфт хӯрдан, ё афтидан ва ё бурида шудан ба амал ояд. Оне, ки аз дарун аст, гоҳе фароҳам наояд ва реш боқӣ монда, сарро озор бидиҳад ва сардард давом кунад. Кӯфт хӯрдан ва афтидан гоҳе камосеб буда, муолаҷа шаванд ва гоҳе ба дараҷае бирасанд, ки ба сабаби онҳо мағз биҷунбад ва одам ҳалок шавад. Баъзе пизишкони Ҳинд чунин ёд кардаанд, ки мумкин аст сабаби сардард кирме бошад, ки андар ноҳияҳои сар падид ояд ва бо ҳаракат, шикофтан ва хӯрдани худ азоб диҳад. Вале гурӯҳе инро дур аз ҳақиқат донистаанд. Воҷиб нест, ки мо инро дур аз ҳақиқат донем, чаро ки андар мағз миёни бахши пешин ва бахши забарини устухони бинӣ кирм ба вуҷуд ҳамеояд ва равост, ки агарчи ба нудрат бошад ҳам, ба наздики пардаҳои [мағз низ] ба вуҷуд ояд.
Фасли чаҳорум андар тафсили намудҳои сардарде, ки аз омосҳо падид ояд
Омосе, ки аз он сардард падид ояд, гоҳе андар пардаҳои мағз бувад. Ин [омос] гоҳе гарм буда, «сарсоми гарм»-аш хонанд ва гоҳе сард буда, «лисарғус», яъне «фаромӯшхотирӣ»-яш хонанд. Гоҳе мумкин аст мураккаб бошад ва ҳолати худованди онро «суботи саҳарӣ» хоҳанд хонд. Гоҳе мумкин аст сахт буда, андар мағз ва гавҳари он падид ояд, ки андар ин ҳол вай ё гарми фалағмунӣ ва ё сурхбод ва ё ин ки сард бувад. Тафсили ҳамаи инҳо анқариб бароят оварда хоҳад шуд.
Бештари ин [омосҳо] бад-ин гуна ҳал бигарданд, ки аз сар ба сӯи гӯш ва дигар [андомҳо] ё рим, ё зардоб ва ё моддаи обакие берун ояд.
Фасли панҷум андар чигунагии падид омадани сардард аз моддаҳо
Мо бигӯем: Модда ё ба зот ва ё ба араз сабаби сардардӣ бигардад. Моддае, ки ба зот [сабаб] аст, бад-ин гуна бувад, ки ё ба зот мизоҷро бигардонад ва ё ба зот гусастагии пайвастагӣ ба амал оварад. Ба зот гардонидани
мизоҷ бар ду рӯй аст: ё ба ҳамҷаворӣ ва ё ба боқимондаи
хеш. Оне, ки аз тариқи ҳамҷаворист, бад-ин гуна аст, ки
хилти омезишёбанда хоҳ гарм бувад, хоҳ сард – боистӣ
гармӣ [ва ё сардӣ] оварад ва ё ки гармӣ ва ё сардиро биафзояд, вале [ин] хилт чун аз чизи бо худ омехта ҷудо
гардад, нест ва нобуд шуда, [аз он] чандон [асар] боқӣ
намонад, ки қобили эътибор бошад. Оне, ки аз тариқи оқибати хеш аст, бад-ин гуна бувад: хилт таъсири худро чан
дон гузаронида устувор кунад, ки агарчи аз роҳи истифроғ ва таҳлил ҷудо шавад ҳам, вале кайфияти он сахт ба ҷой бимонад.
Аммо аз тариқи гусастани пайвастагӣ ба зот сабаби сардард будани модда бо ҳаракату (27) гузарандагии модда ва бо газидану хӯрандагии он вобастагӣ дорад. Бештари он чи ки аз тариқи ҳаракат сардард оварад, ин ангехтани бодҳо бодҳорост ва аксар вақт инро моддаҳои сарди ба гармии ногаҳонӣ бархӯрда ва ё ғизоҳои бодие ба амал оваранд, ки бо гармӣ омехта гардидаанд. Аммо моддаҳои газандаи хӯранда хилтҳои гарманд.
Сардарди ба араз аз моддаҳо падидоянда ҳангоме ба амал ояд, ки агар суддаи омосӣ ва ё ғайриомосӣ ба амал омада бошад. Чунонки медонӣ, баъди судда мизоҷ бигардад ва ниҳоят гусастагии пайвастагӣ падид ояд. Чунки ҳаракат додани табиат моддаҳоро андар тан ё ба тариқи рондан бувад ва ё ба тариқи ҳамчун ғизо ҷудо карда қисмат намудан. Бинобар он ҳар гоҳ онҳо андар гузаргоҳҳои табиӣ бираванд ва чун онҳо баста бошанд, ин [хилтҳо] ба мумонаат дучор оянд. Чун онҳо ба мумонаат дучор омаданд, аз худ муқовамат нишон бидиҳанд ва ин муқовамат муҷиби азҳамкашидагӣ бигардад. Суддаҳо гоҳе андар гавҳари мағз, гоҳе андар рагҳои варидии он, гоҳе андар шараёнҳои он ва гоҳе андар [рагҳои] пардаҳои мағз ба вуҷуд оянд. Судда аз хилтҳо ё ба сабаби часпакии онҳо, ё ба сабаби ситабрии онҳо ва ё ба сабаби зиёдии онҳо падид ояд. Часпакӣ ҷуз андар балғам ба амал наояд ва ситабрӣ бошад, ҳам андар балғам ва ҳам андар савдо ба амал хоҳад омад. Балғам бо часпакӣ, бо ситабрӣ ва бо бисёрии [худ] ва савдо бо ситабрӣ ва бисёрии худ судда оваранд. Сафро [танҳо] бо бисёрии худ судда хоҳад овард ва хун низ чунин бувад.
Сардарди буҳронӣ аз қабили сардардест, ки сабаби он ба тариқи рондан ҳаракати табиӣ додан бувад. Сардарде, ки пас аз гувориши таом ба амал ояд, аз қабили сардардест, ки сабаби он ба тариқи ҷудо кардан ҳаракати табиӣ додан бувад. Аммо андар андом ҳосил шудани моддаи озордиҳанда боистӣ андар зимни аслҳои ҳамагонӣ ёд карда шавад. Пеш аз ин бояд бидонӣ, ки ҳосил шудан ва нигоҳ дошта шудани [модда] ё аз пеш будааст ва ё ин ки ғизоӣ будааст, яъне андар ҳозир аз ғизо ҳамчун падид омадани кимусе падид омадааст, ки ба иллати фасоди худи ғизо, ё тартиби он, ё миқдори он, ё гувориши он ва ё [ба иллати] дигар намудҳои фасоди ба ҷои худ ёдшуда, аз ҷиҳати гавҳар ва ё кайфияти хеш бад бувад. Сардарди аз хӯрдани сир, пиёз ва хардал [баамаломада], сардарди аз хумор ва сардарди аз хӯрдани чизҳои сард ҳосилшуда [ҳама] аз ҳамин қабиланд. Ҳаракатҳои андар андомҳо ба амал ояндаи моддаҳоро бояд аз аслҳои ҳамагонӣ ба ёд овард.
Бод аз ҷумлаи моддаҳои сардардоваранда буда, аз тариқи азҳамкашидагӣ овардан сардард ба амал оварад. Ин [азҳамкашидагӣ] ҳангоме рӯй диҳад, ки гузаргоҳи табиӣ ба оғоз аз андозаи даркорӣ тангтар офарида шуда бошад ва бар бод тангӣ оварад ва ё бод хоҳони падид овардани гузаргоҳи ғайритабиӣ бигардад. Бухор низ аз ин ҷумла аст. Он ё ба кайфияти худ ва ё аз тариқи танг сохтани ҷои хилтҳо амалиёт намуда, хилтҳоро ба ҷунбиш оварад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор